ҶАВОНОН ҲАМЧУН ОМИЛИ СТРАТЕГИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ҶАВОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 5 | Санаи нашр: 23 Май 2026

Дар низоми муносибатҳои муосири байналмилалӣ ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаи ҷавонон ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки сатҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як мамлакат пеш аз ҳама ба имкониятҳои зеҳнӣ, маънавӣ ва касбии ҷавонон вобастагӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар, ҷавонон ҳамчун захираи стратегии миллӣ, неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими таъмини рушди устувори давлат эътироф мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи дастгирӣ ва рушди ҷавононро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додааст. Ин раванд махсусан дар сиёсати созанда ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хосса касб намудааст.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана танҳо як чорабинии фарҳангиву сиёсӣ набуда, балки инъикоскунандаи сиёсати дурбинонаи давлат нисбат ба ҷавонон ва эҳтироми махсус ба нақши онҳо дар рушди ҷомеа мебошад. Дар шароите, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаи ташаккули неруи солими зеҳнӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар аҳаммияти стратегӣ пайдо менамояд. Аз ҳамин ҷиҳат давлат ҷавононро ҳамчун ояндаи миллат, ҳомии истиқлолият ва кафили рушди устувори давлат арзёбӣ мекунад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардид. Аммо солҳои аввали истиқлол барои кишвар давраи хеле ҳассос ва мураккаб ба ҳисоб мерафт. Бӯҳрони сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонданд. Дар чунин вазъият масъалаи ҳифзи насли ҷавон аз гумроҳӣ, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ ба яке аз вазифаҳои муҳими давлат табдил ёфт. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷавононро ба роҳи созандагӣ, донишандӯзӣ ва ватандӯстӣ раҳнамоӣ намояд.

Баъди барқарор гардидани сулҳу субот ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Дар ин марҳила масъалаи ҷавонон ба яке аз самтҳои стратегии сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Қабули санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, стратегияҳои давлатӣ ва барномаҳои махсуси рушди ҷавонон заминаи мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон фароҳам оварданд. Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон характери пайгирона ва дарозмуддат дорад.

Сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат пеш аз ҳама ба рушди неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон равона гардидааст. Зеро дар шароити муосир рақобати давлатҳо бештар хусусияти илмӣ, технологӣ ва иттилоотӣ касб намудааст. Давлате метавонад мавқеи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ нигоҳ дорад, ки дорои насли соҳибмаърифат, касбӣ ва ҷаҳонбин бошад. Аз ҳамин нуқтаи назар дар солҳои истиқлолият ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Сохтмони садҳо муассисаҳои таълимӣ, таъсиси донишгоҳҳои нав, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар барои ҷавонон аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсил намуда, дар соҳаҳои гуногуни илм, иқтисод, дипломатия, техника ва технология фаъолият доранд. Стипендияи президентӣ, квотаҳои президентӣ ва барномаҳои давлатии дастгирии ҷавонон имконият фароҳам оварданд, ки ҳазорҳо ҷавонони соҳибистеъдод ба таҳсил ва фаъолияти илмӣ ҷалб карда шаванд. Ин раванд на танҳо ба баланд гардидани сатҳи маърифатнокии ҷомеа мусоидат мекунад, балки барои ташаккули захираи кадрии миллӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.

Дар баробари рушди илму маориф масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҷавонон низ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, радикализм ва ҷангҳои иттилоотӣ, ҷавонон бештар ба таъсири идеологияҳои бегона рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ, давлат сиёсати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавононро ба роҳ мондааст. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд дорои ҳисси баланди миллӣ, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ бошанд.

Нақши ҷавонон дар рушди иқтисодии мамлакат низ хеле назаррас мебошад. Имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли меҳнатӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзанда мегузоранд. Иштироки ҷавонон дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, рушди энергетика, сохтмони роҳҳо, рушди иқтисоди рақамӣ ва соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки ҷавонон ба қувваи муҳими пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил ёфтаанд. Давлат барои рушди соҳибкории ҷавонон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби онҳо ба фаъолияти иқтисодӣ тадбирҳои муҳим амалӣ намуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷавононро ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мекунад. Иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ, фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, форумҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои глобалӣ аз болоравии фаъолнокии сиёсии онҳо шаҳодат медиҳад. Ҷавонони тоҷик имрӯз метавонанд ҳамчун муаррифгари давлат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир дошта бошанд. Муваффақиятҳои ҷавонони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои илмӣ далели равшани сиёсати муваффақонаи давлатии ҷавонон мебошад.

Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ низ бо ҷавонон иртиботи мустақим дорад. Ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таърихи давлат масъулияти бузург доранд. Маҳз тавассути тарбияи дурусти ҷавонон метавон суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеаро таъмин намуд. Аз ҳамин лиҳоз, Пешвои миллат ҷавононро пайваста ба омӯзиши илм, эҳтироми забони давлатӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва хизмати содиқона ба Ватан даъват менамоянд.

Таҳлили сиёсати давлатии ҷавонон нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавононро ҳамчун масъалаи ояндаи давлат арзёбӣ менамояд. Зеро ояндаи ҳар як миллат аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобаста мебошад. Давлате, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, метавонад рушди устувор, амнияти миллӣ ва суботи сиёсиро таъмин намояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун модели муосири дастгирии ҷавонон аҳаммияти бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дорад.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рамзи эътимоди давлат ба неруи созандаи ҷавонон ва эҳтиром ба саҳми онҳо дар рушди ҷомеа мебошад. Ҷавонони тоҷик имрӯз ҳамчун неруи бузурги созанда, муҳофизи арзишҳои миллӣ ва ояндасозони давлату миллат эътироф шудаанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос метавонанд истиқлолияти давлатиро ҳифз намуда, Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта ва мутамаддин табдил диҳанд. Аз ин рӯ дастгирии ҷавонон, рушди иқтидори зеҳнии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 

Сафаров Усмон Шаҳобиддинович, сармутахассиси раёсати таълими ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top