Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то имрӯз ба мо расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ дар таърихи мардумони Осиёи Марказӣ мавқеи хосса дорад. Ин ҷашн бо худ рамзи эҳёи табиат, ҳамбастагии мардум ва арҷгузорӣ ба суннату фарҳанги ниёгонро меорад.
Наврӯз меросбари тамаддуни башарист ва ҳама паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва моддии инсоният дар Наврӯз дарҷ гардидаву ҳамчунин, аз бегазандии онҳо ҳушдор низ додаасту медиҳад.
Ҷашни наврӯз фарохтар аз як ҷашн аст, ки мо мепиндорем ва агар ба умқи таърихи ному табиати Наврӯз ва расму русуми он назар афканем хоҳем дид, ки ҳанӯз аз замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён Наврӯз таҷлил мегардад. Аз он замон то инҷониб Наврӯз дар миёни форсизабонон ва умуман дар миёни аҳолии Осиёи Марказӣ, Қафқозу Шарқи Наздик, соҳили Баҳри Сиёҳ ва Шарқу Ғарб сазовор ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони як зумра аз давлатҳои дигар СММ-ЮНЕСКО соли 2010 Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид намуда, санаи 21-уми мартро рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд.
Дар ҳақиқат баъди ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки “Ғояву анъанаҳои тағйирнопазири Наврӯз ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд. Боиси фараҳмандист, ки мардумони мо ҳамеша барои ҳифзу ғанӣ гардонидани анъанаҳои неки он - бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ саъю талош карда, онҳоро то ба рӯзҳои мо расонидаанд. Ин ҷашн дар тӯли асрҳои зиёд барои таҳкими ғояҳои олии башардӯстӣ, фазои эҳтироми муштарак ва созгорӣ хизмат менамояд”.
Чорабиниҳои фарҳангие, ки ҳангоми таҷлили Наврӯз баргузор мегарданд, бешак дар самти ҳамкорӣ, ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, барои таҳкими сулҳу ваҳдати мардуми минтақа ва дар маҷмуъ башарият саҳми беандоза баланд доранд.
Наврӯз, ки бар замин бувад ҳуснфизо,
Рафтанд чи асрҳову ӯрост бақо.
Хоҳӣ ту агар бақои умрат бошад,
Бар рӯи замин ба мисли Наврӯз биё.
Маҳмадулло Шарифов, Эшонқул Бойназаров, омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 