(Дар ҳошияи қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027 – 2036”)
Дар ҷаҳони муосир масъалаи ҳифзи сулҳ ва таъмини амният ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим ба зиндагии миллионҳо нафар одамон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи байналмилалӣ имрӯз беш аз ҳарвақта дида, ба ташаббусҳои созандае ниёз дорад, ки ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории судманду созандаи байни давлатҳо мусоидат намоянд.
Дар чунин шароит ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027 – 2036” аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонпарварона дорад.
Ҳадафи асосии қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, пеш аз ҳама, таъмини сулҳу субот, густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ, рушди муколама байни давлатҳо ва пешгирии низоъҳо мебошад. Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ бо роҳи ҳамкорӣ, муколама ва эҳтироми мутақобил талош намояд.
Сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки мавҷудияти адолат, амният, рушди устувор ва шароити муносиб барои зиндагии инсон мебошад. Бе сулҳу субот ноил шудан ба ҳама гуна пешрафту дастовард дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист имконнопазир аст. Тавре шоири тараннумгари сулҳ, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодию барор оварад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал дар арсаи ҷаҳон бо сулҳдӯстию сулҳофарии худ шуҳратёр гардидааст. Миллати фарҳангдӯсту тамаддунофари тоҷик рисолати сулҳпарваронаи хешро имрӯз низ идома дода истодааст. Боиси ифтихор аст, ки бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид ва обрӯю нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Сарвари оқилу хирадманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, ҳамчун шахси сулҳовару сулҳпарвар ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷаҳониён эътироф гардиданд.
Маҳз таҷрибаи сулҳи тоҷикон имкон фароҳам овард, ки тавассути истифодаи он дар аксар кишварҳои дучори низоъҳои мусаллаҳона сулҳу субот барқарор карда шавад. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ як қатор ташаббусҳои муҳимро пешниҳод намудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шудаанд. Бахусус, пешниҳоди Тоҷикистон дар бобати қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027 – 2036”, ки идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пешгирии муноқишаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар мамлакатҳое, ки низоъ ба вуқӯъ меоянд, наслҳои ҷавони он мамлакатҳо дучори мушкилотҳои калон мегарданд ва аксари имкониятҳои худро аз даст медиҳанд.
Ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ин пеш аз ҳама, ба хотири наслҳои оянда, муҳити орому осоишта, имкониятҳои баробар барои таҳсил, рушди илм, тандурустӣ ва зиндагии шоиста равона гардидааст. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки барои таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ тадбирҳои муассир андешида, ояндаи бехатар ва устувори инсониятро таъмин намоянд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ метавонад ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сулҳпарварӣ, ҷалби ҷавонон ба ташаббусҳои созанда, рушди дипломатияи мардумӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мусоидат намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва ҳифзи сулҳу субот ҳамеша мавқеи калидӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи фаъолияти сиёсию давлатии худ пайваста аз ормонҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманди байналмилалӣ пуштибонӣ намуда, дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд, ки сулҳ бояд ба як арзиши фарогири фарҳанги башарият мубаддал гардад ва пойдории он танҳо тавассути гуфтугӯ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда таъмин карда шавад.
Хуллас, амалӣ гардонидани ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда метавонад барои пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи устувор гузорад. Аз ин рӯ, дастгирии ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои таҳкими сулҳу субот дар сайёра ва таъмини ояндаи осоиштаи наслҳои оянда аҳаммияти басо бузург дорад.
Рустамзода Фитрат Музаффар, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 