(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Дар Паёмҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба забон ҳамчун омили ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳувияти тоҷикӣ таъкид мекунанд. Дар яке аз суханрониҳояшон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд.” Ин суханон на танҳо ҳақиқати таърихӣ, балки дастури амал барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Дар Паёмҳои солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои ҳифзи забон, фарҳанг, либоси миллӣ ва расму оинҳо ҳамеша ҷойи марказӣ доранд. Масалан, дар Паёми соли 2025 Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ омили рушд ва пешрафти ҷомеа аст, аммо ин набояд аз ҳисоби фаромӯш кардани забони модарӣ бошад. Сарвари давлат ҳамеша зикр мекунанд, ки забони тоҷикӣ бояд дар ҳама соҳаҳо – аз маориф то иқтисодиёт ҳукмфармо бошад. Ин сиёсат на танҳо ҳифзи забонро таъмин мекунад, балки ба рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки забони тоҷикиро аз минбарҳои байналмилалӣ садо медиҳанд. Дар Паёмҳо ва суханрониҳояшон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо, забони тоҷикӣ ҳамчун забони сулҳу ваҳдат муаррифӣ мешавад. Чунонки дар яке аз Паёмҳо гуфта шудааст: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт аҷргузорӣ карданд ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла, сайёра баланд бардоштанд.”
Ин суханрониҳои фасеҳу гуворо доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикиро фаровон гардонидаанд. Дар давоми 34-соли истиқлолият бо кӯшишҳои Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун рукни устувори давлатдорӣ эътироф шуд. Китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки аз суханрониҳои Пешвои миллат тартиб дода шудааст, ҳамчун армуғони идона барои миллат пешниҳод гардид ва инқилоби фикрӣ дар соҳаи забоншиносӣ эҷод кард.
Дар Паёмҳои Президенти мамлакат масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун омили ҳамгироӣ бо ҷаҳон таъкид мешавад. Чунончӣ дар Паёми соли 2024 гуфта буданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи маориф аст, аммо ин бояд бо ҳифзи забони миллӣ ҳамроҳ бошад. Ин таъкидҳо ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ҳам забони модариро арҷ гузоранд ва ҳам бо ҷаҳон ҳамқадам шаванд. Дар натиҷа, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати муосир, ки фарҳанги қадимаи худро ҳифз мекунад, шинохта мешавад.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳнамои сиёсӣ, балки манбаи илҳом барои ҳифзи забон ва фарҳанганд. Сарвари давлат ҳамеша таъкид мекунанд, ки “Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ аст.”
Биёед, забони тоҷикиро ҳифз кунем, чунки он ҳастии миллати мост!
Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ
Нурмаҳмадов Замир Мирмаҳмадович, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 