ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ - ПОЯГУЗОРИ СИЁСАТИ НАВИ ҲУҚУҚӢ ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚИ МИЛЛӢ

Бинанда: 16 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2025

         Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо тақозои таърихӣ на танҳо тифли дар гавҳора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Точикистони соҳибистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои инсонӣ ҳидоят намуд.

                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Дар вазъияти мураккаби иқтисодӣ ва сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани ИҶШС соҳибихтиёр гашт. Аммо дар чунин вазъияти бениҳоят ҳассос бадхоҳони миллат ва қувваҳои гуногуни ифротиву сиёсӣ соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро зери хатар гузошта, рукнҳои давлатдориро ба буҳрони шадиди сиёсӣ оварда расониданд. Дар чунин ҳолати вазнини сиёсӣ, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба партави нестшавӣ мерафт, даъват намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои беназир дар раҳо додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсӣ гардид.

Иҷлосияи мазкур дар шаҳри Хуҷанд аз 16-уми ноябри соли 1992 то 2-юми декабри ҳамон сол идома ёфт. Маҳз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва тавонист, ки давлатро аз партави нобудшавӣ наҷот диҳад, миллатро мутаҳид намояд ва ҳамаи қувваҳои сиёсиро ба сулҳу амният даъват намояд.

Аҳаммияти ҳуқуқии Иҷлосия аз он иборат аст, ки тавонист бо тариқи комил сиёсати нави ҳуқуқиро дар фазои ҳуқуқии давлатдории миллӣ ба вуҷуд оварад. Маҳз ба миён омадани парламенти касбӣ ва қабул намудани қонунҳои миллӣ бо назардошти эътирофи назарияҳои ҳуқуқи фитрӣ ва либералӣ маҳсули фаъолияти иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷараёни Иҷлосия зиёда аз 70 санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо барои ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷомеа ва давлат, асосҳои сохтори конститутсионӣ, волоияти қонун, фаъолияти дурусти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди босуботи рукнҳои давлатдорӣ мусоидат намуданд.

Дар Иҷлосия, қонунҳо: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи умум”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезагон” низ қабул гардид, ки аз ҷумлаи санадҳои муҳимми инсондӯстона маҳсуб мегарданд.    

Дар ҳамин Иҷлосия Раиси интихоб шудаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ иброз менамояд, ки “Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст”. Маҳз ҳамин андеша, ки моли Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар саргаҳи бунёди низоми нави ҳуқуқии кишвар меистод. 

Яке аз дастовариди муҳимми ҳуқуқии Иҷлосия, ин замина гузоштан ва масъалагузорӣ намудан ҷиҳати қабули Конститутсияи даврони соҳибихтиёрӣ мебошад. Қонунгузорӣ ва низоми ҳуқуқии миллӣ низ бо шарофати он хислатҳои демокративу либералиро ба худ касб намуданд. Дар ин росто муҳаққиқ Э. С. Насриддинзода иброз менамояд, ки “Ҳанӯз дар рафти Иҷлосия, алалхусус дар баромадҳои Сарвари нави мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи фарҳанги ҳуқуқӣ муайян шуданд”.

Воқеан арзишҳои муҳимми ҳуқуқиву давлатӣ аз қабили: давлати ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷомеа ва давлат, гуногунандешии сиёсӣ, волоияти қонун, озодии фаъолияти иқтисодӣ, озодии виҷдон, эътирофи назарияи ҳуқуқи фитрӣ, таҳкими принсипи инсондӯстӣ дар қонунгузорӣ, эҳтиром ва эътирофи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар унсурҳои муҳимми ҳуқуқиву давлатӣ дар низоми ҳуқуқи миллӣ аз Иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, маҳсули фаъолияти он ҳисобида мешаванд.

Алиев Фаррух Шарифович, н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top