ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМ

Бинанда: 23 | Санаи нашр: 24 Декабр 2025

Ҳамасола Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи сатмҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа карда мешавад. Дар Паёми имсола чун солҳои гузашта масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷии мамлакат аз мавзуъҳои калидӣ ба ҳисоб мераванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки манфиатҳои миллии Тоҷикистон аз ҳифзи истиқлолият, амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва балан бардоштани мавқеи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иборат буда, ҳалли мушкилот бо роҳҳои дипломатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои об, энергетика ва транзит, инчунин таҳкими сохти конститутсионӣ ва ҷомеаи солим кишварро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ҳифз менамояд.

Амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ дар замони тағйирпазирии ҷомеа яке аз масъалаҳои хеле муҳим ва ҳамзамон душвор низ маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки манфиатҳои миллӣ ҳамеша зери таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ қарор дошта, бе шакку шубҳа онҳо ҳамчун унсури марказии системаи амнияти миллӣ ба шумор мераванд. Маҳз ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистони азиз, неруи пешбарандаи рушди ҷомеа ва заминаи асосии фаъолнокии одамон ба шумор рафта, кафили пешрафти давлату миллат маҳсуб меёбанд, ки шаҳрвандони мо бояд аз онҳо огаҳӣ дошта бошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии тавозундореро пайгирӣ кардаанд, ки ба ҳадафи таъмини манфиатҳои миллӣ ва иқтисодии кишвар дар як муҳити глобалии мураккаб ва тезутунд хидмат мекунад. Пешвои миллат тавонистанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистонро ҳам бо кишварҳои бузурги ҷаҳонӣ ва ҳам бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мустаҳкам созанд, ки дар натиҷа нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Роҳбари давлат тавонистанд ки манфиатҳои стратегии Тоҷикистонро дар тамоми сатҳҳои байналмилалӣ ҳимоя намоянд ва дар як вақт бо муҳофизат кардани истиқлоли кишвар, имкониятҳои нави ҳамкориҳоро барои рушди иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оранд.

Яке аз вижагиҳои мумтози сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод» мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои кушод» мусоидат ба он намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки “Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем.

Зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод. Ҳамзамон бо ин, барои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард”.

Пешвои миллат дар фарҷоми Паёми худ бо такя ба иродаи қавии миллати тоҷик таъкид намуданд, ки “Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.

Одинаев Ҳусайн Саидраҳмонович, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top