ПРЕЗИДЕНТИ ДИЛСӮЗИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Бинанда: 23 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2025

Дар давоми фаъолияти бисёрсолаам ба ман иттифоқ афтод, ки таҳти сарварии як зумра роҳбарони гуногунхислату усулҳои корбариашон мухталиф адои вазифа намоям. Толеам баланд будааст магар, ки қариб ҳамаашон на фақат сардорони моҳиру адолатпеша, балки мураббиёни мунис низ буданд ва ҳастанд, ки дар ташаккули малакаю дониши касбӣ ва пайваста ғанӣ гардидани ҷаҳонбинии ман осори беназир гузоштаанд ва мегузоранд. Зеро, маҳз тавассути ҳидояту дастгирии доимӣ, сарпарастии хайрандешонаи ин шахсиятҳои наҷиб, банда дар арсаи меҳнат ба фатҳи қуллаҳои мақсуд ноил гардидам.

 Солҳои охир аз боби сифатҳои давлатдорӣ ва сиёсатмадорӣ, хислатҳои наҷиби инсонӣ, сулҳхоҳӣ, меҳнатдӯстиву мардумпарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ бисёр навиштаҷоти шавқангез дарҷ мегарданд, китобу рисолаҳо интишор мешаванд. Ин комилан табиист. Зеро шахсияте, ки дар марҳалаҳои тақдирсози таърихи навини кишвари тоҷикон ба ҳайси сардори давлати тозабунёди мустақил баҳри истиқрор ва таҳкими сулҳу осоиш, аз вартаи маъюсиву ноумедӣ раҳо додани халқи азияткашида ва ниҳоят дар дилу шуури нафақат тоҷикистониён, балки сокинони кишварҳои берун аз марз устувор гардонидани ҳисси боварӣ ба ояндаи мунири меҳани мо то чӣ андоза кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд, ба ҳамду сано ва иззату икроми умум сазовор аст.

 Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз солҳои директори совхоз, баъдтар раиси комиҷроияи Шурои вакилони халқи вилояти Кӯлоб буданашон мешиносам.

 Вақте ки даъвои ҳокимияти сиёсӣ кардани қувваҳои мухталиф авҷ гирифтанду ба диёри тоҷикон хавфи амалии сар задани ихтилофоти мусаллаҳона таҳдид мекард, Шурои Олии мамлакат низ ба арсаи баҳсу мунозира ва муноқишаҳои тӯлонии шадид мубаддал гардид. Дар маҷлисҳои он фарзандони дилсӯзу дурандеши халқ, тарафдорони устувори бунёди ҷомеаи мутараққии демократӣ гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки ба эҳсосот роҳ надода, сараввал масъалаҳои таҳким ва созгор додани сохторҳои мавҷудаю нави идорӣ, пойдор намудани заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, барқарор намудани робитаҳои амалӣ бо кишварҳои хориҷӣ, беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинони Тоҷикистон барин масъалаҳои муҳимтаринро фавран ҳаллу фасл бояд кард.

 Инро вазъи ба миёномадаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қотеъона тақозо мекард. Ҳазорон-ҳазор меҳнаткашон ба ҷои машғул шудан бо истеҳсоли неъматҳои моддӣ ба бозиҳои сиёсӣ кашида мешуданду коргоҳашонро тарк мекарданд. Ҳол он, ки дар шароити кунунӣ ҳама бояд аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободонии мамлакат аз ҳарвақта дида фаъолонатар меҳнат мекардем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи он вакилони мардумӣ буданд, ки халқро ба бунёдкориву ободонӣ даъват мекарданд. Мутаассифона, ин даъватҳои солимфикрона ва дурандешонаро на ҳама дарк менамуданд ва мамлакат оқибат ба гирдоби хунрезию харобкориҳо ғутавар шуд.

 16 ноябри соли 1992 ба таърихи кишвар ҳамчун санаи оғози марҳалаи навини таърихи Тоҷикистон ворид гардид. Дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки мебоист тақдири ояндаи миллати тоҷик ва давлати ҷавони соҳибистиқлолро ҳал мекард.

 Аксарияти кулли вакилони мардумӣ хатари бузурги ба кишвар таҳдидоварро амиқ дарк намуда, барои гирифтани пеши хунрезию харобкориҳо ва ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ заминаи устувор гузоштаанд.

 Вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамчунин Раёсати нави Шурои Олӣ интихоб карда, ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд.

 Дар назди ҳайати нави Раёсати Шурои Олӣ ва Ҳукумат бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои бағоят мураккаб – хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркушӣ, таъмини сулҳу осоиш, ба макони зисташон баргардондани фирориёни иҷборӣ, барқарор намудани кори ҳокимияти маҳаллӣ, ба маҷрои фаъолият ворид гардондани хоҷагии халқ ва ғайра меистод. Дар суханрониашон Раиси нави Шурои Олии Ҷумхурии Точикистон мураккабии вазъи кишварро таъкид намуда, иброз доштанд, ки танҳо ваҳдату муттаҳидӣ мамлакатро аз вартаи буҳрони иқтисодиву сиёсӣ раҳо дода метавонад. Зимнан, аз ҳамон рӯз эътиборан ноил гардидан ба хамдигарфаҳмию созиш, ваҳдати самимӣ, таъмини сулҳи пойдору бардавом мақсаду мароми ҳаёт ва фаъолияти ин фарзанди содиқи халқ қарор ёфтааст.

