ИФТИХОР АЗ ПРЕЗИДЕНТИ СУЛҲОФАР ДОРЕМ МО

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2025

Баъди ба даст овардани истиқлолият ба халқу миллати мо пешвое насиб гардид, ки корҳои неки ӯ мардуми парокандаи тоҷикро муттаҳид, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд ва ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима бахшид. 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президент эълон шуд ва мардуми кишвар ҳамасола ин санаро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.       

Ҳадаф аз Рӯзи Президент эътироф шудани 16 ноябр дар он аст, ки ин рӯзи фархунда марҳалаи нави муҳимми таърихи кишварро оғоз намуд. Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни иҷлосия қабул карда шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли президентии идораи давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Тибқи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти президентӣ оғоз гардид. Ин рӯзи таърихӣ таҷассумгари ормонҳо ва амалҳои неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату муттаҳидии ҷомеаро ифода мекунад.

Тӯли ин солҳо ба шарофати заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон тамоми пояҳои давлатдорӣ барқарор гардида, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфт ва ҳисси ватандӯстии тамоми қишрҳои ҷомеа афзуд. Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо такя ба хиради амиқи худ ва сиёсати дарҳои кушод бо аксари кишварҳо муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои баробарҳуқуқу мутақобилан судманд ва шарикии стратегӣ барқарор ва боз ҳам таҳким бахшиданд.

Бо итминон метавон гуфт, ки сулҳу ваҳдат дар кишвар заминаи мустаҳкам дошта, барои боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ҳар як фарди арзанда ва обрӯманди Тоҷикистон бояд ин дастовардҳоро қадр кунад ва дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ саҳм гузорад. Аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ маълум аст, ки яке аз омилҳои ба сулҳу субот нарасидани кишварҳои ҷангзада, ин вуҷуд надоштани лидери сиёсӣ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Асоси суботу оромиву амният дар Ватан ва некуаҳволии мардуму кишвари мо бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муазамми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба шарофати ин Пешвои асил имрӯз мо зиндагии осуда ба сар мебарем ва идҳову ҷашнҳои кишварро бо хотири ҷамъу болида ҷашн мегирем.

Таъмини сулҳу ваҳдат дар саросари кишвар, оромиву субот, ваҳдати миллӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, қабули қонунҳои миллӣ — халқу давлати мо ба ин ҳама ба шарофати қатъият ва амалу ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошанд.

Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар қалби насли навраси тоҷик умедро ба ояндаи дурахшон, бахту саодат, ифтихори миллӣ ва ваҳдати устувор эҳё кард. Пешниҳодҳои созанда ва саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст.

Мо бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайравӣ намоем. Фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштаву сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ ва роҳи интихобнамудаи халқи тоҷикро ҳифз намоем.

 

Ғаюрӣ Раъно Саидмурод, н.и.и., мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top