ХУШХАБАР!!! ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК!

Бинанда: 526 | Санаи нашр: 22 Феврал 2025

Санаи 22 феврали соли 2025 дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ Мирзозода Раҳмоналӣ Раҷаб рисолаи докториро дар мавзӯи “Системаи методии ташаккули фаъолияти эҷодии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар раванди омӯзиши математикаи олӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот” шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08-Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.03 - Назария ва методикаи фанҳои риёзӣ, таҳсилоти касбӣ) ҳимоя намуданд.

Ҳимояи рисолаи доктории Мирзозода Раҳмоналӣ Раҷаб дар сатҳи баланди илмӣ доир гашта, дар кори он аъзоёни Шурои диссертатсионӣ ва докторон, профессорон номзадони илм, дотсентон, муҳаққиқон, докторантон ва омӯзгорони ҷавон ширкат намуданд.

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантон, ва кормандони донишгоҳ Мирзозода Раҳмоналӣ Раҷабро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи докторӣ табрику муборакбод намуда, саломатӣ, бурдборӣ ва фатҳи қуллаҳои нав ба навро дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиашон таманно менамоянд!

Раёсати илм ва инноватсия!

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top