 Изҳори мақсаду мароми зиндагӣ ва орзую омоли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муроҷиатномаи аввалинашон ба мардуми шарифи Тоҷикистон зикр гардидаанд, дар лавҳаи хотирам мустаҳкам нақш бастаанд. "Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар ноҳия ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам".

 Вақт ҳаками бузургу беназире аст. Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат далолат менамояд, ки қавлу амалашон бо ҳам зич пайваст гардидаанд. Ман ба ҳайси вазир ва аъзои ҳукумат дар маҷлисҳои ҳукуматӣ, ки таҳти раёсати Сардори давлат мегузаранд, ширкат меварзидам.

 Аз суханрониҳои Сарвари давлат аён мегардид, ки вай роҳбарест дорои тафаккури нави даврони ҷадид, ақидаҳои навсозӣ, бо тамоми ҳастии худ нумуъву бақои давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ, демократӣ ва дунявӣ, бахту саодати тоҷикистониёнро мехоҳаду барои ин мақсадҳо пайваста ҷаҳд менамояд.

 Ба усули роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипнокию хайрхоҳӣ, серталабию дурандешӣ, бо камоли кордонӣ ҳаллу фасл намудани масъалаҳои душвортарини ҳаёти мамлакат хосанд.

 Шукри беҳад, ки имрӯз хуршеди сулҳу якдигарфаҳмӣ ба рӯи тоҷикистониён ҳам нурпошӣ мекунаду мардум бо хотири ҷамъ ва орзую умеди ояндаи пурхосият ба ободонию бунёдкориҳо бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бастаанд. Дар доираи Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он сиёсати иҷтимоӣ соҳаи муҳимми ҳаёти ҷомеа эълон карда шудааст, дар гӯшаю канори кишвар бунёди коргоҳҳои муҳим оғоз ва ривоҷ ёфт.

 Яке аз аввалин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ он буд, ки 75 ҳазор гектар заминро ба деҳқонон тақсим намуданд.

 Тибқи барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодии мамлакат сохтмони неругоҳҳои барқии «Роғун», «Сангтуда 1», «Сангтуда 2», рохи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Калъаи Хумб – Хоруғ – Кулма, нақби Анзоб вусъат дода шуда, дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба истифода дода шуданд. Ба шарофати ин иншоотҳо вазъи иқтисодии мамлакат ва некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама нафақахурону маъюбон, оилаҳои камбизоат хеле беҳтар шуданд.

 Ҳисси баланди ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки суннатҳои волои миллӣ аз қабили Наврӯзи байналмиллалӣ, Меҳргон, Сада ва монанди инҳо эҳё гардида, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд.

 Асарҳои илмиву таҳқиқотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ дорои нақши пурарзиши илмӣ мебошад. Асарҳои гаронбаҳои Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи фардо», «Фарҳанг ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёиҳо», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Дин ва ҷомеа», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол» ва ғайра бо забонҳои хориҷӣ тарҷума гардида, Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

 Ин инсони комил ва накӯкор доимо аз шодию ғами мардум огаҳ буда, барои сабуктар кардани ташвишҳои рӯзгори ниёзмандон устуворона ҷидду ҷаҳд мекарданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони хайрандеш ва роҳбари накукор ҳанӯз аз замоне, ки дар вазифаҳои гуногуни ташкилоту идораҳои давлатӣ кор менамуданд, зимнан ба масъалаҳои таъмини иҷтимоии кормандон ва аҳолии камбизоат аҳаммияти хоса зоҳир намуда, давои дарди ҳамаи дардмандону ҳоҷатбарори эҳтиёҷмандон буданд. Мушоҳидон нақл мекунанд, ки ин гуна саховатмандию адолатпарварӣ ва маданияти баланди инсонӣ дар ӯ аз овони ҷавонӣ дида мешуд.

 Шахсан нағз дар ёд дорам, ки ӯ сарпарастии собиқ хона - интернати кӯдакони ноқисулақли Кангуртро ба уҳда гирифта буд ва мунтазам аз аҳволи кӯдакони маъюби ин муассиса ва кӯдакони бепарастору ятимон ғамхорӣ менамуданд.

 Комилан рамзист, ки фармони №1 ба сифати Президенти нав интихобгардида имзо кардаи ӯ ба беҳтар шудани некуаҳволии моддии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда мусоидат намуд. Тибқи ин фармон дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барномаҳои мақсадноки дастгирии моддиву маънавии ин табақаҳои аҳолӣ амалӣ гардонда шуданд. Ҳамчунин як силсила фармонҳои минбаъдаи Сардори давлат оид ба зиёд кардани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва ёрдампулихо шоҳиди он ҳастанд, ки Пешвои миллат баробари ҳаллу фасли масъалахои таҳкими сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ, ғамхориҳои доимӣ дар хаққи нафақахӯрону маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва камбизоат - хуллас табақаҳои камбизоати ҷомеа самти муҳимтарини фаъолият қарор додаанд.

 Хулоса, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт бо итминони комил таъкид менамоянд, Ватанамон Тоҷикистони азиз ояндаи шоиста дорад ва сокинонаш ба зиндагии осоиштаву пурнеъмат ҳатман сазовор хоҳанд гардид.

Абдусаттор Ҷабборов, вакили Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи молияи ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top