САДА – ҶАШНЕ АЗ НИЁГОНИ КУҲАН

Бинанда: 31 | Санаи нашр: 31 Январ 2026

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

         Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз азал миллати тамаддунофар дар миёни оламиён пазируфта шуда, новобаста аз монеаҳои зиёд расму ойин, анъана ва мероси фарҳангии хешро нигоҳ доштанд. Маҳз кӯшишу заҳматҳои аҷдодони миллати тоҷик буд, ки наслҳои имрӯза дорои як фарҳанги пурғановат ва осори ғанӣ мебошанд. Яке аз арзишҳое, ки дар масири таърих ҷойгоҳи махсус дошта, аз даврони қадим то ба имрӯз омада расидааст, ҷашни Сада мебошад, ки ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад

         Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “...таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад”.

         Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, рӯзи 10-уми Баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январи солшумории милодӣ рост меояд, таҷлил мегардид. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон расонандаи муждаи баҳор буд. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) – ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ, сардӣ ба гармӣ, муҳаббат ба нафратро ифода намуда, бо тантанаи омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

         Сада ном гирифтани ин ҷашн беҳуда нест, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони баруманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт. Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳилумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист.

         Сада ба мисли Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҷашни миллӣ буда, анъана ва ойину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо мустақилияташонро ҳифз намудаанд. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот доштааст. Аз ин лиҳоз, аксари ҷашнҳои ориёӣ аз кашфиётеанд, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеи башарӣ будааст. Аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, риёзӣ ва ғайра. Барои мисол, Каюмарс тибқи ривоёти «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ аввалин касе буд, ки тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода, низоми ҳукуматдориро бунёд гузоштааст. Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию саноат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад.

         Ҷашнҳои миллӣ баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии гузаштагон буда, дар тӯли мавҷудияташон арзишҳои миллию фарҳангии моро дар таркиби худ ҳифз намудаанд. Омӯзиши таърихи ҷашнҳои миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки мо аз афкору аъмол, орзуву ормон, ҷаҳонбиниву худшиносии аҷдоди гузаштаи дури худ огоҳӣ пайдо намоем.

         Тибқи маълумоти ҳаким Умари Хайём (дар “Наврӯзнома”) ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридун бар Беварасп (Заҳҳок) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: “Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифт ва мулк бар вай (яъне, Фаридун) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва мардум писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек, он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некҳад дар Эрону Турон ба ҷой меоранд.

         Миллати бузургу куҳанбунёди тоҷик, ки дар тӯли таърих бисёр офаридаҳои худ, аз ҷумла арзишҳову муқаддасоти миллӣ, ҷашнҳои аҷдодии хешро аз даст дода, аз ҷабри таърих ибрат гирифта буд, дигаргуниҳои куллии иҷтимоиву сиёсии охири қарни ХХ-ро гарм истиқбол намуд.

         Боиси ифтихор аст, ки дар қонуну санадҳои расмии давлатӣ, дар маърӯзаву суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллии ниёгонамон сидқан пуштибонӣ ва ташвиқу тарғиб гардида истодааст.

         Маҳз аз файзу баракати истиқлолият дар адабиёти навини тоҷик, аз ҷумла осори манзум ҷашнҳои миллӣ тасвиру тавсиф ва арҷгузорӣ карда мешаванд, ки ин муҳимтарин дастовард дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб мешавад.

         Сабрина Ясакиева, муаллими калони кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top