СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ЗАМИНАИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 25 | Санаи нашр: 29 Декабр 2025

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати афзояндаи иқтисодӣ, рушди устувори ҳар як давлат ба сиёсати хирадмандона, банақшагирии дарозмуддат ва роҳнамоии дақиқи ҳокимияти олӣ вобастагии мустақим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин нақши калидиро Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иҷро менамояд. Ин санади сиёсиву барномавӣ на танҳо ҳисоботи фаъолияти яксолаи давлат, балки самтҳои стратегии рушди ҷомеа, иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ ба шумор меравад.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалиятҳои сиёсати дохилию хориҷии кишварро таҷассум намуда, ҳамчун асоси таҳияи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хизмат менамояд. Дар маркази таваҷҷуҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя қарор дорад. Ин раванд нишон медиҳад, ки давлат рушди соҳибкориро яке аз омилҳои калидии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар медонад.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми махсуси сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсати давлатӣ нақши роҳнамо доранд. Маҳз тавассути Паём самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат муайян гардида, ба мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеа вазифаҳои мушаххас пешниҳод мегарданд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо дарназардошти вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳлили равандҳои ҷаҳонӣ ва имкониятҳои дохилӣ таҳия мешаванд. Аз ин ҷиҳат, онҳо хусусияти динамикӣ дошта, ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд. Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои таъмини суботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷойгоҳи махсус доранд.

Нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки он самтҳои асосии фаъолияти Ҳукуматро муайян намуда, барои қабули қарорҳои минбаъда заминаи меъёрӣ ва сиёсиро фароҳам меоваранд. Аз ин рӯ, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун барномаи амалии рушди давлат дар марҳилаи муайян арзёбӣ намуд.

Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз пояҳои асосии иқтисоди бозорӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баромад мекунад. Соҳибкорӣ на танҳо манбаи тавлиди неъматҳои моддӣ ва хизматрасонӣ мебошад, балки воситаи муҳими ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва ташаккули синфи миёна ба шумор меравад.

Дар шароити муосир рушди соҳибкорӣ омили асосии баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, беҳтар гардидани сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат, давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки барои соҳибкорон муҳити мусоид фароҳам оваранд, то ташаббус ва иқтидори эҷодии онҳо пурра истифода шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ эътироф гардида, дастгирии он ба яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки рушди соҳибкорӣ омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ, кам гардидани сатҳи бекорӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳо, афзалиятҳо ва воситаҳои асосии дастгирии соҳибкорон муайян карда мешаванд. Дар онҳо масъалаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, коҳиши монеаҳои маъмурӣ, такмили қонунгузорӣ ва ҷалби сармоя пайваста таъкид мегарданд. Тавассути Паём Роҳбари давлат зарурати дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва тақвияти бахши хусусиро дар иқтисоди миллӣ таъкид менамоянд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин нақши ҳамоҳангсозро доранд, зеро дар онҳо вазифаҳои мушаххас барои вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ ва низоми молиявӣ муайян мегарданд. Ин боис мегардад, ки дастгирии соҳибкорӣ хусусияти муназзам ва пайгирона пайдо кунад.

Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ мебошад. Қонунгузории миллӣ як қатор санадҳоро дар бар мегирад, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон, кафолати озодии фаъолияти иқтисодӣ ва баробарии шаклҳои моликиятро таъмин менамоянд.

Илова бар ин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунгузории соҳаи андоз, сармоягузорӣ, иҷозатномадиҳӣ ва санадҳои марбут ба фаъолияти бонкӣ, низ заминаи ҳуқуқии рушди соҳибкориро такмил медиҳанд. Ҳамаи ин меъёрҳо дар маҷмуъ муҳит ва шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам меоранд.

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии дастгирии соҳибкорӣ ба таври возеҳ муайян гардидаанд. Ин самтҳо маҷмуи тадбирҳои молиявӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ мебошанд, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудаанд. Яке аз самтҳои муҳими дастгирии соҳибкорӣ таъмини он бо захираҳои молиявӣ мебошад. Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид мегардад, ки низоми бонкӣ бояд фаъолияти худро ба ҷалби бештари пасандозҳо, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ва фароҳам овардани қарзҳои дастрас равона созад. Хусусан, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ тавассути қарзҳои дарозмуддат ва фоизи паст ҳамчун самти афзалиятнок муайян карда мешавад. Ин тадбирҳо ба соҳибкорон имкон медиҳанд, ки фаъолияти худро густариш дода, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таъсис диҳанд ва сатҳи рақобатпазирии худро баланд бардоранд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ нақши ҳалкунанда доранд. Онҳо самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро муайян намуда, заминаи ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва молиявии дастгирии соҳибкориро мустаҳкам месозанд.

Хулоса, дастгирии соҳибкорӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун унсури калидии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими истиқлолияти иқтисодии кишвар арзёбӣ мегардад. Татбиқи пайгиронаи дастурҳои дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироашуда фазои мусоиди соҳибкориро боз ҳам беҳтар намуда, имкониятҳои нави рушди соҳибкориро фароҳам меоварад.

 

Тахмина Сангканова, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top