Санаи 20-21 феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорону коргарон ва донишҷӯён ҳашари дастаҷаъмона баргузор гардид.
Дар рафти ҳашар саҳни донишгоҳ ва гирду атрофи биноҳои таълимӣ, кӯчаву хиёбони назди донишгоҳ тозаву озода карда шуданд. Ҳамзамон, дар саҳни донишгоҳ зиёда аз 4500 бех гулҳои мавсимӣ ва 1600 ниҳоли лигустра шинонида шуданд.