НОМУСБОХТА

Бинанда: 46 | Санаи нашр: 21 Январ 2026

Гоҳо инсонҳо содабоварона ба зоҳири касон вобаста аз ҳарфзаданҳо ва баёни андеша, бехабар аз воқеияти зотиву ҷавҳарияш баҳо дода, гумон мекунанд, як нафарест, ки воқеан донишманд, соҳибтафаккур ва инсони вораста....

Мутаассифона, ин ҳолат дар бештари мавридҳо танҳо як сароб ва бардошти дурӯғин аз асли эшон аст. Вақте воқеияти зиндагонӣ, ахлоқ, ҳадафҳо ва чеҳраи аслашонро ошкор менамоӣ, дармеёбӣ, ки бадсиришттарин нафарони чандчеҳраанд.

Ин нафарон хешро бо пулу минбари барояшон гузоштаи сарпарастонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунон вонамуд месозанд, ки гӯё «гаҳвораашон аз осмон фуруд омада бошад». Он қадар хешро «ҳамадону хирадманд» нишон медиҳанд, ки гӯё беназиранду ҳеҷ кас аз бани башар дар баробари онҳо вуҷуд надорад.

Яке аз чунин шахсони «ангуштшумор»-и ҳамадон, ки фаъоли шабонарӯзии шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳама масоил хешро «алломаи замон» нишон медиҳад ва гӯё дар баробари камтарин амали ноадолатона сабраш ба сар меояд ва доду бедодро роҳандозӣ менамояд, Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳисоб меравад. Дар гӯишҳояш, оёту ҳадис меорад ва аз номи Худову Паёмбар ба мардумон панд медиҳад....

Воқеан, касе агар аз ҳаводиси зиндагиномаи Муҳаммадиқболи Садриддин огоҳ набошад, гумон мекунад, ин нафар он қадар донишманду ҳамадон аст, ки шояд як олими соҳаи дин бошад. Ё вақте аз адолат ҳарф мезанад, шунаванда гумон мекунад ҳомии аслии адолат бошад.

Аммо вақте аз воқеияти зиндагии ин нафар огоҳ мешавем, хоҳем дарёфт, ки воқеияти Муҳаммадиқболи Садриддин баръакси онест, ки худро ба намоиш мегузорад. Ба хотири равшан намудани чеҳраи ин «мушкилкушо»-и ҳамадон баъзе аз пораҳои зиндагии ӯро мекушоем.

Дар мардум гӯише ҳаст, ки «дона аз хӯша дур намеафтад».  Ин ба он маъност, ки ҳар инсон ба зоту ҷавҳари худаш мекашад ва агар гузаштагонаш асолате дошта бошанд, асил мешавад ва агар бадзот, ҳамон бадзот хоҳад шуд.  

Муҳаммадиқболи Садриддин дар оилаи – мулло Қаландари Садриддин таваллуд шудааст. Падараш як марди камсаводи ҷоҳил ва тассубзадае буд, ки аз ҳеҷ қабоҳате рӯй наметофт. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ ба бадахлоқиву инсонозорӣ ва аз худ кардани моли мардум, таҷовузу дастдарозӣ ном бароварда буд. Ин нафар ҳамзамон ба ду зан издивоҷ намуда, аз онҳо 13 фарзанд ба дунё оварда буд. Аз назари ахлоқӣ, ба пастарин корҳо даст задааст, ки намунаи мудҳишаш алоқаи ҷинсӣ ба ҳайвонот аст ва албатта, чунин рафтор аз назари инсони солим ғайрмуҷоз аст.

Барои чунин кирдорҳои пасту бешарафона номбурда соли 1985 аз тарафи Суди шаҳри  Қурғонтеппа бо ҷурми даст задан ба зоофилия 1,5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Баъди адои ҷазо, барои гурез аз ин шармандагӣ чандин дафъа ҷойи зисташро иваз мекунад. Пас аз ин шармандагӣ ва паёпай иваз кардани ҷояш ба сурати дигаре вориди ҷомеа мегардад. Ин ҳам бошад дар ниқоби мулло Қаландар. Акнун нафаре ки норавотарин амалро дар нисбати ҳайвони бечорае раво мебинад, ҷиҳати сафед кардани аъмоли баду палидонаи худ зери чатри дин паноҳ бурда, ба «Амри маъруф ва найҳи мункар» мепардозад ва гӯё мадумро ба «роҳи мустақим» ҳидоят мекунад. Ҳамин тавр Қаландари Садриддин аз нимаи дуввуми солҳои 80-ум фаъолияташро дар ташкилоти террористии наҳзатӣ афзоиш медиҳад ва яке аз сабабгорони сар задани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон мегардад.

