ПАЁМ: МОДЕЛИ ИҚТИСОДИИ БА ДОНИШУ НАВОВАРӢ АСОСЁФТА

Бинанда: 75 | Санаи нашр: 22 Декабр 2025

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар роҳнамои мукаммале мебошад, ки дар он самтҳои асосии рушди тамоми бахшҳо пешниҳод карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16.12.2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз қабили маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, даромади пулии аҳолӣ, пасандозҳои аҳолӣ, пешниҳоди қарз ба соҳаи иқтисодиёт, истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, иқтидори энергетикии кишвар, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, робитаҳои хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ, алалхусус соҳибкории истеҳсолӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Яке аз самтҳои асосие, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таъкид намуданд, ин гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта мебошад.

Бояд қайд намуд, ки рушди соҳаи илму технология, ихтироъкорӣ ва инноватсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар дар шароити муосир муайян гардида, дар робита ба ин ҷиҳати тақвияти иқтидори илмию техникӣ ва таъмини рушди инноватсионӣ консепсия, стратегия ва барномаҳои зиёди сатҳи миллию соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодааст. Зеро, дар шароити муосири муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди истеҳсолоту хизматрасонӣ тавассути технологияҳои инноватсионӣ бо арзиши баланди иловашуда, муносибатҳои байналмилалии иқтисодию тиҷоратӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки асоси онро технологияҳои муосир, илм ва инноватсия ташкил медиҳанд, рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни ташаккули иқтисоди ба дониш, илм, ихтироъкорӣ, инноватсия ва сармояи инсонӣ асосёфта ғайриимкон мебошад.

Ташаккули иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию инноватсия асосёфта, инчунин дар ин замина самаранок истифода бурдани иқтидори сармояи зеҳнӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Дар баробари ин, ташаккули иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию инноватсия асосёфта, ки асоси онро илм ва сармояи зеҳнӣ ташкил медиҳад омили муҳим ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкарда илму дониш ва навоварӣ аз замонҳои хеле қадим то имрӯз неруи асосӣ ва воситаи пешбаранда ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне марҳилаи саноатикунонии босуръат талабот ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ташаккули иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию навоварӣ асосёфта рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, барои ташаккули ин самт муҳити мусоид фароҳам гардида истодааст. 

Аз ҳама нуқтаи муҳим ин аст, ки масъалаи ташаккули иқтисоди ба дониш асосёфта дар ҳуҷҷати муҳими стратегӣ, яъне Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидааст.

Тамоюлҳои бо суръат рушдёбандаи технологию иттилоотӣ ва зеҳнию инноватсионӣ тақозо менамояд, ки кишварҳо мунтазам дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои нави таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ бошанд. Зеро, дар фазои имрӯзаи ҷаҳон, ки асоси онро технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, нерӯи зеҳнӣ, зеҳни сунъӣ, илму технология ва ихтироъкорию инноватсия ташкил медиҳад, бидуни рушди самтҳои болоқайдгардида таъмини рақобатпазирӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар душвор мегардад.

Ҳамин муҳиммиятро ба инобат гирифта, тайи солҳои охир аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фаъолияти ихтироъкорӣ, сармояи инсонию зеҳни сунъӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-ихтироъкорӣ ва инноватсионӣ, инчунин дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ диққати хос дода шуда истодааст.  

Чунончӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (соли 2024) қайд карданд «Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд».

Дар шароити муосир меҳвари асосии технологияҳои рақамию иттилоотӣ ва инноватсиониро зеҳни сунъӣ ташкил дода, сармояи инсонӣ ё худ сармояи зеҳнӣ сарчашмаи асосии ташаккул ва истифодаи он мебошад. Рушди иқтисоди ба дониш ё худ зеҳн асосёфта барои афзоиши занҷираи арзиши иловашуда, дороиҳои муассисаю ташкилотҳо ва зиёд намудани сармоягузориҳо нақши муҳим мебозад. Яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисодӣ дар ҷамъияти баъдииндустриалӣ (ё баъдисаноатӣ) илм, инноватсия ва ихтироъкорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар умум, ташаккули иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию инноватсия асосёфта калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Метавон хулоса намуд, ки дар ояндаи наздик самтҳои муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар маҳз ба ташаккули иқтисоди ба дониш асосёфта нигаронида мешавад. Зеро, асоси иқтисоди ба дониш асосёфтаро сармояи инсонӣ ташкил медиҳад ва Тоҷикистон бо назардошти дороии сармояи зеҳнӣ, яъне доштани аҳолии ҷавон метавонад дар ояндаи наздик ба яке аз давлатҳои пешрафта дар самти ташаккули иқтисоди ба дониш ва навоварию ихтироъкорӣ асосёфта табдил гардад.  

 

         Раҳимова Рухшона Ҳамзаевна, ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top