НАВРӮЗ

Бинанда: 37 | Санаи нашр: 19 Март 2026

Наврӯзу ҳаво атри борон дорад,

Лабхандаи сабзи навбаҳорон дорад.

Чун лолаи навдамидааш менозад

Сабзинанафас гуле ба домон дорад.

Наврӯз бувад чаманкушои меҳан,

Як дастагуле ба дилбари симинтан.

Дар оинаи меҳри Ватан мебинам

Шабнамсифатии ҷилваҳои рӯшан.

Наврӯз таровати баҳористон аст,

Чун ҷашни ҳазору як гули хандон аст.

Аз ӯ ки навои мурғакони зебо

Як нағмабару навозише бар ҷон аст.

 

БАЙТБАРАКИ НАВРӮЗӢ

Аз базму тараб, ки лолаи паймон аст,

Наврӯзии мо таронаи борон аст.

 

Тасмим дар он, ки аз шукӯҳи Наврӯз,

Савту тараби қадима шуд пандомӯз.

 

Зартоҷ ба ҷавҳари каломи Наврӯз,

Аз аҳли ҷаҳон салом ба номи Наврӯз.

 

Зулф – зулфи ту чароғи ҷилваи наврӯзбар,

Дилбарона аз рухи Наврӯз меорад хабар.

 

Рамзи олии тамаддуни қадими тоҷикон,

Ҷашни наврӯзи Аҷам дар ибтидои достон.

 

Намои ту чу ҳусни сабзи Наврӯз,

Тароватбору зебову дилафрӯз.

 

Замон аслу асолатгоҳи Наврӯз,

Ҷаҳон зеваргаҳи дилхоҳи Наврӯз.

 

ГУЛБАЗМИ НАВРӮЗӢ

Атри гули лолаву суман наврӯзист,

Гулхандаи сарву ёсуман наврӯзист.

 

Тароват борад аз рӯйи гули ноз,

Насими навбаҳорон сози пардоз.

 

Замин гулхандаи наврӯз дорад,

Ҳавосози чаманафрӯз дорад.

 

Диёрам ҷилвааш наврӯзборон,

Чарғистони маънии баҳорон.

 

Насими пардаи гул ноз дорад,

Гули савсансафо анбоз дорад.

 

Диле дорад баҳори нозанинам,

Ки аз наврӯзи он гулҳо бичинам.

 

Малико, ҷашни Наврӯз шодмонист,

Ки гул бо гул бирақсад зарфишонист.

 

Таманнои ман аз Наврӯз ин аст,

Ки шодӣ накҳати субҳи навин аст.

 

Тараннуми баҳору ғунчагулҳо,

Зи Наврӯзи Аҷам орад сад ово.

 

Офтоби зарфишон чун мӯйи гулҳо шона зад,

Лола лабсо ғаркушоду ҷилваи шоҳона зад.

 

Дилфишон гулҳо шукуфта ҳар куҷое ранг- ранг,

Мерасад оҳанги дилафрӯзи тору нойу чанг.

 

Гулрангу муаттаройин нафаси Наврӯз аст,

Покизаву тозарӯву бекин нафаси Наврӯз аст.

 

Музамбила Султонӣ, омӯзгори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top