НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД, ТО БОД ЧУНИН БОДО!

Бинанда: 54 | Санаи нашр: 18 Март 2026

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод,

Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод.

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,

Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод.

Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,

Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод.

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?

Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод.

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод,

Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод.

 

            Ҷашни Наврӯз таърихи хеле бою ғанӣ дошта, ҷашнгирии он аз давраҳои қадим ба мардуми форсу тоҷик мерос мондааст. Ҷашни Наврӯзро мардум ҳамчун соли нав пешвоз мегиранд. Ҷашнгирии Наврӯз ба баробаршавии шабу рӯз рост меояд. Нисбати таърихи қадим доштани ҷашни Наврӯз ривоятҳо басо зиёданд, ки ин ривоятҳо аз қадимӣ будани Наврӯз дарак медиҳанд. Масалан, дар замони ҳахоманишиён Наврӯзро рӯзи басо некӯ қадр мекарданд. Дар замони ашкониён ва сосониён бошад ҷашни Наврӯз рушду нумӯъ ёфт. Шоҳон дар ин давр мардуми одиро пазироӣ намуда, аз кору пайкор ва арзу доди онҳо бохабар мешуданд, ба табақаҳои нодор дасти ёрӣ дароз мекарданд. Мардуми эронзамин дар замонҳое, ки зери фармонбардорӣ қарор доштанд, расму русуми наврӯзиро фаромӯш накарданд ва ин ойини аз ниёгон боқимондаро ба ояндагон мерос гузоштанд.

 

            Бо бунёд гардидани давлати бузурги Сомониён онҳо оинҳои кӯҳанро зинда намуда, фарҳанги арзишманди ниёгонро дар саросари кишвар ривоҷу равнақ доданд. Маҳз ин давра давраи рушду нумӯи тамаддуни мардумӣ ба ҳисоб мерафт. Дар бораи ҷашни Наврӯз олимону шоҳону бузургон суханҳои арзишманде баён намудаанд. То қабул гардидани истилоҳи соли шамсии Сосонӣ, соли нав, яъне Наврӯз 14 - 16-уми моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Ин тақвими шамсии сосонӣ дақиқ набуд ва он ислоҳот мехост. Як гӯруҳ олимони он давра бо сардории Хайём дар муддати панҷ сол якчанд таҳқиқотҳо ва таҷзияву таҷриба гузаронида, ниҳоят дар рӯзи даҳуми рамазони соли 471-уми ҳиҷрӣ, яъне шашуми моҳи марти соли 1079 мелодӣ тақвими дурустро ҷорӣ намуданд. Пас аз дақиқу саҳеҳ гардидани солшумории шамсии Сосонӣ аз ҷониби донишмадони ин давр соли нав, яъне Наврӯз рӯзи аввали моҳи фарвардин, ё ин ки ҳамал бо баробаршавии шабу рӯз ба мутобиқи тақвими григорианӣ 21 - 22 моҳи март ҷашн гирифтани он амалӣ гардид.

 

            Иду айёми Наврӯз дар таърих ва фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, мақоми махсус дорад. Якчанд арзишҳои фарҳангии ниёгони мо таввасути китоби машҳуру муқаддаси ориёинажодон - Авасто то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки муқобилони иди Наврӯз кам набуданд. Бахусус арабҳо дар замони худ баъди забт намудани давлати Форс барои нест кардан ё аз байн бурдани иди Наврӯз як қатор кӯшишҳо намуда бошанд ҳам, аммо мардум аз расму ойинҳои миллии худ даст накашиданд.

 

         Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам баҳри ҷашн гирифтани иди Наврӯз монеаҳоро пеш меоварданд. Ба гумони он, ки ин ид иди динию мазҳабист, онро мамнӯъ дониста, мардумро аз пешвоз гирифтани баҳору Наврӯзи оламафрӯз чанд муддате маҳрум карданд. Хушбахтона, ин ҳама кӯшишу талошҳо пеши роҳи шодию хурсандии мардумро нисбати ҷашнгирии Наврӯз гирифта натавонист.

