Дар тули таърих инсоният шоҳиди он гардидааст, ки ҳазорон халқияту миллатҳо соҳиби давлату сарзамин буданд. Аммо на ҳамаи давлатҳо то имрӯз боқӣ монданд. Қисме аз онҳо аз байн рафтанду қисми дигар аз тарафи давлатҳои бузург ғасб гардиданд ва танҳо он давлатҳое боқӣ монданд, ки тавонистанд низоми давлатдории худро тарзе ба роҳ монанд, ки шикастнопазир бошанд.
Миллати тоҷик дар давоми асрҳо дар саҳифаҳои тиллоии таърих тавонист худро ҳамчун миллати соҳибдавлат, дорои фарҳанги ғанӣ, вориси сарзамин ва миллати тамаддунофар сабт намояд. Яъне, тоҷик давлат дошт, давлате, ки номаш то имрӯз оламшумул аст.
Бо амри тақдир миллати тоҷик давлатдории худро аз даст дод. Аммо худро ҳамчун миллат ҳифз кард, мубориза бурд ва ҳатто ба душманонаш, ки ба сари қудрат омада буданд, мактаби давлатдориро омӯзонд. Аз таърих сабақ мегирифту таҷриба меандӯхт бо орзуи оне, ки рӯзе мешавад ва боз чархи фалак онро соҳибдавлат мегардонад. Тақдир ба рӯйи миллати тоҷик мурод овард, муроди деринтизор, муроде, ки тайи ҳазорсолаҳо онро интизор буд.
Дар аввалҳои асри ХХ миллати тоҷик дар ҳайати иттиҳоди шуравӣ худро ҳамчун миллат ва соҳиби давлат бо номи Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон сабт намуд. Орзуҳои деринаи миллати тоҷик бо вуҷуди оне, ки аз қисми зиёди сарзамини аҷдодии худ маҳрум монд, амалӣ гардид. Бо ин ҳама шукрона мекард ва дар орзуҳои рӯзи нек буд.
Бо амри тақдир орзую ормонҳои миллати куҳанбунёди тоҷик амалӣ шуду 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Чи тавре, ки маълум аст соҳибистиқлолӣ осон ба даст наомад. Душманон мехостанд бо ҳар роҳу восита ин неъмати бебаҳое, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол соҳиб гардида буд, аз ӯ рабоянд. Хушбахтона, миллати тоҷик бо Сарварии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодагарӣ кард ва ниятҳои нопоки душманонашро, ки ҷанги шаҳрвандиро дар сарзамини Тоҷикистони тозаистиқлол барангехта буданд, барбод дод.
Миллати тоҷик баръало дарк намуд, ки барои бақои миллат ва ҳифзи сарзамин ба сарвари далеру ҷасур, одилу дурандеш ва адолатпарвар ниёз дорад. Чунин шахсиятро ба миллати тоҷик Худованд дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид. Замоне, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало гардида буд. Сарвари давлат, ки таҷрибаи давлатдории ниёгони худро нағз омӯхта буданд, барои бақои миллату давлат тамоми маҳорати худро сарф намуда, дар як муддати кӯтоҳтарин ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшиданду сулҳи пойдорро дар саросари кишвар барқарор намуданд.
Баъд аз барқарории сулҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷаи худро ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии мардум равона сохтанд.
Сарвари давлат баръало эҳсос менамоянд, ки ноил гардидан ба комёбиҳо танҳо дар ҳолати таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва минтақа ба даст меояд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳалли пурраи масъалаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки тайи сад соли охир ҳалнашуда буд, бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ва ҳамчунин шартномаи сеҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозад, ҳамчун рӯйдоди муҳимми таърихӣ арзёбӣ намуданд.
Пазируфтани чунин рӯйдод аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун рӯйдоди муҳим бе сабаб набуд, чунки яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи иқтисодии мамлакат тавсеаи робитаҳои иқтисодию сиёсӣ ва дӯстии абадии байни давлатҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Ин амали дурбинонаи Сарвари давлат боис гардид, ки нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло равад. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд “Пазируфтани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исботи он аст, ки мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ назаррас мебошад”.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар соли 2025 як қатор ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба соли “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, ҳамчунин аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” эътироф ва қабул гардиданд.
Бояд қайд кард, ки пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Тоҷикону тоҷикистониён аз он ифтихор менамоянд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва шахси сулҳдӯсту сулҳовар эътироф гардида, дар пешрафту рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва ҳалли масъалаҳои глобалии минтақаю ҷаҳон нақши калидӣ доранд.
Авғонов Сайфулло Маҳмадиевич, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 