ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 19 Март 2026

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои мардумони ориёинажод буда, таърихи беш аз 6000-соларо дарбар мегирад. Тавре ки дар асарҳои таърихӣ омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифтааст подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки Наврӯз қабл аз даврони таърихи навиштаи башар ҷашн гирифта мешуд. ки зери таъсир ё қаламрави Шоҳаншоҳӣ ва ё фарҳанги форс қарор доштанд. Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ҷашни Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шуда, рӯзи “Ҳурмуз”-и моҳи “Фарвардин” ҷашн мешуд. Дар сарчашмаҳои форсӣ, Наврӯз асри 2-и милодӣ ёд мешавад, вале таҷлили он аз сулолаи Ҳахоманишҳо (тақрибан солҳои 648-330 п.а.м.) шуруъ шудааст. Дар ин рӯз амирони сарзамини Форс ба Шоҳаншоҳ туҳфаҳо меоварданд.

 Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Аз рӯйи маълумоти пажуҳишгарон мардуми эронинажод иду анъанаҳои зиёдеро ҷашн мегирифтанд, ки маъруфтарини онҳо Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Баҳманҷа будааст. Наврӯз, маънои «рӯзи нав»-ро дошта, овардаанд, ки Худованд дар ин рӯз нур, яъне Офтобро офаридааст ва афлокро ба гардиш даровардааст.

 Наврӯз бо умедҳо ва орзую ормонҳои нек ҳамроҳ буда инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагиву кор ва эҷод афзун мегардонад. Баъзе муҳаққиқон тахмин мекарданд, ки Куруши кабир соли 538 п.а.м. (ҳангоми ҳуҷум ба Бобул) Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Ӯ дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон пиёда намуда, макони онҳоро тоза кард ва гуноҳи маҳкумшудагонро бахшид, ки он аз мавҷудияти адлу адолат, ақидаҳои инсондӯстӣ ва эътирофи ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад. Яъне, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ҷашни баробаршавии шабу рӯз дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рӯи замин ба ҳисоб меравад.

 Дар даврони Ашкониён ва Сосониён Наврӯз 2 тақсим мешуд: Наврӯзи омма ва Наврӯзи хосса. Наврӯзи омма 5 рӯз – аз 1-ум то 5-уми Фарвардин давом дошт. Наврӯзи хосса рӯзи 6-уми Фарвардин (Хурдодрӯз) буд. Дар 5 рӯз табақаҳои гуногуни ҷамъият (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашрофон) ба дидори шоҳ омада, арзу дод ва инъом мегирифтанд. Рӯзи 6-ум танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Далелҳое мавҷуданд, ки даврони Сосонӣ солҳои кабиса риоят нагашта, дар ҳар 4 сол иди Наврӯз 1 рӯз аз мавқеи доимияш (оғози бурҷи Ҳамал) дертар қайд мешуд. Барои ҳамин дар ин даврон рӯзи Наврӯз собит набуд ва дар фаслҳои гуногуни сол меомад. Сарчашмаи асосӣ барои шинохти иди Наврӯз «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аст, ки мувофиқи ривояти он пайдоиши Наврӯз ба Ҷамшед - шоҳи Эрон нисбат дода мешавад, ки ҷашни пирӯзии ӯ бар девон ва рамзе аз зафармандии нур бар торикӣ аст.

 30-юми сентябри соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО Наврӯз ба феҳрасти мероси маънавии башарият, дар баробари 76 унсури маънавӣ аз тамоми ҷаҳон пешниҳодгашта, дохил карда шуд. Аз ин рӯз сар карда, 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шудааст. 23-юми феврали 2010 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро рӯзи Наврӯз эълон кард, ки имрӯз онро таърихи миллионҳо нафар сокинони сайёра ҷашн мегиранд.

 Ҳамин тариқ, Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба шумор рафта, рамзи умедҳо, фаровонӣ, ободонӣ ва хушбахтист. Миллати тоҷик бо эътиқод ба арзишҳои суннатӣ ва бо эҳтиром ба бузургдошти он, итминон дорад, ки иди Наврӯзи хуҷаста гомест дар ҷиҳати рушди боварҳои мардум ба сӯи созандагиву ободии Ватан, фаровонии неъмат ва фардои нек. Моро месазад, ки ифтихор аз ниёгони худ намуда, суннати аҷдодии хешро зинда нигоҳ дорем.

Бобохон Алимардонзода, Раҷабгул Зарипова, омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top