ҶАВОНОН - НЕРУИ АСОСИИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 20 Май 2026

Ҷавонон – идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

   Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқамон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

 

Самтҳои асосии Паём ба масъалаҳои мубрам, ки ба рушду равнақи кишвар таъсир мерасонанд, нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, мо метавонем масъалаи тарбияи ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори миллӣ, манфиатҳои миллӣ, мафкураи миллӣ, сидқан дӯст доштани сарзамини биҳиштосо, меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан-Модар, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва дар ҳама ҳолат омода будани ҷавонмардон баҳри дифои кишварро, ки дар Паём яке аз масоили асосӣ маҳсуб меёбад, таъкид намоем.

 

         Зимни ироаи Паём Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем”. Пешвои миллат ҳамчунин иброз намуданд, ки ”Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.

 

Бале, таҷрибаҳо нишон дод, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Бо вуҷуди ин, дар шароити имрӯза ҷавонон бояд хубтар дарк намоянд, ки маҳз рисолати бузурги ватандорию масъулиятшиносӣ, тафаккури созандаву ахлоқи ҳамидаи онҳо метавонад пайванди ногусастании наслҳо ва руҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд.

 

Миллати тоҷик дар масири таърих бо урфу одат, забону фарҳанг, Нишону Парчам ва хираду таҷрибаи рангинаш миёни халқияту миллатҳои гуногуни олам муаррифӣ гардида, дастовардҳои ниёгонро то ба замони имрӯза бегазанд ҳамчун мерос ҳифз намудааст. Ҷавонони бонангу номус ва ватандору ватансози замони соҳибистиқлолии ватанамонро лозим аст, ки бо ҳисси ифтихори миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллиамон истодагарӣ карда, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо пос доранд.

 

Ҷаҳони имрӯза, ки зери фишору муборизаҳои шадид, аз ҷумла муқовиматҳои иттилоотии абарқудратҳои сайёра қарор дорад, бешак, таъсиру зарбаҳои маънавии он ба тамоми мардуми дунё мерасад. Бахусус, ҷавонони мо низ мушкилоти авзои ҷаҳониро хуб дарк карда, ба он талош меварзанд, ки ҳар як узви ҷомеаи мо дар ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи фазои амну суботи кишвар, вусъати бештари бунёдкорию созандагии диёр ва ба ин васила расидан ба зиндагии боз ҳам шоистаи мардум соҳиб гардем. Рушди технологияи замони имрӯза тақозо менамояд, ки ҷавонони мо бояд аз ҳарвақта дида бештар фаъол бошанд ва дар ҷангҳои сарди иттилоотӣ ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, зеро гурӯҳҳои ифротию даҳшатафкан бештар ба мағзшуии ҷавонон равона гардида, бо роҳҳои гуногун онҳоро ба ҷинояту ҷинояткорӣ, даст задан ба амалҳои ношоиста ҷалб менамоянд.

 

Чун аз таъсири ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ ёдовар гардидем, пеш аз ҳама, афкору ҷаҳонбинии ҷавонон низ дар ин радиф пеши назар меояд, зеро ҳар ҳодисае, ки дар ҷаҳони иттилоотӣ рух медиҳад, нахуст ба дунёи маънавии ҷавонон таъсир мерасонад. Мавриди қайд аст, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон низ доир ба ин масъала таъкид намуданд, ки “Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.

 

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамчун неруи муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кишвар, тарғиби солимиву тавонмандӣ, рушди илму техника ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа саҳми хеле назаррас гузоштанд.

 

Иродаи сиёсии Тоҷикистон ин иродаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯз ҷавонони мо чунин иродаи қавиву тавоно ва наҷотбахши миллатро ҳамвора дастгирӣ ва аз он пайравӣ менамоянд.

 

Мутмаинем, ки бо ҳидоятҳои созандаву ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакат минбаъд низ дар дунёи мутамаддин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ дошта, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон, ҳифзи асолати таърихи беш аз ҳазорсола, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон қадамҳои устувор мегузоранд.

 

Шарифӣ Фирӯза, сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top