ПЕШНИҲОДИ НАВБАТИИ САТҲИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ПАЗИРУФТА ШУД

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 27 Июн 2026

Хабари дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки онро бегоҳии 25-уми июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ намуд, тамоми сокинони кишвар ва мардуми сулҳхоҳу сулҳпарвари дунёро шод гардонд.

 

Маврид ба таъкид аст, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Сарвари давлати мо дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак, аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.

 

Дар асоси қатънома давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

 

Тибқи муқаррароти санади зикргардида Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2027 - 2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст, ки ҳадафҳои асосии он аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.

 

Дар қатънома таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол карда мешавад.

 

Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст.

 

Боиси ифтихори мо тоҷикону тоҷикистониён аст, ки иқдоми мазкур аз ҷониби сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, шахси сулҳдӯсту сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумонаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, амри саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

 

Тарбияи фарҳанги сулҳ дар ҷомеа, бахусус, муассисаҳои таҳсилотӣ, иштироки фаъоли мутахассисон ва олимони ватанӣ дар таҳқиқи масъалаҳои сулҳ, амният ва ҳамгироии минтақавӣ имкон медиҳад, ки муассисаҳои таҳсилотӣ дар татбиқи ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” саҳми шоиставу мушаххас гузоранд.

 

Султонов Зоиршо Султонович, н.и.и., дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия, 

Амонов Саҳбон Сарватҷонович, н.и.и., раиси шурои олимони ҷавони ДДТТ 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top