ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН РАМЗИ ИФТИХОРУ САРБАЛАНДӢ, НАНГУ НОМУС ВА САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ

Бинанда: 38 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2025

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни Парчами миллӣ - эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз тарафи дигар он метавонад дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллии шаҳрвандон нақши беназир бозад.

Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҷашни муҳими давлатӣ - Рӯзи парчамро баргузор мекунанд. Ба гуфти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчам таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги баланд, анъана ва урфу одатҳои мардуми тоҷик мебошад.

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст.

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад. Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст.

Ҳамин тариқ, парчам нишонаи муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар ниҳоди он асроре ниҳон аст, ки ҳар як фардро ба ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ даъват менамояд. Зеро парчами давлатӣ таҷассумгари мазмуну моҳияти давлат, таъриху фарҳанги халқ, арзишҳои миллию ҷуғрофии кишвар мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон, нишони сарисинагии ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад. Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлололияти Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ рӯзи парчами давлати ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлатӣ имрӯз боарзиштарин муқаддасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва сарватҳои миллӣ дар баландии 165 метр қад афрохтааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар саросари кишвар вобаста ба ин ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд. Дар навбати худ, дар баробари Нишон, Суруди миллӣ, Артиш ва асъори миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд. Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

         Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст. Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад. Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муқаддас будани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд бардорад.

Дар ҳақиқат ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллат мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки бо ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки парчами мо рамзи ҳувияту ҳушёрист, ки барои таҷассуми таҷрибаи давлатдории миллӣ ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод менамояд. Имрӯз он нишонаҳое, ки дар парчами мо дида мешавад ифшогари тавоноии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст.

Аз ин рӯ, мо ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқод ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Бигзор Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон Тоҷикистон бошад.

Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

       

Атақулова Дилафрӯз Исмоиловна, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top