Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи даврони навини давлатдории тоҷикон мебошанд, ки бо иродаи қавӣ, хирад ва садоқати беандоза ба халқи худ тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ бароварда ба кишвари ором, воҳид ва рӯ ба рушд табдил диҳанд.
Солҳое буданд, ки мардум дар тирагии ҷанг ва ноумедӣ зиндагӣ мекарданд, чашмҳо аз нур хиратар шуда буданд ва дилҳо аз фардо метарсиданд. Дар ҳамон рӯзҳои вазнин, ки миллат дар марзи ҳастӣ қарор дошт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам ба майдони сиёсат гузошта, дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо садои ором, вале пурэътимод сухан гуфта, ба миллат итминон бахшиданд, ки субҳ фаро мерасад, сулҳ ва оромӣ бармегардад. Ин қадам оғози роҳи нави давлатдорӣ гардид ва марде, ки аз миёни мардум баромада буд, масъулияти як миллатро бар дӯш гирифт ва бо ақлу виҷдон роҳнамо шуд.
Соли 1992 барои тоҷикон соли озмоиши тақдир буд. Давлат пароканда, мардум саргардон ва оромӣ аз диёр рафта буд. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд роҳи сулҳ, умед ба фардо, бахшиш ва меҳру ваҳдатро боз намоянд. Ин марди шариф бо сабру таҳаммул ва устувориву хирадпешагӣ ҳамаи ҷонибҳои даргирро ба ҳам оварда, музокиротро оғоз намуданд ва ба қалбҳои мардуми азияткашида нури умед бахшиданд. Сухан, амал ва қадамҳои ин фарзонафарзанди диёр ба халқ боварӣ дод, ки роҳи аз ҷанг гузаштан бо сухан ва виҷдон имконпазир аст. Аз он рӯз Тоҷикистон тадриҷан ба сӯи оромӣ ҳаракат кард ва сулҳи деринтизор ба Ватан баргашт.
Баъди таъмини сулҳ, давраи нав - давраи эҳё, давраи сохтмон, давраи барқарорсозии давлат оғоз ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диди амиқи давлатдорӣ ва бо хиради сиёсии нодир тавонистанд пояҳои давлатро аз нав гузоранд. Конститутсияи нав қабул гардид, рамзҳои давлатӣ эҳё шуданд, сохторҳои идорӣ ва низоми ҳуқуқӣ таъсис ёфтанд. Парчами миллӣ, нишони давлатӣ ва пули миллӣ барои миллати ҷавон рамзи ифтихор ва истиқлол гардиданд. Бо роҳнамоии ин абармарди таърих артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бунёд ёфта, давлатдорӣ на танҳо дар сухан, балки дар амал устувор гардид.
Бунёди давлат танҳо бо қонун сурат намегирад, балки бо меҳру ирода ва меҳнати мардум устувор мешавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инро хуб дарк намуда, талош намуданд, ки дар ҳар гӯшаи кишвар хишти биноӣ ободкориву созандагӣ гузоранд. Ҳамин тавр, дар деҳаҳо мактабу боғча ва дигар иншоотҳои муҳим бунёд ёфтанд, роҳҳо таъмир гардиданд, нерӯгоҳҳо ва марказҳои саноатӣ сохта шуданд. Мардуми кишвар, ки солҳои тӯлонӣ аз зиндагии ором маҳрум буданд, боз дар замини умедашон сабзаҳои нав сар кашиданд. Бо гузашти солҳо, Тоҷикистон аз кишвари дар гирдоби ҷанг вомонда берун шуда, ба кишвари озоди дар ҳоли рушд табдил ёфт.
Сарвари давлат дар баробари корҳои дохилӣ сиёсати хориҷиро низ бо диди хирадмандона ба роҳ монда, тавонистанд Тоҷикистонро ба кишвари фаъол дар муносибатҳои байналмилалӣ табдил диҳанд. Бо ташаббусҳои созандаи ин марди хирад масъалаҳои муҳимии умуибашарӣ, аз қабили ҳифзи захираҳои об, пешгирии тағйирёбии иқлим ва таҳкими амнияти минтақавӣ ба рӯзномаи созмонҳои ҷаҳонӣ ворид шуданд. Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба минбари сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфт. Дар суханрониҳои хеш Президенти кишвар ҳамеша бар ҳамбастагии миллатҳо, эҳтироми фарҳангҳо ва масъулияти умумии инсоният таъкид мекунанд.
