МОДАР – САРОҒОЗИ ҲАСТИИ БАШАР

Бинанда: 33 | Санаи нашр: 04 Март 2026

         Таҷлили Рӯзи Модар дар оғози фасли зебои сол, баҳори некпай ҳамчун рамзи сарсабзӣ, садоқату муҳаббат ба зиндагӣ, ободиву осудагӣ ва равшангари ҳаёти осоишта буда, аз бузургии сиришти занону модарон башорат медиҳад. Аслан дунёи Зан–модар баҳористони гулафшони зиндагист. Модар меҳвари хонадон ва оромиши ҷисму ҷон мебошад.

         Зан-модар ибтидои ҳастии башарият, сарчашмаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.

         Зан-модар фариштаи зебоӣ, манбаи меҳру сафо, раҳму шафқат ва равшангари зиндагӣ буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва малоҳати худ руҳи тоза мебахшад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, онҳоро ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ситоиш кардаанд. Меҳру муҳаббати зан-модар зиндагиро ба низом оварда, фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад.

         Қобили тазаккур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Имрӯз бонувони саодатманди тоҷик дар тамоми соҳаҳо сарбаландона кору пайкор доранд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар баробари ин, модарони тоҷик бо эҳсоси баланди худшиносии миллӣ, фарзандони худро дар руҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тарбия намуда, дар ниҳоди онҳо оини ободкориву меҳанпарастиро бедор месозанд.

         Ҳамагон медонем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон ибтидо мегирад. Зимнан, оилаи солиму соҳибмаърифат ба дунёи маънавӣ ва завқи зебопарастии занону модарон вобаста аст, ки ин рисолати созандаро онҳо бо эҳсоси баланди таҳкими оиладорӣ иҷро менамоянд.

         Дар Паёми навбатии худ низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону бонувон таъкид намуданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.

         Бояд ошкоро гуфт, ки дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат зиёд бошад дар чунин муҳит фарзандони босавод тарбия карда шуда, рушди босуръати он таъмин мегардад.

         Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихор аст.

         Хушбахтона, модарони мо бо эҳсоси баланд дарк менамоянд, ки рисолати онҳо ин пеш аз ҳама тарбияи фарзандони  босаводу донишманд аст, ки анҷоми ин рисолати олӣ на танҳо оиларо устувор нигоҳ медорад, балки дар таъмини суботи ҷомеа нақши муҳим мебозад.

         Дар ҳақиқат мо хуб медонем, ки модар бо дилу ниятҳои поки худ фарзанди азизашро ба камол расонида, дар роҳи ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ ва халқу Ватан ҳамеша омода буданро талқину ташвиқ менамояд.

         Аз ин лиҳоз, ҳеҷ омӯзгор беҳтару хубтар аз модар ба шахс дарси одамияту худшиносӣ, ватандӯстию меҳнатдӯстиро омӯзонида наметавонад. Бе ягон муболиға, ҳатто як насиҳати зиндагиомӯзи модар ба фарзанд баробар ба қурбу манзалати як шоҳасар аст.

         Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуктаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст.

         Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ занону модарон ва ҷавондухтарони кишварамонро «Нигини пурҷилои тоҷи миллат» ном бурдаанд.

         Нақши модар дар баробари тарбия, дар омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ахлоқи ҳамидаи фарзанд, барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан, модарон фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ ба воя расонида, таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта ва ояндаи башарро эҷод мекунанд.

         Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки агар шахс заминаи боэътимоди тарбияро дар оилаи худ гирифта бошад, ҳеҷ як андешаи ботил наметавонад ба тасмими ӯ дар интихоби роҳи дуруст таъсир расонад.

         Бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар шахс, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ, дар оила аз поктинатию соҳибмаърифатии модар оғоз меёбад. Чунки модар тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои фарзандон равона карда, дар тарбияи онҳо масъулияти ҳалкунанда дорад.

         Қайд  кардан зарур аст, ки яке аз омилҳои рӯзгори бонизом ва некуаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷаи оила мебошад, ки дар он нақши занон барҷаста аст. Аз ин рӯ, бояд занону модарон бо дарназардошти ин рисолати бузурги худ дар амалишавии қонунҳои миллӣ, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳадафи аслии он беҳбудии зиндагии мардум ва рушди устувори амнияти кишвар аст, саҳми бештар дошта бошанд.

         Оила дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рукни муқаддас эътироф гардида, заҳматҳои беназири зан-модар маҳз дар ташкил ва пойдории оила, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ба хотири устувории давлат эҳсос мешавад.

         Занону модарони мо бо муҳаббати беназири худ риштаҳои нозуки пойдории оилаҳоро қавӣ гардонида, ҷавондухтаронро ба ҳаёти мустақилона омода намуда, ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳамеша онҳоро роҳнамоӣ мекунанд.

         Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархурди тамаддунҳо, ки бештар барои нест кардани фарҳанги миллӣ таъсири калон мерасонад, моро лозим аст, ки ба фарҳанг, забон, урфу одат, либос ва рафтору гуфтори фарзандон аҳамияти лозима дода, арзишҳои миллиро пос дорем. Либоси миллӣ ёде аз гузаштагону нишонаҳои фарқкунандаи фарҳанги бузургамон аст.

         Он ҳамеша аз ифату озодагии занони мо бозгӯӣ намуда, дар домони худ нобиғаҳоеро ба камол расонидаанд, ки дурдонаҳои пурҷилои махзани тамаддуни ҷаҳонӣ ҳастанд.

         Аз либоси миллӣ мо бояд ифтихор дошта бошем, зеро либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ аз занон ва бонувон масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.

         Мо ҳама бояд эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, оила ва манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму руҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст.

         Саҳми занон дар ободии Ватан ва хурраму назаррабо гардидани ҳар як гӯшаву канори диёр назаррас аст.

         Як андарзи хубе Пешвои маҳбуби миллат доранд, ки “Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад” ва месазад, ки мо ҳикматҳои Пешвои миллатамонро сарманшаи кору пайкори худ қарор диҳем.

         Идатон муборак модарону бонувони азиз!

 

Фирӯза Шарифӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top