МИЗИ МУДДАВАР ТАҲТИ УНВОНИ “САДА – ҶАШНИ БОНУВОН”

Бинанда: 578 | Санаи нашр: 03 Феврал 2025

31-уми январи 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи бонувону донишҷӯдухтарон мизи муддавар таҳти унвони “Сада – ҷашни бонувон ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Г.Т., роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ғафурова Ҷ.М., мудири китобхонаи илмии донишгоҳ Зайдуллоева Д., муаллими калони кафедраи андоз ва суғурта Махсумзода Н.Д. ва фаъолзанон аз сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок карданд.

Муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Г.Т. бо суханронии шодбошӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳадафи баргузории чорабинии мазкурро ба муносибати ҷашни Сада муборакбод намуд.

Муаллими калони кафедраи андоз ва суғурта Махсумзода Нигини Давлат дар мавзуи “Садаро ҳурмати бисёр бувад” баромад намуда, қайд намуд, ки эҳёи дубораи ҷашну маросим ва суннатҳои мардумии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада ва даҳҳои дигар дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони озод гувоҳи равшани ба асолату рисолати таърихии худ бозгашти миллати мо буда, ин ҷашну маросимҳо таҷассуми одобу хирад, фарҳангу маданият, хуллас, симои маънавии мардуми куҳанбунёди тоҷиканд.

Давлатмо Зайдуллоева дар баромади хеш рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайр будани ин ҷашн барои имрӯзиёну ояндагон изҳори андеша намуд.

Ҷамила Ғафурова дар фарҷоми чорабинӣ андешаҳояшро бо овардани иқтибос аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад» ҷамъбаст намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top