РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 28 | Санаи нашр: 20 Декабр 2025

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, аз он ҷиҳат мавриди таваҷҷуҳи махсус аст, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ барои солҳои оянда, бахусус соли 2026 – соли таҷлили ҷашни 35 солагии Истиқлоли кишвар пешниҳод карда шуданд.

 Дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бахусус доир ба таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, варзишу сайёҳӣ, амнияту мудофиа ва муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

 Дар Паёми Пешвои миллат вазъият ва пешрафти иқтисодиёти миллӣ дар зарфи даҳ соли охир мавриди таҳлил қарор гирифт, ки давраҳои асосии татбиқ ва дурнамои Стратегияи миллии рушдро то соли 2030 дарбар мегирад. Аз ҷумла зикр карда шуд, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.

 Ҳамчунон сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Пешниҳод карда шуд, ки дар солҳои минбаъда низ суръати рушди иқтисод дар ҳамин сатҳ нигоҳ дошта шавад.

 Ду масъалаи муҳим, ки бевосита ба фаъолияти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ дахл дорад, боиси зикри алоҳида аст. Дар масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ дар партави эъломияи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, бахусус дар ду самт, яъне истифодаи технологияҳои муосири молиявӣ ва вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳамчунон тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, ба сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

 Масъалаи дуюм ин рушди фаъолияти соҳибкорӣ аст ва дар Паёми Пешвои миллат, бахусус аз саҳми бахши хусусӣ ва соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ дар рушди иқтисоди кишвар зикр карда шуд ва дар ин замина дастур дода шуд, ки ҳимоя ва дастгирии онҳо дар ҷанбаҳои гуногун, бахусус дастрасии онҳо ба захираҳо ва хизматрасониҳои муосир пурқувват карда шаванд.

 Ба таври умумӣ, дар Паёми Пешвои муаззами миллат самтҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ дар соҳаҳои зерин ба таври афзалиятнок нишон дода шудаанд: рушди технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат дар асоси технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва инчунин идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди сабз ва даврагӣ, гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим.

 Хулоса, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва нуктаҳои асосии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин ва муассиртарин санад дар самти иқтисоди миллӣ ва рушди минбаъдаи он мебошад, ки аз тамоми иқтисодшиносон ва кулли шаҳрвандони ҷумҳурии азизи мо гирифтани саҳми муносибро барои рушди ояндаи иқтисоди миллӣ тақозо менамояд.

 Исматулло Исматуллоев, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top