БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Бинанда: 531 | Санаи нашр: 25 Феврал 2025

Санаи 24-уми феврали соли 2025 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Бегонапарастӣ ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ” доир карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова, мудири китобхонаи донишгоҳ Давлатмо Зайниддинова, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Раҷабгул Зарипова ва раиси шӯрои занони факултети молия ва қарз Моҳрӯ Олифтаева ва донишҷӯдухтарон иштирок намуданд.

Чорабиниро Ҷамила Ғафурова ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун миллати фарҳангӣ ва фарҳангсолору фарҳангсоз муаррифӣ гардида, дар ганҷинаи фарҳанг ва тамаддуни башарият бо забону адабиёт, урфу одат, расму оин ва анъанаҳои некаш шинохта шудааст.

Насли имрӯзро дар баробари ифтихормандӣ инчунин водор менамояд, ки баҳри ҳифзу муаррифии шоистаи онҳо дар назди ҷомеа ва дигар халқу миллатҳо масъулиятшинос бошанд. Ин ганҷинаи бебаҳои ғайримоддии миллати куҳанбунёди худро омӯхта, қадр, ҳифз ва муаррифӣ намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

Сипас, Раҷабгул Зарипова суханронӣ намуда, оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамчун нишонаи фарҳанги миллии халқамон андешаҳои хешро иброз намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки бояд масъулин дар ин самт бештар ташаббус нишон дода, дар тарғиби либоси миллӣ миёни наврасону ҷавонон бо гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои кушоди намунавӣ ва мулоқоту вохӯриҳои мунтазам бо волидайни донишҷӯдухтарон фаъол бошанд.

Давлатмо Зайниддинова зимни баромади хеш иброз дошт, ки мисли оне, ки забон муаррифгари мутаалиқ буданамон ба ин ё он миллат аст, ҳамон гунаи дигар либос нишонаи дорои тамаддун будани ин ё он миллат мебошад. Аз ин рӯ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид қайд намуданд, ки “Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшиаш шинохта мешавад”.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ байни маърӯзачиён ва иштирокчиён музокира сурат гирифта, нотиқон ба суолҳои донишҷӯдухтарон ҷавобҳои мушаххас доданд. Роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова андешаҳои маърӯзачиёнро ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки миёни бонувону донишҷӯдухтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем, то ки пеши роҳи зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top