ПРЕЗИДЕНТИ МО ИФТИХОРИ МО!

Бинанда: 19 | Санаи нашр: 15 Ноябр 2025

16-уми ноябри соли 1994 барои мардуми кишвар марҳилаи нави муҳимми таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро дар ин рӯз тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.

Таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Мардуми тоҷик пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ вориди марҳилаи асосии худшиносии миллӣ гардид. То ин дам солҳои тулонии ҳукмронии идеологияи коммунистӣ ва аз ин пеш дигар ғосибон боиси аз маърифати таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии худ дур шудани миллат гардида буд.

Дар чунин шароит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи ватандӯстона ва биниши таърихӣ ба саҳнаи сиёсат ворид гардиданд ва сухани «Ман ба шумо сулҳ меорам!»-ро сармашқи кори худ қарор дода, зери нидои «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» мардумро сарҷамъ намуданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ, пайваста таъкид мекарданд: «Бояд таърихи худро донист, ба гузашта фахр кард ва барои оянда аз он сабақ гирифт».

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории онҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳои таърихии муосир ҳастанд, ки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон хизматҳои шоиста намуданд.

Пешвои миллат аз оғози солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон то имрӯз ба мавзуи бисёр нозук ва ҳассос, яъне ҳамоҳангии миллат ва дин, муносибати хирадмандона кардаанд. Ба ҷойи муқобилгузории суннату шариат, талош карданд, ки дин ва миллатро ҳамчун ду сутуни такмилдиҳандаи худшиносии инсон муаррифӣ намоянд. Масъалаи пайрави кадом дину мазҳаб будан ё набудан, барои мо – тоҷикон, мисли тамоми мардуми дигари соҳибтамаддуни дунё, як шохаи шинохти динист, аммо на асли шинохти миллиамон. Ин маънои онро дорад, ки қатъи назар аз боварҳои динӣ ва мазҳабӣ мардуми тоҷикро як омил муттаҳид месозад – тоҷик будан. Забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва арзишҳои миллӣ дар раванди худшиносии мо нақши калон доранд.

Сухани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!" ба миллати сарбаланди тоҷик чӣ пайғом медиҳад?

Дар аввал мо миллате ҳастем, ки ишораи пайғамбарӣ ба сӯи миллияти мост; дувумин ин ишораи пайғамбарӣ ба он хотир аст, ки мо – тоҷикон алорағми дигар миллатҳо, ки акнун ба дини ислом сарфаҳм мерафтанду ихтиёрану зӯран ба ислом мегаравиданд, қобилияти дарки илоҳӣ доштем, зеро дини мо Зардуштӣ – дини яктопарастӣ буд. Ин ишораи Пайғамбари ислом (с) ба Салмони Форс ба ҳамин хотир буд, ки ӯ чӣ будани Худои ягона ва диданашавандаро медонист; сеюм мо – тоҷикон, дар ташаккули дини ислом дар қаламрави худ ва берун аз он саҳми бориз доштем, на дини ислом дар ташаккули миллии мо. Фарзандони тоҷик, чун Имом Бухорию Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва чандин нафарони дигар, барои олами ислом мазҳаби барҳақ офариданду ҳадисҳои саҳеҳ ҷамъоварӣ намуданд ва исломро бар арши аъло нишонданд. Баъдан, Имом Тирмизӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Мотуридӣ ва ғайраҳо ҳамчун донишмандони барҷастаи миллати тоҷику форс дар рушди ғоявии дини ислом нақши калидӣ гузоштанд.

Пас, гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!» ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муқобила бо он ҳама равияву ҷараёнҳоест, ки мехоҳанд бо суистифода аз боварҳои диниву ақидаҳои пурихтилофи мазҳабӣ тоҷиконро аз решаҳои таърихиву фарҳангиашон ҷудо созанд ва зери шиорҳои динии бегонаву сохта моро бедавлату бетамаддун нишон диҳанд. Ин гуфтор пайғомест ба роҳи рост дар самти ҳифзи давлатдории миллӣ ва ҳамзамон, ҳифзи ҳувияти миллию диниамон аст.

Тоҷикистон ва тоҷиконро имрӯз ҷаҳон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёду соҳибихтиёр мешиносад ва эътироф мекунад. Мо ифтихор аз он дорем, ки маҳз шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қавлу вафодории он кас буд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаашон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ мароми миллату давлати азизамон гардидааст.

Субҳонқулов Изатулло Астанаевич, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top