КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 25 | Санаи нашр: 03 Июл 2026

Мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ дар тамоми ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналхалқии кооператсия ҷашн гирифта мешавад.

Имсол иди касбии кормандони соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба рӯзи 4-уми июл рост меояд.

Ташкилотҳои кооперативии ҷаҳонӣ таърихи 300 сола ва кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 100 сола дорад. Дар давоми ин муддати сипаришуда ҳаракати кооперативӣ чандин давраҳои рушд, таназзул, бурду бохтҳоро аз сар гузаронидааст.

Ҳаракати кооперативӣ дар Тоҷикистон аввалҳои асри ХХ оғоз гардидааст. Аввалин ҷамъияти матлубот, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятиву хоҷагӣ соли 1916 дар уезди Хуҷанд таъсис ёфтааст. Соли 1922 миқдори чунин ташкилотҳо ба 29 адад расида, «Иттифоқи матлуботи Хуҷанд» аз як шабакаи савдо бо 16 адад дӯкони фурӯши маҳсулот иборат буд. Ин такони ҷиддӣ барои қувват гирифтани ҳаракати кооперативӣ дар мамлакат гардид.

Моҳи октябри соли 1924 Ҷумҳурии автономии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳамзамон Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис ёфт. Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон соли 1924 аз 5 кооператив ва 14 дӯкон иборат буд ва шумораи аъзоёнаш 1173 нафарро ташкил медод.

Дар соли 1925 ҷамъияти матлуботи Душанбе, Қаратоғ ва соли 1928 ҷамъиятҳои матлуботи Ғарм, Ҷилликӯл, Сарой Камар, Обигарм ва Янгибозор таъсис ёфтанд.

Соли 1929 баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооперативии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. Дар ҷаласаи Шурои комисарони халқи РСС Тоҷикистон 18 июли соли 1929 қарори махсус «Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1 октябри соли 1929 эълон намуд. 29-уми октябри соли 1929 Вакилон дар Анҷумани 1-уми кооператсия дар бораи Иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуданд. 

Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятию хоҷагӣ ва қисми таркибии кооператсияи умумиҷаҳонӣ мебошад. Нақшу мақоми ҳаракати кооперативӣ ва кооператсияи матлубот дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бесобиқа мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Алянси байналхалқии кооперативӣ ваЛигаи иттифоқҳои кооператсияи матлуботи мамлакатҳои ИДМ мебошад, ки рисолати асосии он инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни иттифоқхои кооператсияи матлуботи мамлакатхои аъзои ИДМ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф ва вазифаҳои Рӯзи байналмилалии кооперативҳоро дастгирӣ намуда, онҳоро тибқи қонунгузории амалкунандаи миллӣ роҳандозӣ менамояд.

Вобаста ба ташаккули заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ ҳаракати кооперативӣ ва ташкили кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои зеринро аз сар гузаронидааст:

Давраи I солҳои 1916-1940. Пайдоиш ва шаклгирии кооператсияи матлубот;

Давраи II солҳои 1941-1990. Рушди кооператсияи матлубот дар давраи Шуравӣ;

Давраи III солҳои 1991-2025. Кооператсияи матлубот дар давраи соҳибистиқлолӣ.

Хусусияти давраи якум дар он буд, ки ҳаракати кооперативӣ ва ташкили кооператсияи матлубот тадриҷан тамоми қаламрави мамлакати моро фаро гирифт, ки ба он вусъати ҳаракати кооперативӣ дар ҷаҳон ва таъсиси Алянси байналмилалии кооперативӣ дар соли 1895 мусоидат намуда буд. Дар ин давра ҷамъияти матлуботи Душанбе 30 адад, Хуҷанд – 29, Қаратоғ – 20, Ғарм – 4, Ҳоит – 3, Кӯлоб – 3 ва Ҷиргатол – 2 кооперативро дар ҳайати худ муттаҳид мекард.

Давраи дуюм, давраи рушди бесобиқаи кооператсияи матлубот буда, он ба аҳолии мамлакат хизматрасонии босифат расонида, талаботҳои рӯзмарраи онҳоро ба молҳои хӯрокворию ғайрихӯрокворӣ таъмин менамуд. Дар ин давра дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ҷамъиятҳои матлубот таъсис дода шуданд, аз ҷумла:

  • Ҷамъиятҳои матлуботи деҳот (СельПО);
  • Ҷамъиятҳои матлуботи ноҳиявӣ (РайПО);
  • Ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрак (ПосПО);
  • Ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрӣ (ГорПО);
  • Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи ноҳиявӣ (РайПотребсоюз);
  • Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоятӣ (ОблПотребсоюз).