Дар бораи он даҳшату ваҳшат, қатлу хунрезӣ, харобиҳое, ки саркардагони ин ҳизби террористӣ бар сари миллати тоҷик оварданд, миллионҳо саҳифа навишта шуд. Гунаҳгори ин ҷанги сангину нангин будани наҳзатиҳои террорист пурра собит гашт ва ҳоҷат ба такрори ин мавзуъ нест. Ин ҷо бояд як нукта таъкид гардад, ки наҳзатиҳо дар баробари садҳо ҳазор нафар, аз ҷумла, зану фарзанд ва дигар пайвандону наздикони хешро ба бадбахтӣ мувоҷеҳ сохтанд ва Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз онҳост. Ӯ он замон ба саҳнаи даҳшатноку пасипардагии ҳаёти хоси доираҳои динӣ-ифротӣ кашида шуд.

Муҳаммадиқболи Садриддин ҳануз наврас буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ гардид. Ин нафар донишу огоҳии чандоне надошта, аз улуми муосир пурра бебаҳра буд. Зеро падараш фарди мутаасибу ҷоҳил ва ба илму дониши дунявию воқеӣ мухолифи сарсахт буд. Ба донишомӯзии фарзандон аҳамияти чандоне намедод, балки онро ҳатто як беҳудакорӣ меҳисобид. Падараш, ки яке аз саркардагони ташкилоти террористии наҳзатӣ буд, пас аз ба хоку хун оғӯшта намудани кишвар дар соли 1992 бо ба зану фарзандонаш ба Афғонистон фирор кард. Ин воқеа ба сарнавишти  баъдии Муҳаммадиқболи Садриддин таъсири амиқи хешро гузоштааст.

Маҳз замони сукунат дар Афғонистон ҳаводисе рух дод, ки зиндагонии баъдии М. Садриддинро муайян кард. Яке аз қумандонҳои саҳроӣ бо номи Ғулом, ки ҳамҷинсгаро ва аз доираи шиносҳои падараш буд, М. Садриддинро меписандад, бо худ ба хилватгоҳаш мебарад ва мунтазам мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор медиҳад. Шоҳидани айнӣ нақл мекунанд, ки як идда аз нафароне, ки низ дар он ҷо гуреза буданд, моҳҳо кушиш ба харҷ доданд, то ӯро аз дасти  қумандон Ғулом озод намоянд.

Ҳарчанд, бо гузашти вақт ӯро озод намуданд, вале дигар дер шуда буд. Лутигарӣ тадриҷан дар ӯ ба хислату одат табдил ёфта буд. Гирифтор шудан ба ин бешарафӣ ва мавқеи оҷизона самти ҳаёти минбаъдаи Муҳаммадиқболро ба куллӣ тағйир дод. Ӯ дигар бемор шуда буд. Гирифтори дарде, ки муолиҷа намешавад. Муносибати ӯ бо падараш, ки дар ин бадбахтӣ худ гунаҳкораш медонист, якбора сард гашта, мунтазам аз макони зисташон дар Ҳирот мегурехту барои таскин бахшидани дардаш ҳамнишину ҳамбистар меҷуст.

 Албатта, баъди аз сар гузаронидани чунин ҳодисаҳои мудҳиш дар мисоли рӯзҳои ба сари Муҳаммадиқбол омада, инсон шахсияти худро бебозгашт аз даст медиҳад. Нангу номус, шараф, мардӣ барояш бегона мегарданд. Шарм аз ниҳодаш гум мешавад, берӯ мегардад. Дар кӯчаву бозор, макону хонаҳои махсусро меҷӯяд то одати дар вуҷудаш якумра маскангирифтаро барои муддате тасалло бахшад. Ӯ муътодеро мемонад, ки барои аз байн бурдани дарду печиши устухонҳояш ҷиҳати дарёфти маводи мухаддир ба ҳар амале қодир аст.

Тавре шоҳидон нақл карданд, баъди ин ҳодисаҳои пур аз нангу нафрат ва шармандагӣ дар миёни омма, мулло Қаландар бо аҳли оилааш ба Ҳирот кӯч баста буд. Яъне хост аз назари ҷомеа ва мардум худу писари номусбохтаашро пинҳон кунад. Вале куҷо метавон аз худ гурехт?

Ҳар дафъаи Муҳаммадиқболро дидан, оташи шарму хиҷолат саропои вуҷудашро месӯхт, хокистар мекард. Ба замми ин, шабу рӯз аз хона ғайб заданҳои Муҳаммадиқбол аҳволи ӯро харобтар месохт, зеро яқин медонист, ки писараш боз пайи ҷустани малҳами дарди бедавояш рафтааст.

Маҳз хислат бадбинӣ ва ниқорталабии Муҳаммадиқболи Садриддин аз ҳамин ҳаводис маншаъ мегирад. Яқинан ҳамин ҳаводис боис гардидааст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ на бо падараш ва на бо ҷомеа созгорие надошту надорад.

