Дар замони муосир, ки ҷомеа бо суръати баланд дар самти иттилоотӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рушд мекунад, арзишҳои маънавӣ ва инсонӣ беш аз ҳарвақта ба ҳифзу эҳтиром ниёз доранд. Афзоиши муоширати рақамӣ, паҳншавии васеи шабакаҳои иҷтимоӣ ва густариши фазои иттилоотии озод сабаб шудааст, ки ҳолатҳои паст задани шаъну эътибор, таҳқир, дурӯғпароканӣ ва фош кардани маълумоти шахсӣ зиёдтар гардад.
Дар чунин шароит, ҳуқуқи инсон ба ҳимояи шаъну эътибор, ном ва оромии рӯҳӣ на танҳо масъалаи ахлоқӣ, балки масъалаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳими миллӣ мебошад. Ҳуқуқи маданӣ ҳамчун соҳаи асосии ҳуқуқи хусусӣ вазифадор аст, ки воситаҳои самарабахши ҳифзи ин арзишҳоро таъмин намояд. Яке аз чунин воситаҳо институти товони зарари маънавӣ мебошад, ки ҳадафаш барқарор кардани адолати поймолшуда ва таъмини таскин (оромиши руҳӣ) барои шахси ҷабрдида аст.
Роҳҳо ва тарзу усулҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон аз зарари маънавӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустаҳкам гардидаанд. Тибқи моддаи 11 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои маданӣ ин товони зарари маънавӣ мебошад. Моддаи 16 Кодекси маданӣ бошад таъкид менамояд, ки агар ба шахси воқеӣ дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиаш ё амалҳои суиқасдкунанда ба неъматҳои дигари ғайримолумулкиаш, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун зарари маънавӣ (азоби руҳӣ ё ҷисмонӣ) расонда шуда бошад, суд метавонад шахси вайронкардаро ба товони зарар уҳдадор кунад. Қонунгузор дар ин модда зери мафҳуми «зарари маънавӣ» на танҳо дардҳои ҷисмонӣ, балки азобҳои рӯҳӣ, шикастани эҳсосоти ботинӣ ва паст шудани обрӯву эътибори шахсро низ дохил кардааст.
Аммо, гарчанде ки заминаи ҳуқуқии товони зарари маънавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад, дар амалияи судӣ ва ҳаёти ҳуқуқӣ то ҳол як қатор мушкилот боқӣ мондааст. Аз ҷумла, меъёрҳои дақиқи баҳодиҳии ҳаҷми товон вуҷуд надорандд, принсипҳои умумии исботи зарари маънавӣ пурра рушд накардаанд, таъсири муносибатҳои нави рақамӣ ба ҳуқуқҳои маънавӣ камтар мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Ҳуқуқу озодиҳои ғайримоддии инсон ва ҳифзи онҳо аз зарари маънавӣ мавзӯи танзимии на танҳо қонунгузории миллӣ, балки санадҳои байналмилалӣ низ мебошанд. Масалан, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки масъалаи товони зарари маънавӣ дар давлатҳои пешрафта ба мисли Фаронса, Олмон ва Русия ҳамчун василаи муҳими ҳифзи арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Барои ҳамин, таҳқиқи амиқи ин масъала дар Тоҷикистон на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки арзиши амалӣ дорад, зеро он ба такмили низоми ҳуқуқии миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳадафи мақолаи мазкур таҳлили назариявӣ ва амалии институтҳои товони зарари маънавӣ, арзёбии мушкилоти татбиқи он дар амалияи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди роҳҳои такмил додани асосҳои ҳуқуқии он мебошад.
