ВАТАНДӮСТӢ АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 13 Феврал 2026

“Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Оид ба баъзе суханбозон, ки бо ҳилаву найранг ва фитнаву забонбозиҳои шайтонӣ мехоҳанд ҷомеаро фиреб додаву мақсадҳои ғайриинсонии худро амалӣ гардонанд, мехостам андешаҳоямро баён намоям.

Мутаассифона, ин гуна ашхос дар ҷомеаи имрӯза низ ба назар мерасанду мушоҳида мешаванд. Ин мушоҳидаҳо боиси ҳайрониву тааҷҷуби олимону сиёсатмадорон ва мардуми бомаърифати Тоҷикистони азизамон мегарданд.

Чуноне ки дидему шунидем, яке аз чунин ашхоси бемаърифату бадахлоқ Муҳаммадиқболи Садриддини иғвоангез мебошад, ки мехоҳад бо суханони бардурӯғу ғаразнок ва андешаҳои пучу беасосаш оромию осоиштагии мардумро халалдор созад. Ҳол он ки худи ӯ барои ин сарзамин, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷуз туҳмату буҳтон кори неке анҷом надодааст. Тавре устод Абулқосим Лоҳутӣ фармудаанд:

Ҳар рӯз зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

Ки имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

Муҳаммадиқболи Садриддин ва ӯ барин хоинону ватанфурӯшон, ки такя ба хоҷагони хориҷии хеш доранд, бо фитнагариҳои душманонаашон мехоҳанд, ки мардумро гумроҳ карда, ба доми худ кашанд. Вале намедонанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти сулҳдӯсту сулҳовар эътироф ва шинохта шудаанд, ҳамеша тарафдори сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстию бародарианд.

                              Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Сад афсӯс, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба мазмуни баланди ин гуфтаҳои шоири ширинкалом, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода сарфаҳм нарафт. Шояд сарфаҳм рафта бошад, вале дидаю дониста ба миллати сарбаланди тоҷик сангпартоии суханӣ мекунад.

 

Нақшаҳои баде, ки Муҳаммадиқболи Садриддин кашида буд, барбод рафтанд ва оқибат худи ӯ шармандаю шармсор берун аз кишвар фирор кард. Имрӯз ҳам Муҳаммадиқбол аз иғвою дасисаҳои худ нисбати халқи тоҷик ва ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол даст накашидааст ва дар Аврупо хизмати хоҷагони хориҷии худро ба ҷо оварда истодааст.

Имрӯз ӯ дур аз Ватан дар ба дар аст. Чунин аст сазои касоне, ки ношукрӣ карда, Ватану миллати худро мефурӯшанд.

         Ҳайратовар он аст, ки пешравию шукуфоии Тоҷикистон боиси ғамгинии ин хоини миллат гаштааст. Аз ин ҷост, ки ӯ бо паҳн кардани матолиби беасос ва бардурӯғу бофта машғул гардида, давлату Ҳукумати кишварро бадном карданӣ мешавад. Маълум аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин инкишофи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигарро, ки ба рушди иқтисодии мамлакат мусоидат хоҳанд кард, намехоҳад. Чунки ӯ ҳам мисли наҳзатиҳои дигар бадхоҳ ва душмани миллат аст ва ҳаргиз инкишоф ва пешрафти ин миллату Ватанро дида наметавонад.

Бидон, эй Муҳаммадиқболи Садриддин, воҷиб аст асли худро шинохтан ва ҳурмат доштан. Шоирону нависандагони мо ҳамеша ба фарзандони худ насиҳат карда, роҳи дурусти зиндагӣ ва ватандӯстиро талқин кардаанд. Унсурулмаолии Кайковус, ки бо номи "Қобуснома” асари панду насиҳатӣ дорад аз ҷумлаи онҳост. Насиҳатҳое, ки ӯ ба писараш Гелоншоҳ кардааст, пеш аз ҳама, ба ту Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам тааллуқ дорад.

Дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои бардурӯғро паҳн менамоянд, мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла мо ҷавононро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама донем. Зеро, ки хиёнаткорон ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд.

Вазифаи мо омӯзгорон аз он иборат аст, ки ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем ва аз ин гуна шахсиятхои пасту ватанфӯруш дурӣ ҷуста, ба ҳар гуна суханҳои дурӯғу бофтаи онҳо бовар накарда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани кишвари азизамон кӯшиш намоем.

Аз рӯзе, ки Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари Тоҷикистон интихоб гардиданд, эътимод ва бовариамон ба ободии имрӯзу ояндаи ватани азизамон боз ҳам бештар гардид. Дар пайравӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳову муҳаббати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватани азизамон, мо омӯзгорон тамоми қувва ва донишу маҳорати касбиамонро баҳри ободию шукуфоии ватани маҳбубамон равона месозем. Чунки тавре гуфтаанд дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифзи марзу буми он аз душманони дохиливу берунӣ қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талош ва ташаббусҳои сатҳи минтақавию байналмилиашон ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагӣ ва рушду нумуи Ватани азизамон ҳамчун Пешвои миллат, халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башар ҳамчун Пешвои асри ХХI эътироф ва пазируфта шудаанд, ки мо аз ин ифтихор мекунем.

 

Саҳбон Амонов, омӯзгори ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top