Имрӯз Тоҷикистон бо сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат чун кишвари сулҳу субот ва ваҳдати комил шинохта шудааст. Дар минтақаҳое, ки номуайянӣ ва низоъ зиёд аст, Тоҷикистон ҷазираи оромӣ гаштааст. Ҷомеа бо эътимод ба фардо зиндагӣ мекунад, мардум дар зери парчами ягона ҷамъ омадаанд ва ваҳдати миллӣ ба як арзиши муқаддас табдил ёфтааст.
Пешвои миллат барои тақвияти шуури миллӣ, эҳёи фарҳанг ва эҳтиром ба забон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Бо ибтикори ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ тамоми ҷанбаҳои сиёсиву миллӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар аз нав таҷдид ёфта, “Соли забони давлатӣ”, “Соли ҳифзи пиряхҳо”, “Соли рушди деҳот”, “Соли оби тоза” ва дигар иқдомҳои миллӣ роҳандозӣ гардиданд, ки ба таҳкими ифтихори миллӣ ва эҳёи маънавият мусоидат намуданд.
Дар сиёсати иҷтимоӣ низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхории доимӣ нишон медиҳанд. Маориф, тандурустӣ ва иҷтимоиёт таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи ин марди шариф қарор доранд. Сохтмони мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои илмӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар ба як ҳаракати умумихалқӣ табдил ёфтааст. Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки сармояи воқеии миллат на захираҳои табиӣ, балки инсонҳои соҳибмаърифат ва ватандӯст мебошанд. Аз ҳамин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва меҳри Ватан яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро бо оддитарин рафтор нишон медиҳанд. Ҳамеша бо мардум ҳастанд, дар сафарҳои корӣ бо деҳқонон сӯҳбат мекунанд, бо омӯзгор даст медиҳанд, аз андешаи донишҷӯ пурсон мешаванд ва аз мушкилоти ҳар як минтақа огоҳ ҳастанд. Дар шахсияти ин марди асил хоксорӣ ва масъулият ҳамеша якҷоанд. Ин шахсияти арзанда роҳбаре мебошанд, ки мардумро мешунаванд ва бо дили кушода хидмат мекунанд. Аз ин лиҳоз, мардум ин фарзанди фарзонаи миллатро Пешвои худ, Пешвои мардумӣ меноманд ва ба ин шахс бовару эътимоди беандоза доранд.
Дар арсаи байналмилалӣ низ Эмомалӣ Раҳмон мавқеи баланд касб кардаанд. Сиёсатмадорони ҷаҳон таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистонро ҳамчун намунаи нодири исломӣ ва инсонӣ арзёбӣ мекунанд. Имрӯз Тоҷикистон бо ташаббусҳои сулҳҷӯёна, равобити дӯстона ва сиёсати мутавозин мавқеи устувор дорад. Ҳамаи ин комёбиҳо ба шахсият ва диди дурбинонаи Пешвои миллат вобастаанд, ки тавонистанд манфиатҳои миллиро бо манфиатҳои умумибашарӣ тавъам созанд.
Зикр бояд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи худ на танҳо роҳбар, балки рамзи миллат, рамзи ифтихор ва намунаи хидмати пок мебошанд. Дар тӯли се даҳаи роҳбарӣ ҷидду ҷаҳд намуда, тавонистанд Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзада ба давлати мустақилу ором, давлате, ки имрӯз бо ваҳдат, сулҳ, фарҳанг ва рушд шинохта мешавад, табдил доданд. Ҳар насли нав, ки имрӯз ба воя мерасад, ин марди хирадро ҳамчун поягузори давлатдории муосири тоҷикон мешиносад. Таърих номи ӯро бо ҳарфҳои равшан дар саҳифаҳои худ сабт кардааст, зеро Президенти кишвар бо хидмати содиқонаи худ на танҳо суботи кишварро таъмин, балки ба миллати тоҷик эҳсоси ифтихор, ваҳдат ва бовар ба оянда бахшиданд.
Музамбила Султонӣ, Ҷаъфархони Шер, омӯзгорони кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 