Аз як тараф фишори падару пайвандон аз тарафи дигар фишори иҷтимоӣ ва аз тарафи сеюм одати нави ба ӯ малакашуда чунин вазъеро ба вуҷуд меовард, ки доим аз лиҳози равонӣ бемор буда, ба як нафари бадбин табдил ёбад ки ба ҳеҷ кас ва ба ҳеҷ чиз содиқ буда, бо ӯ то ба охир муносибат карда наметавонист. Ин хислат ба таври ҳамешагӣ дар раванди кору фаъолият ва муносибати ӯ ба атрофиёну иҷтимоъ таъсиргузор аст. Пас аз Афғонистонро тарк карда, ба Покистон рафтанаш низ ҳамин гуна амалҳои номатлуб ва одатҳои бадашро идома додааст.

Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки М. Садриддин дар Покистон ба нафаре бо номи Падшаҳ Хан, ки ба тиҷорати асал машғул буд, иртибот пайдо мекунад. Бо ин одам ӯ ҳар шаб муносибатҳои маҳрамонаашро дар анбори нигоҳдории асал анҷом медодааст. Воқеан бидуни анҷоми он одати шумаш наметавонист ба сар барад ва тамоми бадбиниву ҳолати аффекти рӯҳониаш бар он марбут аст. Яъне ин ҳама бадгӯиву бадбинӣ ва таҳқиру ҳақорат аз ҳолат ва рӯҳияи як инсони носолим бармеоянд, ки аз як тараф мехоҳад хешро ба арзишҳои диниву исломӣ ҷилвагар намояд, вале одатҳои ҳамешагиаш, ки аз як таҷовузи ногаҳонӣ сар задаанд, ӯро намегузоранд ором бошад. Байни хоҳишҳо ва арзишҳо ҳамеша сарсону саргирон мондааст. Ӯ як бемори равониест, ки дар пайи дармон мегардад.

Набояд касе аз шаҳрвандони кишвар ба тавтеапардозиҳои ин қаллоб дода шавад, зеро ӯ қаллобест, ки барояш танҳо манфиат муҳим асту халос. Аз тарафи дигар чун дар наврасӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта шараф ва номуси хешро аз даст додааст, дигар ниқорталабест, ки ҳеҷ гоҳ наметавонад ба мардуму ҳодисот ба назари мусбат нигоҳ кунад. Шояд имрӯз низ дар Аврупо бо ҳамон одати худ машғул аст, ки дер ё зуд ошкор хоҳанд шуд.

Мусаллам аст, ки вақте як инсон шарафу номусро аз даст медиҳад, дигар барои ӯ ҳеҷ арзише вуҷуд надорад. Ӯ ба қабеҳтарин амалҳо даст мезанад. Ҳамин аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин як қаллоби гузаро низ мебошад. Дар давоми зиндагонии хеш даҳҳо нафарро фиреб додаву пулҳояшонро аз худ намудааст.

Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол қабл бо шикояти иддае аз шаҳрвандони кишвар: Кабутов Неъматулло Бадридинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носеҳиддин Шарифович нисбат ба кирдори қаллобии  Садриддинов Муҳаммадиқбол Қаландарович (Муҳаммадиқболи Садриддин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Яъне Мулломуҳаммадиқболи Садриддин, ки хешро донишманду насиҳатгар меҳисобад ва ба мардум гӯё роҳи ҳақро нишон медиҳад, моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи АМА аз фазилатфурӯшиҳои наҳзатии хеш истифода карда, бо овардани ривояту ҳадис ба боварии шаҳрвандони мазкур даромада, бо ваъдаи дуруғ,ки гӯё ба онҳо 10 -12 %  фоида хоҳад дод, маблағҳояшонро тасарруф намудааст. Аз ҷумла, аз Кабутов Н.Б. 130 ҳазор доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 ҳазор доллари ИМА ва аз Қаюмов М.Ч. 180 ҳазор доллари ИМА (ҳамагӣ 430 ҳазор доллари ИМА)-ро гирифтааст. Барои ба даст овардани боварӣ Муҳаммадиқболи “поку муназзаҳ” ду моҳи аввал аз маблағи додаашон маблағи пулиро ҳамчун даромади ба даст омада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабар дода, аз Дубай ба Бишкек ва аз Бишкек ба Аврупо фирор мекунад. Ҳамин тариқ, Муҳаммадиқболи Садриддин бо содир кардани қаллобӣ 430 ҳазор доллари ИМА –ро аз худ карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калон расондааст. Бо назардошти дар кирдорҳои Садриддинов Муҳаммадиқбол Қаландарович ҷой доштани таркиби ҷиноятӣ, тибқи моддаи 247, қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар кофтукови расмӣ эълон карда шудааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин як нафари қаллоб, ҳарис ва пулпарастест, ки бо ҳар роҳ мехоҳад фоида ба даст биёварад. Он чи, ки аз дину оин мегуяд ва ба истилоҳ мардумонро насиҳат мекунад, ҳама дурӯғанд. Ҳама дукони фиреби додани мардуманд. Танҳо аз ин роҳ сарпарастон ба ӯ сармояе ироа мекунанд ва содабоварону ноогоҳон ба суратҳисобаш пул ирсол менамоянд. Ҳарисиву зихнагии ин нафар то ҳаддест, ки замони даргузашти падараш дар соли 2019 дар Полша, ӯ низ дар Аврупо қарор дошт. Вале арзиши чанд евроро аз ҷанозаи падараш боло дониста, дар он ширкат наварзид. Чун дар вуҷудаш ними заррае аз асолати инсонӣ ва меҳр бар падар боқӣ намонда буд, дар ҷаноза иштирок накард. Ҳол он ки бо харҷи камтарин метавонист худро то макони дафни падараш расонад.

