Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, чунин омадааст: “То имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Тадбирҳои амалигардида ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ, соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд.
Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.
Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд”.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар Паёми соли гузашта барои рушди соҳаи андоз аз тарафи Пешвои муаззами миллат чунин ироа гардида буд, ки “Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд”.
Дар шароити ҳозира, яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои нави замонавӣ (истифодаи технологияҳои рақамӣ, хизматрасониҳои электронӣ) ҷамъоварӣ ва самаранокии андозбандӣ маҳсуб ёфта, яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб меравад. Зеро мақомоти андоз ва андозсупорандагон дар шароити муосир ба хулосае омадаанд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ба ҳарду ҷониб манфиатҳои мутақобила дорад.
Хулоса, ҷорӣ ва вусъат бахшидани технологияи рақамӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон яке аз самтҳои афзалиятноку муҳимтарини фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои ташаккул ва рушди Ҳукумати электронӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Раҷабов Комрон Раҷабович, н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва андозбандӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 