АРТИШИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ҚУДРАТ, ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 41 | Санаи нашр: 20 Феврал 2026

            Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдории муосир буда, дар таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии ҳар як кишвар нақши калидӣ мебозад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфта, имрӯз ба нерӯи боэътимоди ҳифзи давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст.

            Ҳамасола 23-юми феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Артиши миллӣ бо ифтихор ва эҳтироми хоса таҷлил мегардад. Артиши миллӣ рамзи қудрат, истиқлолият ва суботи давлат буда, ба неруе табдил ёфтааст, ки амнияту оромии ҷомеаро таъмин менамояд.

            Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайвастаи Роҳбарияти олии давлат 23-юми феврали соли 1993 дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ таъсис ёфт. Ин давра барои давлатсозии миллӣ марҳилаи ҳассос ба шумор мерафт. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, Артиши миллӣ тадриҷан ташаккул ёфта, ҳамчун ниҳоди муназзам ва касбӣ рушд кард. Таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мудофиа заминаи устувори рушди Қувваҳои Мусаллаҳро фароҳам овард. Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муназзам, касбӣ ва пуриқтидор шинохта мешавад.

            Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ ва сулҳу оромии шаҳрвандонро ба уҳда доранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо вазифаи конститутсионӣ, балки мактаби ҷасорат, мардонагӣ, ватандӯстӣ ва интизоми баланд аст.

Дар қатори дигар вазифаҳои конститутсионӣ ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлат ҳамчун вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандон таъкид гардидааст. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд мебошад.

Дар ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёди демократӣ ягон соҳаи ҳаёти ҷамъиятие ҷой надорад, ки танзими қонунӣ надошта бошад. Масъалаи ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ низ тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба танзим дароварда мешавад.

Воқеан ҳам, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард.

Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

            Бо дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз заминаи моддию техникии Артиши миллӣ мустаҳкам гардида, шароити хизмат ва омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ сол то сол беҳтар мешавад. Ба тарбияи кадрҳои баландихтисос, ворид намудани техникаи муосир ва баланд бардоштани руҳияи ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

            Ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа бояд ифтихор дошта бошанд, ки хизмати ҳарбиро мактаби зиндагӣ ва рамзи садоқат ба Ватан медонанд. Артиши миллӣ бо ҷавонони шуҷоъ, соҳибмаърифат ва масъулиятшинос неруманд мегардад.

            Рӯзи Артиши миллӣ на танҳо иди хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҷашни умумимиллӣ буда, он моро ба ваҳдат, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ даъват мекунад.

            Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва миллат хизмат мекунад. Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ на танҳо эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ, балки ифодаи қадршиносӣ ба неруест, ки сулҳу оромӣ ва истиқлолияти кишварро ҳифз намуда, рамзи қудрат, ваҳдат ва пойдории давлатдории миллӣ мебошад.

 

            Атақулова Дилафрӯз Исмоиловна, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top