Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир дар шароити ғайримуътадили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ рушд намуда истодааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вазъи иқтисодиёти кишвар на танҳо ҳамчун натиҷаи фаъолияти соли гузашта, балки ҳамчун роҳнамо барои сиёсати иқтисодии минбаъда таҳлил карда шуд. Ҳадафи асосии Паём дар ин самт - арзёбии самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва муайян кардани роҳҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид гардид, ки иқтисоди кишвар бо афзоиши назаррас ноил гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он 8,4 % арзёбӣ шудааст. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи рушди устувори иқтисод ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошанд. Таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани музди меҳнат, паст намудани сатҳи камбизоатию беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки рушди иқтисодӣ бо афзоиши истеҳсолот, васеъ намудани инфрасохтор ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ҳамоҳанг шудааст. Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, сатҳи даромади аҳолӣ ва сатҳи зиндагии мардум боиси таҳкими устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гардидааст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои наздик самтҳои афзалиятнокро муайян менамояд. Соли 2025 ҳамчун оғози солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ эълон шудааст. Ин сиёсати стратегӣ нишон медиҳад, ки кишвар метавонад тавассути рақамисозӣ, технология ва навовариҳо рушди устувори иқтисодиро таъмин намояд.
Ҳадафҳои асосии Паём дар самти рушди устувори иқтисодӣ чунин муайян шудаанд:
- баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;
- ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, бо таҳкими шаффофият ва шароити мусоид барои соҳибкорӣ;
- афзоиши содирот ва диверсификатсияи иқтисод;
- рушди нерӯи инсонӣ ва баланд бардоштани малакаи коргарон.
Бо вуҷуди ин барои иқтисодиёти кишвар чанд омилҳои таъсиррасон ҳанӯз ҳам боқӣ мемонанд:
- Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба соҳаи энергетика. Дар ҷумҳурӣ неруи барқ асосан аз ҳисоби НБО таъмин карда мешавад. Тағйирёбии иқлим, камшавии оби обанборҳо метавонад истеҳсоли барқро коҳиш диҳад ва таъсири манфӣ ба соҳаҳои асосии иқтисод расонад.
- Вобастагӣ аз воридот. Воридоти сӯзишворӣ, молҳои асосӣ, техника ва технология, инчунин интиқоли пул аз муҳоҷирон барои иқтисоди кишвар муҳим аст. Таъсири нархҳои ҷаҳонӣ ва бархурдҳои геополитикӣ метавонад ба вазъи иқтисодӣ таъсири манфӣ расонад.
- Зарурати диверсификатсия. Вобастагӣ ба якчанд бахши иқтисодӣ ҳанӯз ҳам баланд аст. Барои устувор намудани иқтисод ва муқобила бо таҳдидҳои берунӣ бояд рушди соҳаҳои саноат, кишоварзию хизматрасонӣ тақвият дода шаванд.
Таҳлили Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ дар марҳилаи рушд ва тавсеа қарор дорад. Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва рушди соҳаҳои истеҳсолӣ гувоҳи он аст, ки сиёсати давлатӣ дар ин самт самарабахш буда, устувории иҷтимоию иқтисодиро таъмин менамояд.
Хулоса, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили рақамисозӣ, рушди саноатикунонӣ, сармоягузории дохилию хориҷӣ, афзоиши истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда, диверсификатсияи иқтисод имкониятҳои нави рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисоди миллиро фароҳам меоранд.
Азизова Назира Аҳмадовна, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 