КОНСТИТУТСИЯ — РАМЗИ ВАҲДАТ ВА СОҲИБИХТИЁРИИ МИЛЛӢ

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2025

Конститутсия санади олии ҳуқуқии ҳар як давлат мебошад, ки асосҳои сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ҳамчунин вазифаҳои онҳо дар назди ҷомеа ва давлатро муайян месозад. Барои ҳар як миллату давлат Конститутсия рамзи истиқлолият, давлатдорӣ ва ҳуқуқу озодии шаҳрвандони онҳо ба шумор меравад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки вобаста ба санаи қабули Конститутсияи тақдирсози миллат баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991, зарурати таҳияи ин санади олии ҳуқуқи кишвар ба миён омад. Пас аз корҳои омодагӣ ва баррасии муфассали лоиҳа, 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб, ҳар сол 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари кишвар таҷлил мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати устувории давлатдорӣ, ягонагии миллӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошад. Дар он:

  • сохтори ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷрогар ва судӣ);
  • ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон;
  • масъулияти давлат дар назди инсон ва ҷомеа;
  • принсипҳои демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат бо таври возеҳ муайян карда шудаанд.

Моддаи 1-и Конститутсия мегӯяд: «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Ин ҷумла мазмуни асосии роҳу самти рушди Тоҷикистони азизи моро инъикос менамояд.

Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ба ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат асос мегузорад. Дар давоми солҳои истиқлолият ба он чанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, то ки ба талаботи замон ва рушди ҷомеа мувофиқ гарданд. Конститутсия ба рушди демократия, иқтисоди бозорӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар мусоидат намуд.

Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ягонагӣ, сулҳ ва суботи ҷомеа мебошад. Дар замони душвор - баъди ҷанги шаҳрвандӣ, қабул гардидани Конститутсия дар соли 1994 барои миллати тоҷик оғози даврони нави сулҳу ваҳдати миллӣ гардид.

Бояд зикр кард, ки дар асоси ин санади тақдирсоз:

  • ҳуқуқу озодиҳои инсон ба таври возеҳ эътироф шудаанд;
  • баробарии шаҳрвандон новобаста аз миллат, дин ва нажод таъмин мегардад;
  • ҳокимияти давлатӣ ба се шоха тақсим шудааст: қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
  • асосҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян гардидаанд.

Дар натиҷа, Тоҷикистон тавонист бо қадамҳои устувор ба сӯи давлатдории ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш равад.

Имрӯз, вақте ки мо Рӯзи Конститутсияро таҷлил менамоем, на танҳо як санаи таърихиро ҷашн мегирем, балки арзишҳои озодӣ, адолат ва ваҳдати миллиро пос медорем. Конститутсия ба ҳар яки мо имконият медиҳад, ки ҳуқуқи худро ҳимоя кунем, озодона андеша баён намоем ва дар бунёди ояндаи ободи кишвар саҳмгузор бошем.

Рӯзи Конститутсия барои мардуми Тоҷикистон рӯзи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва рамзи ягонагии халқ аст. Ин рӯз моро ба он водор месозад, ки арзишҳои волои Конститутсияро эҳтиром кунем, ҳуқуқу озодиҳои худро донем ва барои рушди Ватани азизамон ҳамеша саҳмгузор бошем.

Конститутсия ойинаи давлатдории мост. Ҳар як шаҳрванд бояд мазмуну моҳияти онро дарк кунад, эҳтиром намояд ва барои иҷрои меъёрҳои он кӯшиш намояд. Рӯзи Конститутсия моро водор месозад, ки дар зери парчами ягонагӣ ва сулҳ Ватани худро боз ҳам ободтару зебо гардонем.

Бигзор Конститутсияи кишвар - яъне қонуният, адолат ва ваҳдати миллӣ ҳамеша роҳнамои ҷомеаи дирӯзу имрӯзу фардои Тоҷикистони мо бошад!

 

Ҳалимов Лоиқ Мирзовалиевич, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top