Рӯзи 18.01.2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони гумрук конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Рушди институтсионалии фаъолияти гумрукӣ дар шароити муосир” бо иштироки олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни конференсияро хайру мақдам гуфта, ҳозиринро аз номи Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо Рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумрук табрик намуда, қайд намуд, ки чорабинии имрӯза ба 33-солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ҷамшед Машокиров иброз дошт, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Мақомоти гумрук - зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети кишвар табдил гардид. Мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ ба шумор рафта, нақши он дар танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ хеле муҳим аст.
Инчунин, Ҷамшед Машокиров аз номи раёсати донишгоҳ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд дар самти татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар миннатдории самимии худро изҳор намуданд.
Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба омода кардани мутахассисони соҳаи гумрук саҳм мегузорад.
Дар конференсия олимон, муҳаққиқон ва кормандони мақомоти гумрук бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои зерини хеш ширкат варзиданд:
Ҷурабекзода Эраҷ - сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук дар мавзуи “ASYCUDA WORLD – марҳилаи нави рақамикунонии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”,
Улфатшои Холмирзо – корманди Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Мутобиқгардонии иқтисодиёти Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС, заминаи мусоид барои соддагардонии расмиёти савдои хориҷӣ”,
Ёров Ёрмаҳмад Надирович – сардори шуъбаи танзими ғайритарифӣ ва назорати содироти Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Рақамикунонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”,
Раҷабов Раҷаб Кучакович – д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ дар мавзуи “Масоили рушди институтсионалии ташаккули кластери гумрукию нақлиётии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонӣ”,
Алиев Маҳмадҷон Баҳронович – номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ дар мавзуи ”Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир ва истифодаи онҳо дар фаъолияти гумрукӣ” (бо забони русӣ)”.
Инчунин дар конференсия генерал-майори хадамоти гумрук, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ш.Душанбе Абдуқодирзода Ҷамшед Комил, майори хадамоти гумрук, сардори кафедраи иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсуси Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Турсунов Хушруз Муталибович, майори хадамоти гумрук, сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук Шоҳназари Хуҷаназари Ғуломзода, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Насриддинов Фируз Бобоевич, дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ашурзода Шоҳмурод Мирзомурод иштирок намуданд.
Дар муҳокимаи маърӯзаҳо профессорон Нидоев Н.Ф., Насриддинов Ф.Б., Ҷабборов А.А., дотсентон Қурбонов А.Р., Ҳикматов С.М. ва Турсунов Х.М. иштирок намуда, фикру андешаҳояшонро оид ба масъалаи мазкур иброз намуданд.
Кори конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ҷамъбаст намуда, ба маърӯзачиён изҳори миннатдорӣ баён карда, онҳоро бо сипосномаҳои донишгоҳ қадрдонӣ намуд.