Умуман товони зарари маънавӣ дар қонунгузорӣ ва илми ҳуқуқи маданӣ яке аз масъалаҳои марказӣ ва баҳсталаб ба шумор меравад. Вуҷуд надоштани ақидаи ягона дар байни олимони соҳаҳои мухталиф, нокифоягӣ ва холигиҳо дар қонунгузорӣ ва мавҷуд набудани таҷрибаи ягонаи судӣ дар ин самт сабаби то имрӯз ба таври дахлдор ҳифз нагардидани ҳуқуқҳои субъектони муносибатҳои маданӣ шудаистодааст. Солҳои охир олимони тоҷик ба ин масъала он қадар ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, гарчанде дар солҳои 90-уми асри гузашта ва аввали асри XXI олимони ҳуқуқшинос ватанӣ Тағойназаров Ш.Т., Менглиев Ш.М., Ойгензихт В.А., Раҳимзода М.З., Бобоҷонзода И.Ҳ. ва дигарон баъзе таҳқиқотҳои илмӣ анҷом додаанд. Аммо, масъалаҳои қонунгузорӣ, таҷрибаи судӣ аз мадди назар дур мондаанд, ки он ба коҳиш ёфтани ҳифз дар ин самт оварда расонидааст. Албатта ба андешаи муаллиф розӣ шудан мантиқи аст, зеро дар сатҳи қонунгузорӣ масъалаи ҷуброни зарари маънавӣ мукаммал танзим нагардидааст, ки дар натиҷа ҳангоми бавуҷуд омадани чунин баҳсҳо субъектон ба мушкилиҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ мешаванд.
Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқи маданӣ зери мафҳуми зарар дилхоҳ дуршавӣ аз ҳуқуқи молумулкӣ ва ё ғайримолумулкӣ, ки тавассути ҳуқуқ ҳифз меградад, фаҳмида мешавад.
Дар илми ҳуқуқ дар баробари истилоҳи зарар истилоҳи зиён низ истифода мешавад, ки мазмуни он аз ҳамдигар фарқ мекунад. В.Казанцева чунин мешуморад: “дар илми ҳуқуқшиносӣ таърифи дақиқи мафҳуми зарар вуҷуд надорад, аммо тамаддунгарон ду навъи онро ҷудо мекунанд – зарар ва зиён. Зарар зиёнест, ки дар шакли пулӣ ифода ёфтааст; зарар нобуд кардан ё кам кардани неъмати шахсӣ ё молу мулкӣ мебошад”.
Дар маҷмуъ чуноне, ки дар боло зикр гардид, мафҳуми ҳуқуқии “зарари маънавӣ” дар моддаи 16 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Яъне дар илми ҳуқуқи маданӣ, зарари маънавӣ ҳамчун зарари ғайримолиявӣ муайян карда мешавад, ки ба арзишҳои маънавии шахс таъсир мерасонад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала ба таҷрибаи ҳуқуқии давлатҳои пасошӯравӣ такя мекунад. Тибқи муқаррароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ба дигар шахс зарар расонидааст, уҳдадор аст онро пурра товон намояд, агар исбот шавад, ки зарар бе гуноҳи ӯ ба миён омадааст. Ин меъёр ҳам ба зарари молиявӣ ва ҳам маънавӣ татбиқ мегардад.
Дар адабиёти маданӣ-ҳуқуқӣ қайд карда мешавад, ки зарарро ҳамчун «ҳар гуна кам кардани неъмати бо қонун ҳифзшавандаи молумулкӣ ё ғайримолумулкӣ» баррасӣ намудан зарур аст.
Институти товони зарари маънавӣ барои қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави иҷтимоию ҳуқуқии мураккаб, мебошад, ки танҳо дар марҳилаи ташаккул ва рушд буда, фаҳмиши ҳамаҷониба ва амиқи назариявӣ, такмили қонунгузорӣ ва истифодаи самаранокро талаб мекунад.
Ҳадафи товони зарари маънавӣ барқарор кардани адолат ва таскин додани зарардида мебошад, на ҷуброни комили эҳсосоти ӯ. Дар амалия, ҳаҷми товонро суд бо дарназардошти хусусияти зарар, шахсияти зарардида ва ҳолатҳои воқеӣ муайян мекунад.
Таҷҳили таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки судҳо ҳангоми муайян кардани миқдори товони зарари маънавӣ аксаран меъёрҳои субъективиро истифода мебаранд, зеро формула ё методикаи расмии баҳодиҳии зарари маънавӣ дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст.
Дар замони муосир, бо рушди шабакаҳои иҷтимоӣ (мисли Facebook, Instagram, TikTok ва ғ.), шаклҳои нави поймол гардидани ҳуқуқҳои маънавӣ ба миён омадаанд. Таҳқир дар фазои интернет, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ё фош кардани маълумоти шахсӣ метавонад ба шаъну эътибори инсон зарари ҷиддӣ расонад.
