НАҚШ ВА АҲАММИЯТИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

Бинанда: 4 | Санаи нашр: 29 Июн 2026

(дар ҳошияи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036) 

 

Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027 - 2036)” яке аз иқдомҳои муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳадафи асосии он таҳкими сулҳи устувор, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушди инсонӣ барои наслҳои оянда мебошад. Ин ташаббус дорои аҳаммияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва ахлоқӣ мебошад, зеро сулҳ ҳамчун пояи асосии рушди устувор дар ҷаҳон баррасӣ мегардад.

Қабул гардидани пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027 - 2036)» обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошта, давлати моро ҳамчун давлати сулҳдӯсту сулҳпарвар муаррифӣ менамояд.

Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳои фаъол дар арсаи дипломатияи байналмилалӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият собит намуд, ки ҷонибдори қатъии сулҳ, гуфтугӯи созанда ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Махсусан, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омадааст, имрӯз ҳамчун намунаи муҳим барои ҳалли низоъҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода мешавад.

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон масъалаи об, иқлим ва амнияти экологӣ мебошад. Тоҷикистон борҳо дар Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим бевосита ба амнияти ҷаҳонӣ ва сулҳи пойдор таъсир мерасонанд. Норасоии захираҳои табиӣ метавонад сабаби низоъҳои нав гардад, бинобар ин, ҳалли муштараки ин масъалаҳо барои пешгирии ҷангҳо ва ноустуворӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.

Дар доираи Даҳсолаи сулҳ (2027 - 2036), Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки кишварҳо ба ҳамкории бештар дар соҳаҳои зерин диққат диҳанд:

• таҳкими дипломатияи сулҳҷӯёна; 

• густариши маориф барои тарбияи наслҳои оянда; 

• мубориза бо ифротгароӣ ва радикализм; 

• ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ; 

• рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ барои коҳиши нобаробарӣ. 

Ин омилҳо ба он равона шудаанд, ки сабабҳои аслии низоъҳо - камбизоатӣ, нобаробарӣ ва беадолатӣ бартараф карда шаванд. Тоҷикистон бар ин назар аст, ки танҳо бо роҳи ҳамкории глобалӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон метавон ба сулҳи пойдор ноил гардид.

Аз нигоҳи таҳлилӣ, ташаббуси Тоҷикистон дар ин раванд аҳаммияти стратегӣ дорад, зеро он масъалаҳои глобалии амниятро бо рушди устувор пайваст мекунад. Ин равиш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки сулҳро на танҳо ҳамчун набудани ҷанг, балки ҳамчун шароити фарогири рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дарк намояд.

Ташаббуси Тоҷикистон дар доираи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027 - 2036)” як иқдоми муҳим ва дурбинона мебошад. Он ба таҳкими суботи ҷаҳонӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва таъмини зиндагии осоишта барои наслҳои оянда мусоидат мекунад.

Моро зарур аст, ки аҳаммияти таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро дар байни аҳли ҷомеа, бахусус, насли ҷавони кишвар дуруст фаҳмонида, ба қадри сулҳу субот, амнияти давлат, ободии ватан бирасем.

 

Алимов Комилҷон Кассирович, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва ташкили соҳибкории ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top