НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДТТ

Бинанда: 612 | Санаи нашр: 30 Январ 2025

30-юми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва роҳбарияти донишгоҳу сохторҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро хайрамақдам гуфт ва доир ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2024 суханронӣ намуд.

Ректори донишгоҳ, аз ҷумла иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) таъкид намуданд ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.”

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ аз ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, баҳри дар рӯҳияи ватанпарастӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ ва инсондӯстӣ ба камол расонидани донишандӯзон, ҳамзамон ҷиҳати татбиқи самараноки дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таълимии соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисони ба бозори дохилӣ ва берунии меҳнат рақобатпазирро аз рӯи равияҳои иқтисодӣ, идора ва ҳуқуқ омода менамояд.

Мувофиқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ солҳои охир дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар қарор дорад ва дар оянда моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кӯшиш ба харҷ диҳем.

Донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар ш. Хуҷанд, литсей, 3 факултет ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мебошад.

Донишгоҳ аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавриат, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 13 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 7 ихтисоси барномаи таҳсилоти олии дуюми касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ тайёр мекунад.

Соли сипаришуда дар донишгоҳ 157 гурӯҳи академӣ, аз ҷумла 117 гурӯҳи академӣ дар омӯзиши рӯзона ва 40 гурӯҳ дар шуъбаи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд.

Таҳсил дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи рӯзона 91 гурӯҳи академӣ бо забони тоҷикӣ, 24 гурӯҳ бо забони русӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ таҳсил менамоянд. Дар шуъбаи фосилавӣ 36 гурӯҳи академӣ бо забони тоҷикӣ ва 4 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҷамъи умумии донишҷӯён ба ҳолати 28.01.2025-ум 4017 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора дар шуъбаи рӯзона 2594 нафар, таҳсилоти фосилавӣ 1376 нафар ва дар магистратура 47 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 711 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумӣ 17,9 %-ро ташкил медиҳад.

Соли 2024 донишгоҳро 980 нафар донишҷӯ хатм намуд. Аз ин миқдор 19 нафар донишгоҳро дар зинаи бакалавриат бо дипломи аъло ҷамъбаст карданд, ки 11 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар донишгоҳ 3 факултет мавҷуд буда, дар 13 кафедраи донишгоҳ 181 нафар омӯзгори доимӣ, аз ҷумла, 12 нафар доктори илм, 83 нафар номзади илм, 66 нафар муаллими калон ва 20 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ ҷалб шудаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ҳоло 52,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар донишгоҳ 1 нафар дорандаи медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 1 нафар соҳиби медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 58 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.

Донишгоҳ дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 8 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 3 адад синфхонаи лингафонӣ, китобхонаи илмӣ, 627 компютер, 145 проектор бо экран, 102 тахтаи электронӣ, 42 ноутбук, 82 принтер ва 250 адад камераи назоратӣ мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Тибқи нақшаи чопи маводҳои таълимию методӣ соли ҷорӣ 12 воситаи таълимӣ, 19 адад дастури методӣ, 5 адад комплекси таълимӣ-методӣ ва 2 адад китоби дарсӣ, дар маҷмуъ 38 мавод чоп карда шудааст.

Дар соли 2024-ум 5 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо кушода шуд.

Дар ин давра 99 мизи мудаввар, семинари омӯзишӣ, викторина ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон 135 дарси намунавӣ гузаронида шуд.

Дар соли 2024 ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 аз рӯи 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқоти илмӣ гузаронидаанд.

Дар ин муддат 9 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ, 7 нафар омӯзгор пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд. Омӯзгороне, ки дар соли таҳсили ҷорӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, соҳиби диплом гардиданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар донишгоҳ дар соли ҳисоботӣ 47 нафар дар зинаи магистратура ва 1 нафар дар зинаи докторантура (PhD) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, 46 нафар унвонҷӯ ва 35 нафар докторанти анъанавӣ таҳсил менамоянд.

