Санаи 28-уми феврали соли 2025 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ-тарбиявӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба савдои одамон” бо иштироки доираи васеи донишҷӯдухтарон баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузор намудани семинари мазкур ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан донишҷӯдухтарон аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки метавонад аз хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтодан ҳифз намояд.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева оид ба масъалаи баррасишаванда ибрози андеша карда, таъкид намуд, ки ҳар як шахс новобаста аз синну сол ва ҷинс метавонад қурбонии савдои одамон гардад. Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои нохалаф ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёд, махсусан, занонро тавассути ҳавасмандии молиявӣ ба хориҷи кишвар фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.
Дар муҳокимаи масъала мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев, дотсенти кафедра Темур Ғайратов ва роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова баромад намуда, бо овардани далелҳои мушаххас донишҷӯдухтаронро бо оқибатҳои фоҷиаовари ин асорат огоҳ намуданд.