УФУҚҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Бинанда: 62 | Санаи нашр: 08 Январ 2026

(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

  Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои иқтисодӣ аз оғоз то анҷом нақши марказӣ дошт. Аз Паём тамоми мардуми кишвар руҳбаланд гардиданд, ки кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Заминаи аслии ин дастовардҳо ислоҳоти зина ба зинаи рушди иқтисоди миллӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуд. Оқилона ва мақсаднок будани ин раванди ислоҳот боиси он гардидааст, ки “...иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид”.

Бояд қайд намуд, ки омодагӣ ва чораандешиҳои саривақтӣ тавонист, натанҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорад, балки пешравиҳои иқтисодиро низ таъмин намояд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Ин нуқта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд: “Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд”.

Таҳлилҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хубро ба миён овардаанд: “Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир андешаронӣ карда, вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти кишвар ёдовар шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки барои осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 - 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар ин зимн, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар Паём зикр гардид, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ - соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад.

Пешвои миллат дар робита ба таҷлили 35-солагии истиқлол пешниҳод намуданд, ки соли 2026 - Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Афзудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ як омили барҳам задани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Барои ҳар як фард маълум аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт рушд намуда истодааст. Ба ин раванд амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки “сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт”, ки сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар аввали даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 80%-ро ташкил медод.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои иқтисодӣ дар Паём бо нишондиҳанда ва факту рақамҳои мушаххас хеле хуб нишон дода шуданд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсоли даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин ҷиҳат тавонист, ки муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад. Тавре дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: “…ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст”.

Дар паём зикр гардид, ки алҳол иқтисодиёти ҷаҳонӣ низоми худро ба таври пешгӯинашаванда тағйир дода истодааст. Новобаста аз ин, тадбирҳои иловагии андешидаи давлату Ҳукумат дар самти таъмини рушди босубот имконият доданд, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем: “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол то сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем”.

Хулоса, Паёми навбатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакатро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуда, бо ин восита барои бештару беҳтар, ободу зебо гардидани ватани азизамон заминаи устувор мегузорад. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “...ободу зебо гардонидани ватани азизамон ин вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!”.

 

Наврӯзи Мирзо, Қадриддин Суфиев, омӯзгорони кафедраи назарияи иқтисодӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top