Дар соли 2024 зинаи магистратураро 14 нафар, аз ҷумла 12 нафар ба дипломи аъло хатм намуданд.

Мувофиқи “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” дар донишгоҳ 3 конференсияи байналмилалӣ, 7 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 конференсияи донишгоҳӣ, 23 семинари илмию амалӣ, 26 мизи мудаввар, 2 форуми илмӣ-амалии байналмилалӣ бо Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Руссия, 6 силсиладарси онлайнии байналмилалӣ бо Донишгоҳи инноватсионӣ- технологии Қазоқистони ғарбӣ, яъне дар умум 58 чорабинии илмӣ гузаронида шуд.

Дар ин давра дар кафедраҳои донишгоҳ 26 маҳфили илмии донишҷӯён ва 3 ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият намуда, зиёда аз 840 нафар донишҷӯро фаро гирифтааст, ки дар ҷаласаҳои он зиёда аз 742 маърӯзаи донишҷӯён баррасӣ гардидааст.

Дар донишгоҳ ду шурои диссертатсионӣ амал менамояд. Дар соли ҳисоботӣ 14 диссертатсия баррасӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Дар соли 2024 аз ҷониби ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ 10 монография ва 543 маводи илмӣ чоп карда шуд.

Маркази инноватсионӣ ва Парки технологӣ дар сохтори донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2022, таҳти №129 додааст ва ќарори шурои олимон аз 31.08.2024, №1 таъсис гардидааст, ки ҷиҳати татбиќ ва истифодабарї дар фаъолияти бозомўзии курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ барои донишљўёну омӯзгорон, кормандон ва мутахассисони зинањои гуногуни иќтисодиёт тариқи ройгон фаъолият менамояд.

Айни замон ду курси кӯтоҳмуддати таълимӣ - тарроҳ-дӯзанда ва пешхизмат фаъолият карда истодааст, ки дар ҷамъбаст ба иштироккунандагон сертифат дода мешавад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар соли 2024 табодули академӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъол дар шакли ҳузурӣ ва маҷозиро бо Донишгоҳи Кадизи Испания, Донишгоҳи Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи глобалии Ҳандони Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Орадеаи Руминия, Донишгоҳи Вегои Испания, Донишгоҳи Кастамонуи Туркия, Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи байнипарлумони Евразия дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия, Донишгоҳи Қарағанда, Донишгоҳи Алама-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, Донишгоҳи Аэрокайҳон дар шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Халқии Хитой, Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар донишгоҳҳо ба роҳ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар донишҷӯи донишгоҳ ҷиҳати идомаи таҳсил дар доираи барномаи табодули академӣ ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар роҳ ёфт. Дар соли таҳсили ҷорӣ аз ҷониби Донишгоҳи Эгеяи Ҷумҳурии Юнон (University of the Aegean, Greece) дар доираи барномаи Эразмус+ КА107 барои донишҷӯёни фаъол бурсия ҷиҳати омӯзиш ва тадқиқот дар самти иқтисодиёт дар донишгоҳи номбурда пешниҳод гардид. Дар доираи озмуни мазкур як нафар донишҷӯ ба донишгоҳи Эгеяи Ҷумҳурии Юнон барои таҷрибаомӯзии думоҳа сафарбар карда шуд.

Инчунин, аз 24 то 29- уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи Каспий (Caspian University), шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, омӯзиши Vis Moot барои омодагӣ ба озмуни "Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ" баргузор гардид. Дар он 9 донишгоҳ аз 4 кишвари Осиё иштирок доштанд. Дар чорабинии мазкур ҳайати дастаи донишгоҳ иборат аз 5 нафар, 1 нафар омӯзгор ва 4 нафар донишҷӯ сафарбар гардид.

Яке аз омили муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот ин омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ барои гузаронидани машғулиятҳо, семинару мизҳои мудаввар дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад.

