Дар асри технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҷанги иттилоотӣ яке аз силоҳҳои хатарноктарин бар зидди суботи давлатҳо гардидааст. Яке аз афроде, ки дар ин майдони зиддимиллӣ фаъолият мекунад, Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ӯ бо истифода аз минбарҳои сохтаи худ, кӯшиш дорад, ки арзишҳои миллиро коста ва ҷавонони ватандӯстро гумроҳ созад.
Дар шароите ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳо ба комёбиҳои беназир ноил гардида истодааст, қувваҳои бадхоҳ ва хоинони миллат, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин фаъолияти тахрибкоронаи худро дар фазои маҷозӣ пурзӯр кардаанд. Ҳадафи асосии онҳо на беҳбудии ҷомеа, балки заҳролуд кардани зеҳни ҷавонони ватандӯст ва халалдор сохтани сулҳу суботи кишвар аст.
Муҳаммадиқбол ва ҳамсафони ӯ бо истифода аз шеваҳои маккоронаи гумроҳсозӣ ва технологияҳои психологӣ кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба доми худ кашанд:
• Истифодаи эҳсосоти динӣ: Ин қабил ашхос кӯшиш мекунанд, ки дини мубини Исломро тафсирҳои нодуруст дода, ба ин васила мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ гардонанд. яъне ҷомеа, бахусус, ҷавононро дар муқобили арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ қарор диҳанд.
• Тарғиби кинаву адоват: Барномаҳои онҳо аз туҳмату дашном ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ иборат буда, на ба бунёдкорию созандагӣ, балки ба тахрибкорӣ ва бадбинии ниҳодҳои давлатӣ нигаронида шудаанд, ки чунин амалу рафтор ба ҳеҷ як меъёри ахлоқӣ ва динӣ мувофиқат намекунад.
• Таҳрифи воқеият: Дастовардҳои давлату миллатро нодида гирифта, бо ранги сиёҳ ҷилва медиҳанд, то ин ки дар дили ҷавонон яъсу ноумедӣ ва бадбиниро нисбат ба Ватани азизамон бедор кунанд.
• Дурӯғ ва иғво: Паҳн кардани маълумоти бардурӯғу беасос ва таҳрифи воқеият бо мақсади эҷоди нобоварӣ дар байни мардум ва ҳукумат.
Чаро ҷавонони ватандӯст ҳадафи онҳоянд? Чунки ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон неруи асосии созандаи кишваранд. Маҳз ҳамин худогоҳӣ ва ватандӯстии ҷавонон садди роҳи нақшаҳои хоинони ватан мегардад. Бинобар ин, гурӯҳҳои иғвоангези террористию экстремистӣ кӯшиш менамоянд ки:
• Ваҳдати миллиро коста гардонанд, зеро медонанд, ки миллати воҳид шикастнопазир аст.
• Иродаи ҷавононро заиф созанд, яъне бо паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ (фейк) мехоҳанд боварии ҷавононро ба ояндаи дурахшон коҳиш диҳанд.
• Хизмат ба хоҷагони хориҷӣ, яъне амалҳои ин гуна афрод танҳо ба нафъи доираҳои махсуси хориҷист, ки хоҳони пешрафти Тоҷикистон нестанд.
Ватандӯстии ҳақиқӣ ин ҳифзи сулҳу субот ва оромии Ватан, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ ба муқобили фитнаҳои бегонагон ва хоинони миллат аст.
Хулоса, ҳушёрию зиракии сиёсӣ сипари ҷомеа мебошад. Ҷавонони худогоҳи мо хуб медонанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ танҳо лӯхтакҳои дасти дигаронанд. Мусаллам аст, ки хиёнат ба Ватан ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон бахшида намешавад, зеро таърих ҳамеша рӯйи сиёҳи хоинонро ошкор хоҳад кард.
Ҳифзи Ватан ва марзу буми он дар сарҳади кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Аз ин рӯ, мо ҳамагон бо илму дониш ва садоқати бепоён ба Ватани азизамон ба ҳар гуна амалҳои хоинонаи ватанфурӯшон ҷавоби сазовор медиҳем.
Абдуалим Ҳомидов, номзади илмҳои иқтисодӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 