ПРЕЗИДЕНТИ МО - ИФТИХОРИ МО!

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 12 Ноябр 2025

Таърихи кӯҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад. Агарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст.

         Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави муҳимми давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд. Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ бо ҷаҳду талош ва фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. 

         Агар ба корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем, метавон гуфт, ки мӯҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инҳо ташкил медиҳанд:

- хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеа;

- тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

- ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдому ташаббусҳо дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;

- иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббусҳо дар ҳалли қазияи Афғонистон;

- таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;

- талошҳои созандаву ҷиддӣ барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар;

- аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

- таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;

- саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт;

- таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;

- поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси оқилу хирадманд ва дурандешест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, дар қалби мардумаш шӯълаи умедро ба фардои дурахшон бедор кард ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.     

         Президенти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст.

         Хуллас, давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона зарурат пеш овард, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунӣ пеш гирифта шуда, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.

         Мардуми шарифи Тоҷикистон ифтихор мекунанд, ки Пешвои муаззами миллат сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои ба миёномада, миллату давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, баҳри беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ободию шукуфоии кишвар ва боло рафтани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ хизматҳои шоиста намуда, маҳбуби дилҳо гардидаанд.

        

Алимов Ҷомӣ, Наврӯзи Мирзо, омӯзгорони кафедраи назарияи иқтисодии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top