13-уми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳ ҷамъомад доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим Раҳимович, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ва муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора Тоҳировна суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ироа менамоянд.
Дар Паёми навбатии Сарвари давлат вазъи иқтисодӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар, бахши иҷтимоӣ (иҷтимоиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занон, ҷавонон, варзиш ва ғ.), сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври муфассал баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили соҳибкорӣ, вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва эълон гардидани солҳои 2025 -2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” аз мазмуну муҳтавои асосии Паём ба ҳисоб мераванд.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров суханронӣ намуда, Паёми Пешвои миллатро муфассал шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф иброз дошт, ки Паём ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таҳлилӣ буда, он муаррифии расмии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба мардуми ҷумҳурӣ ва оламиён мебошад ва дар низоми давлатдорӣ аҳаммияти сиёсӣ, стратегӣ, афкорсозӣ ва байналмилалӣ дорад. Дар Паёми Пешвои миллат дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта баён гардида, вазифаҳои афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мавҷуданд, мушаххас карда шуданд.
Баъдан, муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева суханронӣ намуда, қайд намуд, ки оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он, махсусан насли ояндасози миллат - ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар як ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоянд.
Ҳайати професссорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар атрофи сиёсати хирадмандона ва созандаи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон саъю талош менамоянд.