 

         Бо ин ҳама мушкилиҳое, ки мардум дучор омад арзишҳои миллии худро гум накарданд ва баръакс онҳоро тақвият бахшиданд. Иди Наврӯз дорои расму оинҳои гуногун мебошад, ки ин расму ойинҳо маросими суннатии ин ҷашни бузург ба ҳисоб мераванд. Барои мисол, яке аз ин расму русумҳо оғози сабзонидан ва коштани ҳафт навъи ғалладона ба ҳисоб меравад. Инҳо гандум, ҷав, биринҷ, арзан, лубиё, нахӯд ва наск мебошад. Дигар маросимҳои наврӯзӣ, ки дар ибтидои ҷашни Наврӯз баргузор мегардид, ин поксозии хонаву ҷой ба ҳисоб мерафт. Агар хонаҳои мо тозаву ороста бошад, ин барои мо руҳу илҳоми тоза мебахшад.

 

         Маросими дигар ин поку тоза гардонидани либосу лавозимоти рӯзгор мебошад. Агар мо ба тозагии сару либос ва лавозимоти хона эътибори ҷиддӣ диҳем, ин ҳам ба манфиати рӯзгори мо хоҳад буд. Маросими дигар, ин шустушӯи бадан ва обпошӣ ба рӯи ҳамдигар ба ҳисоб мерафтааст, ки ин ҳам ба пок ва тозагӣ ҳидоят менамояд.

 

         Яке аз муҳимтарин маросимҳои наврӯзӣ ин омода намудани дастархони наврӯзӣ ва ё сурфаи «ҳафт син»ва «ҳафт шин» аст, ки он то оғози маросими ҷашн оро дода мешавад. Дар дастархони наврӯзӣ ҳама намудҳои хӯрокҳое, ки дар зиндагӣ мардум ба онҳо ниёз доранд, ба маъраз гузошта мешавад. Ҳамчунин дар хони наврӯзӣ шамъдон, шохаҳои анор, навдаҳои бед, равғани зайтун, меваи анҷир ва бо табъу хоҳиши худ дигар навдаҳои дарахтон гузошта мешуд. Дар сари дастархон кӯзае пур аз об ва нон мегузоштанд, то ин ки сол пур аз файзу баракат гардад.        

         Оини маъмули дигаре, ки дар фасли баҳор доир мегардид, ин оини «Гулгардонӣ» ба ҳисоб меравад Аз омадани фасли баҳор пеш аз ҳама писарҳо ба иҷрои маросими гулгардонӣ ба дигар табақаҳои аҳолӣ хабар мерасонданд. Писарҳо як - ду ҳафта пеш аз Наврӯз ба кӯҳу пуштаҳо равон гашта, гулҳои баҳориро аз қабили бойчечак, сиёҳгӯш чида ба деҳа оварда, хона ба хона гашта сурудхонон ба мардум гулҳои чидаашонро ҳадя мекарданд. Ин оинҳои миллӣ аз давраҳои қадим ба мардуми мо мерос мондааст. Моро мебояд баҳри боз ҳам ривоҷу равнақ додани оинҳои миллӣ саъю кӯшиш намоем.

 

         Имрӯзҳо бошад мо ин иди ниёгони худро дар шароите пешвоз мегирем, ки миллати кӯҳанбунёди мо соҳиби истиқлолият шудасту мо дар давлати соҳибстиқлол зиндагии орому осоишта дорем. Боиси хурсандист, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷашни Наврӯз ҳар сол дар тамоми гӯшаву канори мамлакат дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол мегардад. Аз аввали соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани наврӯзи оламафрӯз омодаги хуб гирифтаанд. Шаҳру деҳоти мамлакат ба худ қабои идона хоҳанд гирифт. Зеро ҳар хонадони тоҷикистонӣ дастархони наврӯзӣ ороста, ба табрики ҳамдигар мешитобанд.

 

         Боиси ифтихор аст, ки ба ин васила бисёр суннатҳои наврӯзӣ аз қадим ба мо меросмонда аз нав эҳё мегардад. Иди Наврӯз иди миллии мардуми мо мебошад ва имрӯз моро мебояд баҳри хуб пешвоз гирифтани ин ҷашн омодагии чашмрас дошта бошем.

 

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ин суннати неки Ҷам, бар халқи ҳама олам,

Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!

 

Қувватова Гулзира Хурсандшоҳовна, ассистенти кафедраи забонҳо

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top