(бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия)
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар низоми молияи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани идораи он, таъмини шаффофият ва истифодаи самарабахши захираҳои молиявӣ, ташкили он мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ислоҳоти мукаммал гузаронда шудаанд.
Бо ҷаҳду талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 10 соли оғози ислоҳоти иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист ба пешравии воқеию назаррас ноил гардад, инчунин роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва дар ин замина, зиёд намудани содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудааст.
Илова бар ин, баробари татбиқи барномаҳои мукаммали молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2024 нақшаи даромади буҷети давлатӣ 104,1 дарсад иҷро гардид, ки дар ин давра ба буҷети давлатӣ 46978,3 млн. сомонӣ ворид гардида, аз рӯйи маълумоти фаврии Вазорати молияи ҷумҳурӣ қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба 45473,0 млн. сомонӣ баробар гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2025 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст. Дар баробари ин, аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо бештар аз 49,5 млрд. сомонӣ ва хароҷоти умумии он ба маблағи 51,6 млрд. сомонӣ, инчунин маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 23,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи ба кор андохтани захираҳои иқтисодӣ ва меҳнатии кишварамон, иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ҳарчанд, кор дар ин самт мушкил буд, аммо мутахассисони соҳаи молия тавонистанд давраи буҳрониро паси сар карда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Президенти мамлакат дар сиёсати давлатдорӣ мавқеи идоракунии молияи давлатиро муайян намуда, зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Вазорати молия зикр намуданд ки: "Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафманди Ҳукумати мамлакат, инчунин, амалисозии ислоҳот дар идораи молияи давлатӣ Вазорати молия ҳоло ҳамчун як сохтори салоҳиятдор бо вазифаю уҳдадориҳои мушаххас фаъолият карда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла андозу буҷет, заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияро таъмин намуд. Аз ҷумла, қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, назорат ва аудити дохиливу берунӣ қабул гардиданд".
Дар доираи ислоҳоти сиёсати минбаъдаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки афзалиятнокии онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ муайян намудаанд, равона мегардад.
Вазорати молияи кишвар дар доираи барнома ва стратегияҳои қабулгардида барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани раванди таҳия ва ташаккули буҷет, ҷорӣ намудани принсипҳои банақшагирии хароҷот аз рӯи натиҷа, хусусан буҷетикунонии барномавӣ, босифат таъмин намудани иҷрои нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва роҳандозӣ намудани меъёрҳои ҳисоботи байналмилалии молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Сатҳи баланди касбияти кормандони соҳаи молия аз дараҷаи донишҳои назариявии дар донишкадаву донишгоҳҳо гирифтаашон вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, тайёр кардани кадрҳои соҳаи молиявӣ аз муассисаҳои олии таълимӣ тақозо менамояд, ки таълимро дар ин самт бо талаботи замона ба роҳ монда, бо мақомоти молиявии кишвар робитаи зич дошта бошанд, то ин ки аз бурду бохти бахш доимо воқиф бошанду барномаҳои таълимиро тасҳеҳ кунанд.
Боиси хушнудист, ки ҳамасола 7 декабр дар кишвар ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи молиявии кишвар ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, рӯзи касбии молиячиёнро ба ҳамаи кормандони соҳаи молия, ҳамкасбон, донишҷӯёни бо ихтисоси молия ва қарз таҳсилкунанда, ки кадрҳои ояндаи бахши молиявӣ мебошанд, табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки рушди ҳамарӯзаи иқтисодиёт дар кишвар таъмин гашта, саҳми молиячиён дар таъмини зиндагии шоистаи мардум назаррас бошад.
Баҳодур Дӯстматов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молияи ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 