КОНСТИТУТСИЯ БАЁНГАРИ МАРҲАЛАИ НАВИ ТАЪРИХӢ

Бинанда: 19 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2025

Дар ҷаҳони муосир яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимме, ки сиёсати дохиливу хориҷии ҳар мамлакатро ба танзим медарорад, Конститутсия мебошад. Конститутсия - калимаи лотинии constitution ба маънои қонуни асосии давлат қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, системаи сиёсӣ, иқтисодӣ, принсипҳои ташкилӣ, фаъолият ва ҳисоботдиҳии мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва масъулияти инсонро муайян менамояд.

Конститутсия қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст. Яке аз принсипҳои асосии конститутсия тасдиқи волоияти қонун ва таҳкими он мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳаммияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳимми ҷомеа таҷассуми ҳуқуқӣ меёбанд.

Бояд қайд намуд, ки дар тамоми давлатҳои ҷаҳон Конститутсия қонуни асосии кишвар буда, давлат дар асоси он ифодакунандаи манфиатҳои халқ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти комили давлатӣ, кӯшиши қабули Конститутсияи соҳибистиқлоли худро оғоз намуд. Вале аз сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ин воқеаи муҳим, ки баёнгари роҳи пешрафти давлат ба ҳисоб мерафт, дертар 6-уми ноябри соли 1994 баргузор гардид. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан баъди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида буд.  

12-уми декабри соли 1992 дар Муроҷиатномаи Шӯрои Олии мамлакат ба халқи шарифи Тоҷикистон таъкид намуд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати навин, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошем. Дар натиҷа моҳи июни соли 1993 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав, комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ ташкил намуда, раиси комиссияи конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Дар моҳи сентябри соли 1993 ҷаласаи якуми комиссия баргузор гардид, ки масъалаи асосии он тартиб додани Лоиҳаи Конститутсия мебошад. Комиссияи мазкур моҳи апрели соли 1994 ду варианти лоиҳаи конститутсияи навро пешниҳод намуд:

Якум: Лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии президентӣ;

Дуюм: Лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ.

Баъди омӯзишу муҳокимаҳо, ки қариб ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид шуда буд, комиссия Лоиҳаи конститутсияи Ҷумҳурии президентиро тавсия намуд.

21-22 апрели соли 1994 дар тамоми рӯзномаҳои мамлакат Лоиҳаи конститусия нав аз чоп баромад. Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Боби аввал “Асосҳои сохтори конститутсионӣ” ном гирифта, моҳияти давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ тавсиф мегардад. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ пазируфта мешавад. Мақоми забони русӣ ва забонҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Рамзҳои давлатӣ ва мақоми пойтахт мушаххас гардонида шуданд. Арзиши олӣ пайдо намудани худи инсон, ҳуқуқу озодиҳои вай ва дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ҷойгоҳи хосаро пайдо намуданд. Халқ манбаи ягона ва ҳар гуна ҳокимият (моддаи 6) эътироф гардида, масъалаҳои бевосита марбути он мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ, қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд. Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи мамлакатро фароҳам овард. 

 

Муҳаммадсафои Исматулло Саъдуллозода, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top