Масалан, дар таҷрибаи судии солҳои охир ҳолатҳое мавҷуданд, ки шаҳрвандон барои паҳн шудани иттилооти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъвои товони зарари маънавӣ пешниҳод кардаанд. Судҳо дар ин ҳолатҳо вазифадор шудаанд, ки тавозуни байни ҳуқуқ ба озодии баён ва ҳуқуқ ба ҳимояи шаъну эътиборро нигоҳ доранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» (соли 2018) низ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст, то фош кардани маълумоти шахсӣ бе ризоияти соҳибони онҳо манъ карда шавад. Бо вуҷуди ин, дар амалия, татбиқи ин қонун ҳанӯз ҳам норасоӣ дорад.
Мушкилоти асосӣ дар татбиқи меъёри товони зарари маънавӣ иборат аст аз набудани меъёр ё усули расмии баҳодиҳӣ ба ҳаҷми зарари маънавӣ, субъективияти қарорҳои суд ҳаҷми товон метавонад вобаста ба дидгоҳи судя фарқ кунад, камбуди таҷрибаи судӣ ва прецедентҳои устувор.
Дар бисёр ҳолатҳо судҳо ба миқдори хурди товон ҳукм мебароранд, ки он наметавонад таъсири воқеии ҷубронкунанда дошта бошад. Масалан, дар як парвандаи судии шаҳри Душанбе (2020), миқдори товони зарари маънавӣ ҳамагӣ 6000 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нигоҳи иҷтимоӣ қобили қабул нест. Ҳамзамон, дар амалия масъалаи исботи зарари маънавӣ низ душвор аст. Суд бояд далелҳои воқеии азобҳои рӯҳии ҷабрдида (масалан, маълумотномаи тиббӣ, шоҳидон, ҳуҷҷатҳои равоншиносӣ) дошта бошад, ки на ҳамеша дастрас аст.
Ҳамин тариқ, мавзӯи товони зарари маънавӣ яке аз бахшҳои муҳими ҳуқуқи маданӣ буда, дар шароити ҷомеаи муосир аҳамияти нав касб кардааст. Зарари маънавӣ на танҳо эҳсоси ботинии шахсро халалдор мекунад, балки метавонад ба мақоми иҷтимоӣ, муносибатҳои шахсӣ ва эътимоди инсон ба адолати ҷомеа низ таъсир расонад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Кодекси маданӣ заминаи ҳуқуқии кофӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои маънавӣ дорад. Бо вуҷуди ин, мушкилоти асосӣ дар амалия, набудани меъёрҳои дақиқи баҳодиҳӣ, субъективият дар қарорҳои суд ва заъфи исботи зарар боқӣ мемонад.
Бо дарназардошти таҳлили боло, пешниҳод мегардад, ки таҳияи методикаи расмии арзёбии зарари маънавӣ дар асоси таҷрибаи судии кишварҳои пешрафта таҳия карда шавад. Такмили моддаи 1225 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ворид кардани омилҳои дақиқи муайянсозии ҳаҷми товон (масалан, дараҷаи зарар, давомнокии азоб, оқибатҳои иҷтимоӣ). Баланд бардоштани малакаи судяҳо ва ҳуқуқшиносон дар соҳаи ҳуқуқҳои шахсӣ ва ҳимояи маънавӣ. Ворид кардани модули таълимии «Ҳуқуқи маънавии инсон» ба барномаҳои таълимии факултаҳои ҳуқуқшиносӣ. Омодасозии тавсияҳои судӣ (пленум) барои муттаҳидсозии амалияи судҳо дар масъалаи товони зарари маънавӣ.
Татбиқи самараноки меъёри товони зарари маънавӣ на танҳо воситаи ҷуброни зарар, балки нишондиҳандаи эҳтироми давлат ба арзиши инсон мебошад. Давлате, ки ҳуқуқҳои маънавии шаҳрвандонашро ҳифз мекунад, ба таҳкими адолат, устувории иҷтимоӣ ва ҳамбастагии миллӣ мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, институтҳои ҳуқуқи маданӣ, аз ҷумла муқаррароти товони зарари маънавӣ, бояд ҳамқадам бо рушди ҷомеа ва талаботи замони иттилоотӣ такмил ёбанд. Танҳо дар ин сурат қонун метавонад на танҳо санади танзимкунанда, балки воситаи воқеии адолати иҷтимои-инсонӣ бошад.
Наботзода Сиёвуш Холмурод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 