Ин аст чеҳраи аслии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки пас аз фиребгарию қаллобӣ дар чеҳраи дигар дар  фазои иҷтимоӣ амал мекунад. Дар чеҳраи расонавӣ чунон вонамуд месозад, ки ӯ фаришта ё «валии барҳақ» бошад, вале воқеъият ин аст, ки ӯ як ҷинояткори қаллоби гузарои номусбохтаест, ки тамоми умр бо роҳи фиребгариву чапповулӣ даст ба киссаи дигарон андохта, соҳиби пулу мол гардидааст.

Тавре мебинем, Муҳаммадиқболи Садриддин на онест, ки худро дар шабакаҳои интернетӣ аз Аврупо ҷилва медиҳад. Тафовуташ байни чеҳраи расонаӣ, ки худро донишманду адолатпеша вонамуд мекунад ва зиндагии воқеияш, ки дар он ба қаллобиву  мардумфиребӣ ва бо роҳи осон ва бе дарди миён ба даст овардани сармоя аст, фарқ аз замин то осмон мебошад. Пайдост, ки чеҳраи расонавиаш низ як ниқобе беш нест ва онро низ танҳо ба хотири бароварда кардани ҳадафу дастурҳои хоҷагонаш, ки аз онҳо пули бедарди миёну ройгонро дастрас мекунад, ба роҳ мондааст. 

Воқеан аҷиб аст, ки нафарони каҷрафтори мисли М. Садриддин, ки дониши саҳеҳе надоранд, бо гардиши замон худро донишманду носеҳи мардум вонамуд месозанд. Аммо, дар асл, худ ба донишу одамгарӣ ва насиҳат шунидан эҳтиёҷ доранд.

Аҷибаст, ки номусбохтае, қаллобе, ҳама арзишҳои инсониро аз даст додае нашармида аз номи Худову Расул мегӯяд ва ҳадису далел меоварад, аз адолату сиёсат ҳарф мезанад ва мардумро мефиребад. Ним миллион доллари ҳамеҳанони хешро бо роҳи қаллобӣ медуздад, аз худ мекунад ва мегурезад. Дар ҷои дигар бо чеҳраи дигар зуҳур мекунаду боз мардумонро насиҳат мекунад. Гумон мекунад дуздиву қаллобиҳояш пӯшида хоҳад монд ва ҳамеша бо роҳи мағзшӯӣ ва фазилатфурӯшӣ боз дар зеҳни мардум мақом пайдо карданӣ мешавад. Боз дигаронро фиреб дода, зиндагии хешро идома медиҳад.

Вале Муҳаммадиқболи Садриддин бо вуҷуди ҳама макру ҳиллааш хато мекунад. Мардум имрӯзи чеҳраи аслии ин номусбохтаи қаллоби гузароро шинохтааст. Одамон хуб медонанд, ки ҳарфҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекардааш танҳо барои хешро бо чеҳраи як донишманд ва осебшиноси иҷтимоӣ муаррифӣ кардан асту халос.

Пас, набояд шаҳрвандони кишвар ба тавтеапардозиҳои ин қаллоб дода шаванд. Зеро ӯ ҷинояткореи номусбохтаест, ки барояш танҳо манфиат муҳим асту халос. Аз тарафи дигар, чун дар наврасӣ мавриди таҷовузи дарозмуддати ҷинсӣ қарор гирифта, шараф ва номуси хешро аз даст додааст, дигар ниқорталабе гардидааст, ки ҳеҷ гоҳ наметавонад ба мардуму ҳодисот ба назари мусбат нигоҳ кунад.

 

Эҳсони Илҳом, муҳаққиқ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top