«Модар чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нахустин мураббии фарзанд мебошад. Маҳз модар аст, ки бо меҳру муҳаббати бепоён фарзандро ба роҳи некуӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ ҳидоят мекунад».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар низоми арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик мақоми модар ҳамеша ҷойгоҳи махсус ва муқаддасро ишғол менамояд. Модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, поягузори тарбия ва ҳомии арзишҳои ахлоқиву инсонӣ дар ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Аз ин лиҳоз, арҷгузорӣ ба модар танҳо як анъанаи иҷтимоӣ нест, балки падидаи амиқи фарҳангӣ, ахлоқӣ ва давлатсозӣ ба ҳисоб меравад.
8-уми март дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сана расман ҳамчун Рӯзи Модар пазируфта шудааст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузорӣ ба мақоми муқаддаси модар ва нақши иҷтимоии занон муқаррар гардидааст.
Ин тағйири мафҳумӣ аз “Рӯзи занон” ба “Рӯзи Модар” танҳо як ивазкунии истилоҳ нест, балки инъикоси ҷаҳонбинии миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва сиёсатҳои давлатӣ дар заминаи таҳкими оила ва суботи иҷтимоӣ мебошад.
Рӯзи 8-уми март дар ибтидои асри XX ҳамчун натиҷаи муборизаҳои занон барои баробарҳуқуқӣ, ҳуқуқи меҳнат ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ шакл гирифт. Дар соли 1910 дар Конфронси байналмилалии занони сотсиалистӣ бо пешниҳоди Клара Цеткин идеяи таъсиси рӯзи махсус барои ҳимояи ҳуқуқҳои занон қабул шуд.
Дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ин сана ба як ҷашни расмӣ табдил ёфт ва дар қаламрави ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон густариш ёфт. Дар даврони истиқлолият мазмуни он дар Тоҷикистон хусусияти фарҳангӣ-миллӣ гирифт.
Таърих пур аз иқтибосҳоест, ки бузургон мақоми модарро ситоиш кардаанд:
• Эмомалӣ Раҳмон: «Ман нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ менамоям»;
• Оноре де Бальзак: «Дили модар чуқуртарин маконест, ки дар он ҳамеша бахшиш пайдо мешавад»;
• Виктор Гюго: «Ояндаи миллат дар дасти модар аст»;
• Маҳатма Гандӣ: «Агар мехоҳед ҷаҳонро тағйир диҳед, ба модарон таълим диҳед»;
• Лев Толстой: «Муҳаббати модар асоси тамоми муҳаббатҳост».
Ба андешаи Пешвои миллат ҷомеае, ки дар он ба зан-модар муносибати ғамхорона зоҳир карда мешавад, аз ҳар лиҳоз ба рушди чашмрасе ноил мегардад. Ба ин маънӣ дар сухане, ки ҳоло иқтибос оварда мешавад, Пешвои миллат муносибати ғамхорона ба модарро нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа мехонанд: ”Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа пеш аз ҳама ба муносибати ғамхорона ба зан-модар, зан-муррабии фарзандон ва чароғи хонадон аст”.
Шири сафеди модар, ки ғизои нахустини одамист, дар адабиёт ба унвони рамзи арҷгузорӣ ба модар тасвир гардидааст. Пешвои миллат аз ин шева оқилона истифода карда мегӯянд: ”Ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доим пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд”.
Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз фарҳанг ва дин, модар арзиши умумибашарӣ дорад.
Дар илми иқтисод мафҳуми “сармояи инсонӣ” мавқеи муҳим дорад. Ташаккули сармояи инсонӣ аз муҳити оила оғоз мешавад ва модар дар ин раванд нақши ҳалкунанда мебозад.
Тадқиқотҳои муосир нишон медиҳанд, ки сатҳи маълумотнокии модарон бо пастшавии фавти кӯдакон, беҳтаршавии нишондиҳандаҳои маориф, афзоиши даромади оилаҳо робитаи мустақим дорад. Ҳамин тариқ, эҳтиром ва дастгирии модар на танҳо амали ахлоқӣ, балки сармоягузорӣ ба ояндаи миллӣ мебошад.
Аз нуқтаи назари илми сотсиология модар танҳо шахси алоҳида нест, балки институти иҷтимоӣ мебошад. Ӯ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
• иҷтимоисозии насли нав;
• интиқоли арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ;
• ташаккули сармояи иҷтимоӣ;
• таъмини суботи равонӣ дар оила.
Модар нахустин мураббӣ, нахустин омӯзгор ва нахустин модели рафтор барои кӯдак мебошад. Дар илми равоншиносӣ исбот шудааст, ки муносибати модар ба кӯдак дар солҳои аввали ҳаёт ба ташаккули шахсият, худшиносӣ ва сатҳи эътимоди иҷтимоӣ таъсири амиқ мерасонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати глобалӣ иштироки занон дар иқтисодиёт аҳаммияти стратегӣ касб намудааст. Тибқи таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи шуғли занон боиси афзоиши ММД, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳтаршавии нишондиҳандаҳои рушди инсонӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сиёсати давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми зан дар соҳаҳои идоракунӣ, соҳибкорӣ ва илм равона гардидааст. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳибкории занон ва ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ нишон медиҳанд, ки масъала танҳо фарҳангӣ нест, балки дорои аҳамияти стратегии миллӣ мебошад.
Дар фарҳанги тоҷик модар мақоми муқаддас дорад. Осори классикони адабиёт, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосим Фирдавсӣ пур аз васфи модар, зан ва покии ахлоқӣ мебошад.
Дар фалсафа модар ҳамчун рамзи меҳрубонӣ, адолат, эҷоду офариниш ва пояи давлатдорӣ тафсир мешавад. Бе оилаи солим ҷомеаи устувор вуҷуд дошта наметавонад ва бе модари босавод, маърифатнок ва фаъол насли солим ташаккул намеёбад.
Таҷлили расмии Рӯзи Модар на танҳо як анъанаи идона, балки механизми нарми сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Он эҳсоси қадршиносиро тақвият медиҳад, арзишҳои оилавиро таҳким мебахшад ва эҳтиром ба занро ҳамчун меъёри ахлоқии ҷомеа мустаҳкам мекунад.
8-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як санаи тақвимӣ нест. Он ифодаи сиёсати давлатӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ мебошад, ки модарро ҳамчун пояи ҷомеа эътироф мекунад.
Модар – мактаби аввалини инсон, манбаи ахлоқ, пояи давлат ва сарчашмаи муҳаббат аст.
Эҳтиром ба модар – эҳтиром ба миллат, давлат ва оянда мебошад.
Сафаров Усмон Шаҳобиддинович, сармутахассиси раёсати таълим
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 