ТОҶИКИСТОН - КИШВАРИ ТАШАББУСКОР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Бинанда: 32 | Санаи нашр: 20 Декабр 2025

16-уми декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Ин санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, афзалиятҳои рушди устувор ва вазифаҳои муҳиму тақдирсозро барои марҳилаҳои навбатии пешрафту тараққиёти давлату миллат муайян менамояд.

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ паёмҳои Пешвои миллат ба унвони санади сарнавиштсоз дар таҳкими сулҳ, барқарорсозии иқтисод, эъмори сохторҳои давлатӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда бозидаанд. Паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун барномаи фарогири иҷтимоӣ ба рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва таъмини беҳбудии зиндагии мардум заминаи устувор мегузоранд. Дар онҳо муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа - маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон ва ғайраҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, вазифаҳои калидӣ барои дурнамои рушди соҳаҳои мазкур муайян мегарданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки зимни ироаи паёми навбатӣ Пешвои миллат аз он махсус ёдовар шуданд ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, Пешвои миллат чунин иброз намуданд, ки «шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд».

Лозим ба таъкид аст, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси дигари кишвари мо 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Шоёни зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Шоистаи зикр аст, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Қарори дахлдор 12 июли соли 2025 зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид. Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат ба эътироф ва қабули ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус дар самти маърифати ҳуқуқӣ таъкид шуд. Бо ишора ба ин масъала, Пешвои миллат чунин баён доштанд: «...боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид».

Дар воқеъ, қабули ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи башарӣ далели равшани эътирофи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нуфузу эътибори баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Пешвои миллат чунин иброз намуданд, ки «...аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад».

Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ ва давлатӣ набуда, балки роҳнамо ва дастури амал барои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Дар он арзишҳои меҳнатдӯстӣ, қонунмеҳварӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу қонун тарғиб мегарданд. Паём шаҳрвандонро ба иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи донишу касбомӯзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ҳидоят мекунад.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро барои марҳилаи навбатӣ муайян менамояд. Он бо фарогирии масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамчун пояи устувори пешрафти миллӣ хизмат намуда, ҷомеаро ба сӯи ояндаи босубот, амн ва обод раҳнамун месозад.

Маҳмадуллоев Зафар Насуллоевич, сардори раёсати таълим

Сафаров Усмон Шаҳобиддинович, сармутахассиси раёсати таълим

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top