ПАЁМ РАҲНАМОЕСТ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Бинанда: 40 | Санаи нашр: 26 Декабр 2025

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисод, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ аҳаммияти махсус дода шудааст. Ин равандҳо барои коҳиш додани таъсири омили инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими интизоми молиявӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

Таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ равшан нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардидааст. Афзоиши чандинкаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими пойгоҳи даромадии буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имконияти сармоягузорӣ далели татбиқи сиёсати мутавозин ва самараноки иқтисодӣ мебошанд. Ҳамзамон рушди устувори бахши хусусӣ, афзоиши ҳиссаи он дар истеҳсол ва шуғли аҳолӣ, инчунин густариши қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок нақши низоми бонкӣ ва молиявиро дар пешбурди иқтисоди миллӣ боз ҳам тақвият бахшидааст.

Баланд бардоштани маош, нафақа ва стипендияҳо, афзоиши маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ гувоҳи он аст, ки рушди иқтисодӣ пеш аз ҳама ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст.

Мазмун ва мундариҷаи Паём ҳамчун манбаи муҳими таҳлилӣ барои омӯзиши сиёсати иқтисодӣ, бонкӣ ва молиявии кишвар хизмат намуда, таҷассумгари нақш ва саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул, таҳким ва рушди ҳамаи ин соҳаҳо буда, барои таҳияи барномаҳо, стратегияҳо ва тадқиқоти илмии минбаъда дар соҳаи иқтисоди миллӣ ва низоми молиявӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муайянкунандаи рушди устувори иқтисодии кишвар мебошанд:

• Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт;

• Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид;

• Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд;

• Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид;

• Нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид;

• Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт;

• Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт;

• Дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад;

• Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад;

• Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод;

• Дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли равон талафоти неруи барқ 13 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 банди фоизӣ кам мебошад;

• Дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе то 5,1 фоиз аз 15,1 фоизи октябри соли 2024, яъне 10 банди фоизӣ кам карда шуд;

• Талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиард киловатт соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт соат кам шудааст;

• Дар ин муддат беш аз 100 ҳазор муштариёни нав ба қайд гирифта шуда, ба низоми энергетикӣ якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст;

• Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз 20 ба 13 фоиз ва дар моҳи октябр то 5 фоиз кам шудааст;

• Ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст.

Иқтибосҳои овардашуда нишон медиҳанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамасола дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро муайян карда, барои рушди устувори иқтисодиёт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мирзоев Устошариф Ёраҳмадович, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top