НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Бинанда: 48 | Санаи нашр: 26 Декабр 2025

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

 

         “Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, бо дастгирии 153 кишвари узви СММ якдилона қабул кард.

Дар ин маврид пешниҳодҳои зерини ироанамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд:

  • Эълони рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
  • Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
  • Таъсиси Хазинаи байналмилалии боварибахши СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;
  • Соли 2025 дар ш. Душанбе баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо.

Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо як шакли ҳамкорӣ мебошад, ки фаъолияти барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ки дар саросари ҷаҳон татбиқ мешаванд, ҳамоҳанг месозад. Муносибати ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ ҳам ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва ҳам ба самаранокии иқтисодии он таъсири ҳадди аксар мерасонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми декабри соли 2023 дар ҳамоиши сарони «Гурӯҳи 77 ва Чин» зимни Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим таъкид карда буданд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.

Қобили зикр аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳудуди 6 дарсади қаламрави Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд. То имрӯз аз 13000 пирях дар Тоҷикистон беш аз ҳазораш комилан об шудааст. Ин дар ҳолест, ки 55,4 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Дар Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои то соли 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 қабул гардидааст, қайд мегардад, ки “Тағйирот ва тағйирпазирии иқлим ба захираҳои оби ҶумҳурииТоҷикистон таъсири зиёд дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар даҳсолаҳои охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон 0,7-1,0С боло рафта, тақрибан ҳазор адад пиряхҳои хурд аллакай об шудаанд. Бо сабаби он, ки сарчашмаи асосии дарёҳои Тоҷикистон пиряхҳо мебошанд, ин дар давраҳои миёна ва дарозмуддат ба кам шудани оби онҳо оварда мерасонад”.

Гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим ба баландкӯҳҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Ба эҳтимоли зиёд пиряхҳо зудтар об мешаванд ва ва ба тавозуни оби ҳавзаи баҳри Арал таъсир мерасонад. Аз ҷумла, ин ба офатҳои табиӣ, аз қабили ярч, обхезӣ ва хурӯҷи кӯлҳои пиряхӣ оварда мерасонад, ки ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии минтақа таъсир мерасонад.

Пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон механизмҳои ҳамкориро таҳия карданд. Созмони минтақавии таъсисдодашуда, бахусус Фонди байналмилалии наҷоти Арал имкон медиҳанд, ки баҳсҳо ва низоъҳо оид ба захираҳои об пешгирӣ карда шаванд.

Санадҳои ҳуқуқие, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳоро танзим мекунанд, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида иборат аст.

      Дар фарқият аз Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳифзи пиряхҳо” истилоҳи пиряхҳои фаромарзӣ истифода гардидааст. Тибқи моддаи 17 Қонун вазъи ҳуқуқии пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ, мониторинг, арзёбӣ ва ҳифзи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Аз моддаи 1 Муоҳида оид ба муҳофизат ва истифодаи обҳои фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмилалӣ аз 17 марти соли 1992 бармеояд, ки «Обҳои фаромарзӣ дилхоҳ обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ мебошанд, ки сарҳади ду ва зиёда давлатро ташкил медиҳанд ё убур мекунанд ё дар чунин сарҳад ҷойгиранд; дар он ҳолатҳое, ки агар обҳои фаромарзӣ бевосита ба баҳр ҷорӣ мешаванд, ҳадди чунин обҳои фаромарзӣ бо хати росте маҳдуд мешаванд, ки даҳанаи онҳоро байни нуқтаҳои дар хати хурди обҳои соҳили онҳо ҷойгирбуда убур мекунанд».

Қайд кардан ба маврид аст, тибқи моддаи 5 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо мавҷудбударо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин заминҳои ишғолнамудаи онҳо бо минтақаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, пиряхҳо объекти алоҳидаи обро ташкил дода, ҳифзи он аз тарафи ин қонуни мураттабшуда низ ба роҳ монда мешавад.

Тибқи банди 2 моддаи 5 Қонун “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо ва маблағҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад. Ҳамчунин, дар ташаккули ин фонд бояд мамлакатҳои поёноби Осиёи Марказӣ, ки аз оби дар пиряхҳои Тоҷикистон ташкилшуда истифода мебаранд, саҳмгузор бошанд, зеро ҳифзи пиряхҳо ба манфиати тамоми ҳавзаи баҳри Арал нигаронида шудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба он равона карда шудааст, тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад аст, ки шумораи ҷойҳои буҷавӣ барои омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар зиёд карда шавад.

 

Бобохониён Довуд Маҳмадраҷаб, Ҳакимов Шаҳбоз Шодибойевич, ассистентони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top