Дар ин раванд як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ таҳия ва барои ба имзо расонидан ба муассисаҳои беруна дастрас шудааст. Дар умум аз моҳи январи соли 2024 то ин ҷониб донишгоҳ 9 созишномаи ҳамкориро бо МТОК-и хориҷӣ ба имзо расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо МТОК-и хориҷи кишвар, омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар умум 25 нафар дар сафарҳои корӣ барои табодули омӯзгорон, иштирок дар барномаҳои гуногуни илмӣ-таҳқиқотӣ ва конференсияву семинарҳои илмӣ ва озмунҳои сатҳи байналмилаӣ анҷом доданд.

Инчунин, дар соли 2024 аз ҷониби донишгоҳҳои шарик 9 нафар профессор аз Донишгоҳи глобалии Ҳандонги Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия, Донишгоҳи Эгейи Ҷумҳурии Юнон, Донишгоҳи Крагуаветси Ҷумҳурии Сербия ҷиҳати гузаштани лексияи намунавӣ ва сафари корӣ барои баррасии созишномаи тарафайн ташриф оварданд.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда ва дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии донишгоҳ ба хотири баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва забономӯзии омӯзгорону донишҷӯён ба тариқи “Таҳсили онлайнӣ” соли 2024-ум 7 семинару дарсҳо ташкил карда шуд.

Дар ҳамкорӣ бо Муассисаи таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо мақсади тақвият додани донишандӯзии омӯзгорону кормандони донишгоҳ оид ба забонҳои хориҷӣ оғоз аз 05.02.2024 курси омӯзишӣ аз забони англисӣ ба роҳ монда шуд.

Айни ҳол дар донишгоҳ 19 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.

Бо мақсади ташаккул ва рушди стратегияи “Иқтисоди сабз” дар Донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои ДДТТ бо ширкати ватании Тоҷикгидроэлектромонтаж (ТГЭМ), ду неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 19 кВт сохта ба истифода дода шудааст. Неругоҳҳо дар маҷмуъ аз 35 панели монокристалии офтобӣ бо тавоноии ҳар кадом 560 Вт иборат буда, иқтидори дар давоми як шабонарӯз истеҳсол намудани то 220 кВт/соат неруи барқро доранд.

Аз аввали соли 2024 -ум 140 чорабинӣ дар самти кор бо ҷавонон, 55 чорабинӣ дар бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон, 26 чорабинии варзишӣ, 26 чорабинӣ дар хобгоҳи донишҷӯён, дар умум 247 чорабинӣ ташкил ва гузаронида шудааст.

Мувофиқи нақшаи дарсҳои сарпарастӣ дар донишгоҳ дар ин давра 79 дарси намунавии сарпарастӣ гузаронида шуд.

Дар донишгоҳ курсҳои омӯзишии “Кадбону”, гулдӯзии “Чакан”, “Пешхизматҳо” ва “Дӯзандагӣ” ба тариқи ройгон ташкил карда шудааст.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Қурбонова Ширинмоҳ - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010403 - андоз ва андозбандии донишгоҳ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои дуюм гардида, бо мукофоти пулӣ, диплом сарфароз ва аз маблағи таҳсил пурра озод карда шудааст.

Дар соли 2024 дар донишгоҳ ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Дар ин давра ба раёсати донишгоҳ 1916 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуданд, аз ҷумла 846 нафар шахсони воқеӣ ва 1070 нафар шахсони ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки барои ҳалли саривақтии онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Умуман, - гуфт дар хотимаи суханронӣ Назарзода Хайрулло Холназар, ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ соли 2024-ро бо дастовардҳои хуби таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ ҷамъбаст карда, мақсад доранд, ки дар соли 2025 ба комёбиҳои боз ҳам беҳтар ноил мегарданд.

Пас аз суханронии ректори донишгоҳ намояндагони васоити ахбори омма, ки беш аз 60 нафарро ташкил медоданд, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, бахусус самтҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия, илму инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ ва дурнамои рушди донишгоҳ саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top