Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон танҳо як санаи одӣ дар тақвим нест. Ин рӯзи таҷаллии неру, ғайрат, созандагӣ ва умедҳои бузурги як миллати куҳанбунёд ба ояндаи дурахшони худ аст. Ҳамасола 23-уми май кишвари мо ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хос пешвоз мегирад, зеро Тоҷикистон аз рӯи сохтори демографии худ кишвари ҷавонон ва соҳиби қишри сернуфузи ояндасоз маҳсуб мешавад.
Дар ҷаҳони муосир ҷавонон ҳамчун захираи стратегии ҳар як давлат ва неруи асосии пешбарандаи ҷомеа эътироф мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми заминавии аҳолии онро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин нишонаи қадршиносӣ ва эътимоди роҳбарияти олии кишвар ба насли ҷавон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад”.
Оре, кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд”. Ин суханҳо баландтарин баҳо ва бузургтарин масъулият барои насли ҷавон аст. Давлат ба ҷавонон на танҳо ҳамчун як қишри ҷомеа, балки ҳамчун сутуни асосии низоми давлатдорӣ ва кафили бехатарии миллӣ менигарад.
Имрӯз барои ҷавонони мо тамоми шароитҳо муҳайёст. Аз мактабҳои муосиру замонавӣ сар карда, то марказҳои инноватсионӣ, варзишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва стипендияҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ - ҳама барои он нигаронида шудаанд, ки насли ҷавон соҳиби дониш ва касбу ҳунари замон гардад.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст, ки моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайванданд.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат мебошанд.
Ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳо бо дастовардҳои беназири худ сиёсати созандаи кишварро дастгирӣ мекунанд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр ҷавонони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок карда, сатҳи баланди зеҳнии худро нишон медиҳанд.
Дар соҳаи варзиш низ парчами Тоҷикистон маҳз бо шарофати бозуи қавии ҷавонони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва Бозиҳои Олимпӣ баланд бардошта мешавад. Ҳар як ғалабаи варзишгари ҷавон ифтихори миллӣ ва муаррифии устувори давлати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, вазифаи муҳимтарини ҷавонони мо ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар баробари дастовардҳо, раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба хатарҳои гуногуни идеологӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ мекунад. Таҳқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки устувории ахлоқии ҷавонон дар шароити кунунӣ ба ду омили асосӣ вобаста аст:
Муқовимат ба экстремизм ва омилҳои номатлуб: Зиракии сиёсии ҷавонон ва дониши амиқи ҳуқуқӣ монеаи асосӣ дар роҳи шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад.
Мубориза бо нашъамандӣ: Паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ (ба монанди «кристал») ба генофонди миллӣ таҳдид мекунад, ки ин зарурати тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар миёни ҷавонон талаб менамояд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ имрӯз пур аз таҳдидҳои мафкуравӣ ва таблиғоти гурӯҳҳои ифротгарост. Барои муқовимат ба ин хатарҳо, ҷавони тоҷик бояд дорои зиракии баланди сиёсӣ, ҳисси устувори ватандӯстӣ ва дониши мукаммал бошад. Набояд гузошт, ки ягон неруи бегона мафкураи софи насли ҷавони моро заҳролуд созад.
Хулоса, мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун қисми таркибии сиёсати миллии кишвар самаранок амал мекунад. Ҷавонон на танҳо қабулкунандаи кумакҳои давлатӣ, балки субъект ва созандагони асосии ояндаи давлатдорӣ мебошанд. Барои боз ҳам устувор намудани ин низом, зарур аст, ки сифати таҳсилоти касбӣ баланд бардошта шуда, фаъолияти инноватсионии ҷавонон дар соҳаи технологияҳои муосир бештар дастгирӣ ёбад. Рӯзи ҷавонон фурсати муносибест барои таҳлили роҳи тайшуда ва гузоштани қадамҳои устувор ба сӯи оянда. Ҷавонони азиз, ояндаи ин хоку об, ободии шаҳру деҳот ва рушди иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар дасти шумост. Бо дониши амиқ, ахлоқи ҳамида ва меҳнати содиқона исбот созед, ки шумо ворисони ҳақиқии ин Ватани маҳбубед.
Ҷашни ҷавонӣ ва созандагӣ муборак, ҷавонони саодатманди Тоҷикистон!
Атақулова Дилафрӯз Исмоиловна, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 