Дар ин давра кооператсияи матлубот ба системаи серсоҳаи иқтисодиёти кишвар табдил ёфта, дар бахшҳои зерин фаъолияти хоҷагии худро пеш мебурд:

  • Истеҳсоли молҳо;
  • Хизматрасонӣ;
  • Савдо;
  • Хӯроки омма;
  • Хариди маҳсулот;
  • Маҳсулоттайёркунӣ;
  • Нақлиёт ва боркашонӣ;
  • Базаҳои яклухтфурӯшӣ;
  • Анборҳо ва хоҷагиҳои анборӣ;
  • Таҳсилот (чандин омӯзишгоҳҳои савдои кооперативӣ, 2 адад техникуми кооперативӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд);
  • Фаъолияти илмӣ (Институти умумиттифоқии илмӣ – таҳқиқотии иқтисодиёти савдои кооперативӣ - ВНИИЭКТ).

 

Кооператсияи матлубот системаи серсоҳаи иқтисодист, ки хусусиятҳои он бо характери дугонаи кооператсия алоқаманд буда, вазифаи иҷтимоӣ ва фаъолияти тиҷоратиро вобаста ба фурӯши мол, харид ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба ҳам мепайвандад. Соҳаи афзалиятноки кооператсияи матлубот савдо ба ҳисоб рафта, нақши он дар рушди иқтисодиёти кишвар, хусусан, дар деҳот беназир аст.

Давраи сеюм аз марҳилаҳои пешин бо мазмуну мароми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ куллан фарқ менамуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар низоми кооператсияи матлубот низ гузариш ба муносибатҳои бозорӣ оғоз гардид.

Бо сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, аз ҷумла низоми кооператсияи матлуботи мамлакат зарари зиёди иқтисодию молиявӣ расид. Мувофиқи маълумотҳо дар ин давра 64% - и шабакаҳои хӯроки умумӣ ва 80% - и шабакаҳои савдои соҳа фаъолият надоштанд.

Бояд гуфт, ки барои фаъолияти босуботи кооператсияи матлуботи мамлакат, дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 1998 таҳти №186 “Дар бораи тадбирҳои барқарор намудан ва инкишоф додани фаъолияти савдо, захиракунӣ ва истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми сентябри солии 2000 таҳти №399 “Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи истеъмолкунандагон” қабул гардиданд, ки ин худ як дастгирии давлатии системаи кооператсияи матлуботи мамлакат мебошад.

Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷамъиятию хоҷагӣ минбаъд дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ нақшу мақоми хосса пайдо карда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми беназир гузошта истодааст. Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолии деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст.”

Имрӯзҳо кооператорони тоҷик дар баробари кормандони дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар таъмини рушди босубот ва устувори иқтисоди миллӣ саҳми муносиби худро гузошта, Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои соҳа ҷиҳати амалигардонии сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, Шӯро ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, инчунин таъмини рушд ва пойдории соҳа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, татбиқи вазифа ва дастуру супоришҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 декабри соли 2025 зикр гардидаанд, бомаром амалӣ намуда истодааст.

Имрӯз кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ аз 3 иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ ва 47 ҷамъияти матлуботи ноҳиявӣ иборат мебошад. Онҳо фаъолияти худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар таҳрири охирини он 5 январи соли 2008 қабул шудааст, ба роҳ мондаанд.

Илова бар ин, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи «Тоҷикматлубот» муассиси ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар он барои кооператсияи матлубот кадрҳои касбӣ тайёр карда мешаванд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 63 бозор мавҷуд аст, ки ба Тоҷикматлубот тааллуқ доранд. Аз ин шумора 37 бозор ҳар рӯз, 20 бозор дар як ҳафта як рӯз ва 16 бозор барои фурӯши чорвои калони шохдор ва чорвои майда фаъолият мекунанд, ки ҷойҳои нишаст дар онҳо бештар аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрванди кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Хулоса, таҳлили фаъолияти беш аз 100 солаи соҳаи кооператсияи матлубот нишон медиҳад, ки низоми кооператсияи матлубот таҳти сарпарастии Иттифоқи Тоҷикматлубот дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми босазо дорад.

Чун дар арафаи Иди касбии матлуботчиён - Рӯзи байналхалқии кооператсия қарор дорем, аҳли кормандон ва собиқадорони соҳаи кооператсияи матлуботро ба муносибати Иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияташон, ки бениҳоят заҳматталаб ва масъулиятнок аст, барору комёбиҳои беназир таманно менамоем.

 

Мухторзода Саидмухтори Саидаҳрор, н.н.и., дотсент, сардори Маркази инноватсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top