Номи туро нависем,
Эй қаҳрамони миллат.
Бо оби ноби тилло,
Дар тоқи қасри миллат,
-гуфтааст шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир.
Ҷасорату шуҷоат ва истеъдоди фитрии фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон чун сулҳдӯсту сулҳпарвар айён буданд.
Ҷаноби олӣ дар давраи мушкил барои ҷумҳурӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирди худ муттаҳид намояд. Сарвари давлат дар назди вакилони иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ суханронӣ намуда, қасам ёд карда буданд, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад ҷони худро фидо менамоям, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пурра пойдор гардад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббату садоқати азиме, ки ба Ватану миллат доштанд, вакилонро низ мутмаин сохтанд, ки барои пойдории сулҳу субот, ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз ҷони худро дареғ намедорад. Баёни ин суханон худ қаҳрамонист. Бояд тазаккур дод,ки маҳз ҳамин андешаҳои ватандӯстонаи мардуми тоҷикро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуданд.
Ҷаноби олӣ чун симои бузурги барҷастаи сиёсӣ тавонист нақши таърихии ҳалқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ гузорад.
Тавре Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қайд карданд “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати сулҳпарварӣ мебошанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ ва ваҳдати миллӣ мушоҳида мешавад, он дар кишварҳои ба низоъ дучоргашта вуҷуд надорад. Он чизе ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон мебошад”
Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот бо пайравӣ аз Пешвои миллат қадам ба қадам ба амалигардонии чор ҳадафи стратегӣ наздик шуда истодаанд.
Таҷрибаи сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ ва даҳҳо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, барои дигар давлатҳо намунаи ибрат мебошад.
Қобили қайд аст ки фарзонафарзанди миллати тоҷик, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурандешию соҳибхирадии худ тавонистанд муноқишаи байни тоҷикону қирғизҳоро бе миёнаравии ҷонибе, бо муайян намудани хати марзи ин кишварҳо ҳаллу фасл намояд ва дӯстии ду миллати куҳанбунёдро аз нав барқарор кунанд.
Ин иқдоми наҷиб боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Зеро сулҳу ваҳдати миллӣ асоси пешрафт ва рушди минбаъдаи ҷомеа мебошад.
Гуланор Фозилова, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 